Боздиди Раҳмон аз боғе, ки 8 сол пеш ниҳол шинонда буд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз боғи 15-солагии истиқлоли Тоҷикистон дидан кард.
Тавре торнамои президенти кишвