Бахшҳо
29 май 2014 18:26Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Нома ба Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: Ба “дедовшина” хотима диҳед!

Эътилофҳои зидди шиканҷаи Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон бо ирсоли нома ба генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, хостаанд, ба муносибати ғайрионномавӣ ё “дедовшина” миёни сарбозон хотима диҳад. Онҳо дар номаи номаи худ, ки 29 май дастраси расонаҳо низ шуд, гуфтаанд, барои ҳомиёни ҳуқуқ, вакилони мудофеъ ва хабарнигорон - ҳуқуқу озодиҳо ва шаъну шарафи сарҳадбонон на камтар аз ҳуқуқу озодиҳои сокинони дигари Тоҷикистон муҳиманд.

Дар идомаи мактуб мехонем: “Мо аз 4 ҳолати мушобеҳ огоҳ шудем, ки дар давоми соли 2014 ба амал омаданд. Аз ин шумор дар 3 ҳолат ҷабрдидагон фавтиданд. Ин қазияҳои фоҷиаомез нигаронии амиқро аз тақдири наваскарон ба вуҷуд меоранд. Яке аз ҷабрдидагони чунин муносибатҳои ғайриоинномавӣ Шаҳбол Мирзоеви 22-сола мебошад, ки дар моҳи октябри соли 2013 пас аз хатми факултаи ҳуқуқшиносӣ ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ рафтааст. 6 марти соли 2014 ӯ ба нуқтаи тиббии қисми ҳарбӣ бо шикоят аз дарди дандон муроҷиат карда, аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии рутбаашон баландтар мавриди таҳқир ва латукӯб қарор гирифтааст.”

Дар номаи намояндагони Эътилофҳои зидди шиканҷаи Тоҷикистону Қирғизистон ва Қазоқистон гуфта шудааст, Шаҳболро дар моҳи май ҷарроҳӣ карданд. “Барои пардохти маблағи ҷарроҳӣ аҳли оилаи ӯ манзили истиқоматиашонро фурӯхтанд. Шаҳболро ба Тоҷикистон оварданд, аммо ҳанӯз маълум нест, оё ӯ замоне ба пой мехезад ё не”,-омадааст дар нома.

Инчунин, дар нома таъкид шудааст, “бо такя ба натиҷаҳои мониторинги Ассотсиатсияи Ҳуқуқшиносони Ҷавон “Ампаро”, ки дар соли 2011 гузаронида шуд, мо бар ин назарем, ки муносибатҳои ғайриоинномавӣ мушкили системавӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мебошанд. Сарбозони даъвати пешина чунин амалҳоро бо зарурати тарбияи навдаъватон дар рӯҳияи эҳтироми тартибу низом асоснок мекунанд. Онҳо ба таври муназзам навдаъватонро ба сифати ёварони шахсӣ истифода карда, мавриди латукӯб қарор медиҳанд, аз ғизою либос маҳрум месозанд, ҳамчунин вомедоранд, ки аз маросими ғайрирасмии пазириш ба сафи сарбозон гузаранд.”

Муаллифони мактуб дар охир аз Раҷабалӣ Раҳмоналӣ даъват кардаанд, то чораҳои зерин бидуни таъхир мавриди амал қарор бигирад:

•Эъломи оммавии он, ки муносибати ғайриоинномавӣ ва зӯроварӣ дар нисбати навдаъватон аз ҷониби сарбозони дигар нопазируфтанист ва ҳар шахсе, ки ба чунин ҷиноят даст мезанад ё ба содир кардани он бармеангезад, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад;

•Таъмини ҷуброни кофӣ ба Шаҳбол Мирзоев ва дигар ҷабрдидагони муносибатҳои ғайриоинномавӣ барои барқарорсозии саломатӣ ва офиятбахшии минбаъда;

•Таъмини тафтиши фаврӣ, беғараз ва ҳамаҷонибаи тамоми шикоятҳо оид ба муносибатҳои ғайриоинномавӣ ва зӯроварӣ дар байни сарҳадбонон. Ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми хизматчиёни ҳарбие, ки худ зӯроварӣ кардаанд ё ба он роҳ додаанд;

•Ворид кардани меъёрҳои байнулмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба барномаҳои таълими сарбозон ва давраҳои такмили ихтисоси афсарон;

•Мусоидат ба боздиди ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва рӯзноманигорон аз қисмҳои ҳарбӣ ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи сарбозон, хусусан, навдаъватон.

Зери нома масъулони ин созмонҳо имзо гузоштаанд:

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятиии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон:
Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир
Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ
Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният
Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон - асри XXI»
Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон
Маркази ҳуқуқи инсон
Маркази ҳуқуқи кӯдак
Фонди ҷамъиятии «Нотабене»
Ҳуқуқ ва беҳбудӣ

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятиии зидди шиканҷа дар Қазоқистон:
Оҷонсии маълумоти ҳуқуқӣ ва таҳқиқоти журналистии «Витяз»
Анҷумани шахсони ҳуқуқии «Иттифоқи марказҳои буҳронӣ»
Идораи байнулмилалии Қазоқистон оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният
Маркази байнулмилалии рӯзноманигории «Медианет»
Иттиҳодияи ҷамъиятии «Аруана»
Общественный фонд «Аман-саулык»
Фонди ҷамъиятии «Пизишкон бидуни марз»
Фонди ҷамъиятии «Нури умед»
Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси байнулмилалии ҳуқуқӣ»
Маркази минтақавии мусоидат ба мардумсолорӣ дар Талдиқӯрғон
Маркази хизматрасонии ВАО
Маркази дастгирии занон

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятиии зидди шиканҷа дар Қирғизистон:
Ташкилоти вилоятии ҳомии ҳуқуқи инсон «Адолат»
Фонди ҷамъиятии «Садои озодӣ»
Фонди ҷамъиятии «Лигаи ҳомиёни ҳуқуқҳои кӯдак»
Правозащитный центр «Кылым Шамы»

Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон:
Бунёди Ҳелсинки оид ба ҳуқуқи инсон (Полша)
Шарикии байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон (Белгия)
Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии Ҷумхурии Марий Эл «Инсон ва Қонун» (Русия)
Мӯҳр
99
Ба инҳо муроҷиат кора намекунад!!!
Инҳоро маҷбур кардан лозим аст. Яъне ташкилотҳои байналмилал ва мададрасон ёриро ба давлати мо дар сурати иҷро нашудани талаботашон, тамоман қатъ кунанд, чунки мададҳои онҳо фақат ба кисаи масъулон меравад, на мақсаднок! Яъне, дигар пул надиҳанд!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)