Бахшҳо

Гузориши Озода Эмомалӣ ва бурду бохти иқтисод аз нигоҳи раисиҷумҳур

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 30 май дар ҳузури мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва созмонҳои байналмилалӣ бурду бохти фазои сармоягузории кишварро ба баррасӣ гирифта, пешниҳодҳои худро ироа намудааст.

Бар асоси иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, оқои Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ хостори ислоҳоти иқтисодӣ гардидааст. Ӯ аз ҷумла ба масъалаи суғурта ё бима дар Тоҷикистон дахл карда, яке аз омилҳои рушд накардани ин бахшро шароити нобаробари ширкатҳои суғуртавии давлатӣ ва хусусӣ арзёбӣ кардааст.

“Аз аввали соли 2014 дар ҷумҳурӣ 16 ширкати суғуртавӣ ба аҳолии кишвар хизматрасониҳоро анҷом додаанд, ки аз ин теъдод 2 ширкати суғуртавӣ давлатӣ буда, 14 ширкати боқимонда ширкатҳои хусусӣ ба ҳисоб мераванд. Дар баробари ин, ба ду ширкати давлатии суғуртавӣ қариб 97 фоизи шартномаҳои суғуртавии басташуда ва 51 фоизи маблағҳои ҷалбшудаи ҳаққи суғуртавӣ рост меояд, ки аз сатҳи баланди марказонидашудаи бозори суғурта ва ривоҷи рақобати номукаммал дар он шаҳодат медиҳад”,-афзудааст раисиҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон бо зикри ин ҳарфҳо ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия ва дигар ниҳодҳои зидахл супориш додааст, масъалаи амалӣ намудани хизматрасониҳои суғуртаи ҳатмӣ аз ҷониби ширкатҳои хусусии суғуртавиро баррасӣ ва амалӣ намоянд.

Дар ин ҷаласа Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, Шариф Раҳимзода – вазири рушди иқтисод ва савдо, Раҳмон Озода Эмомалӣ – муовини аввали вазири умури хориҷӣ ва Абдуҷаббор Ширинов – раиси Бонки Миллӣ баромад кардаанд. Озода Эмомалӣ ба раисиҷумҳур дар бораи раванди шомилшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага ё худ Конвенсияи Апостил оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ ва ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон гузориш додааст. Эмомалӣ Раҳмон дар пайи шунидани гузориши Озодаи Эмомалӣ ба вазоратҳои умури хориҷӣ, адлия ва молия супориш додааст, то охири нуҳмоҳаи соли ҷорӣ пурра ба анҷом расонидани расмиёти шомилшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи мазкур тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, аз натиҷааш ахборот пешниҳод намоянд. Зеро, ба гуфтаи ӯ, “тибқи муқаррароти Конвенсия, ҳуҷҷатҳои сармоягузорони хориҷӣ дар Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои соҳибкорони Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷии шомилшуда бе расмиёти дохилӣ эътироф карда шуда, инчунин барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар кишварҳои шомили Конвенсия содда ва камхарҷ мегардад.”

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар охири суханронияш пешниҳод кардааст, ки дар ҷаласаи оянда масъалаи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат, дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва рушди иқтисоди миллӣ аз мавзӯи меҳварӣ бошад: “Маҳз рушди саноат обрую нуфузи иқтисодӣ ва сиёсии давлатро боло бурда, давлатро ҳамчун шарики устувор муаррифӣ мекунад. Кишвари мо аз лиҳози сарватҳои табиӣ, маъданҳо ва канданиҳои фоиданок ва обҳои мусаффо ғанӣ мебошад... Вале бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла номукаммал будани қонунгузорӣ, камбудиҳои инфрасохторӣ ва дигар омилҳо, захираҳои табиии кишвар барои беҳтар гардонидани зиндагии аҳолӣ ба таври кофӣ истифода бурда намешаванд.”
Мӯҳр
Рочеъ ба номукаамалии конунҳо ва мухолифати онхо саркунони кишвар дар васоити ахбори омма зиёд гуфта шуд, вале макомот хомуши ихтиёр карда буд. Инак бори нахуст президенти кишвар худ низ эътироф кард, ки яке аз сабабҳои асосии самаранок истифода нашудани имкониятхо ин аз "номукаммал будани қонунгузорӣ, камбудиҳои инфрасохторӣ ва дигар омилҳо" ба хисоб меравад. Аз чумла Кодекси андози нави кишвар имруз аз Конунхоест, ки дар бораи он бо овардани мисолои мушаххас исбот намуданд, ки моддахои зиёдаш на танхо мухолифи хамдигар, балки мухолиф ба сарконун аст.
Вокеан камбудии асоси мо имруз махз аз хамин номукамммалии конугузори содир мешаавнд, ки гуиё онхоро на хуккшинос, балки ягон нафари дур аз конун навишта бошад. Коунхоро мо бояд мукаммал кунем, ана он гох вокеан инвестится ба Точикистон ворид хохад шуд.

22 sol hast ki hami gapa guftestai...

Чон
Салом,

Бовар кунед хаста шудааем аз хамин сармоягузори.

Дар ин давлат нест ягон хукукшиносии бо савод ки пеш аз оне ки ягон конунроо мебароран бояд авал нигох кунан ки бар хилофи ягон кор нест ме... Ман дар инчо аз боло то ба поёро гунахкор мехисобам. шармандаги заст мо дар асри 21 зиндаги дорел лекин то ба хол нест ягон сохторе ки хамаи корхои сармоягузоронроо пеш барад. Ман ба маънои он мегуям, ки сармоягузоронроо агар худи чаноби оли даст гири накунан дигар аз дасти дигар одам ягон чиз намеояд.

авс
Як гуфта гузаштанд, ягон навигари намешавад. 23 сол афсона мехонанд, барои халки одди кореро анчом надодаанд ва дар оянда низ нахоханд дод. Фоида надорад.

Чаро РАҲМОН ОЗОДА ЭМОМАЛӢ менависанд. Маълум мешавад, ки системаи шиносномаи Тоҷикистон номукаммал аст, камбудии ҷиддӣ дорад. Шояд аз ин хотир бештари шаҳрвандон барои гузаштан ба ному насаби бобоӣ намешитобанд. Бибинед, мо "ному насаб" мегӯем, наинки "насабу ном". Мо шиносномаро тоҷикӣ кардаем, вале шакли пуркунии он русӣ боқӣ мондааст, яъне аввал насаб, баъд номи худ ва сипас номи падар. Дар натиҷа кор дар шакли дар боло зикршуда ранг гирифтааст, хандаовар. Магар вақти он нарасидааст, ки ҳуҷҷатгузориро дар асоси суннатҳои байналмилалӣ анҷом бидиҳем; аввал исми худ, дар байн номи падар ва дар охир номи хонаводагӣ, яъне фамилия. Он вақт номи хонум Озода ин тавр мешуд: ОЗОДА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. Дар шакли англисӣ: OZODA EMOMALI RAHMON (шакли дурусташ ин тавр аст: AZADA EMAMALI RAHMAN, вале ба ин шакл дар Тоҷикистон одат накардаанд). Дар гуфтугӯ одатан шакли хонум Озодаи Эмомалӣ ривоҷ аст. Маълум аст, ки низоми ташкили давлатдорӣ кори осон нест, дар як рӯзу ду рӯз намешавад. Вале оҳиста-оҳиста хатоҳои маъмурӣ бояд ислоҳ гарданд, низом такмил ёбад, то мардум онро бипазиранд ва думболи он раванд. Тарбияи ғурури миллӣ аз ҳуҷҷату ҳуҷҷатгузорӣ сар мешавад.

Беҳтарин кор дар кишвар ҳамин пуштибонӣ аз коркунон ва сармоягузорони тоҷки ва касоне ки як корхона ва ё як осиёберо ба кор меандозад ёфт намешавад. Лизо бо пуштибонии хуби давлат ва саҳнаро танг накардан барои коркунон ва соҳибкорони тоҷки, иқтисоди давлат дар тайи чанд соли кӯтоҳ равнақ пайдо мекунад. Масалан Ҷумҳури Чинро дар назара гиред ҳатто мардум дар зерзамини хонаҳояшон корхонаи духти кафш ё дигар чизро роҳандозӣ карда кор мекунад. Ҳукуматашонҳам пуштибонӣ мекунад. Коре шавад ки мардум дар ҳамин даруни кишвар кор кунанд на инки сармояҳои худро гирифта рафта дар кишварҳои дигар кор кунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)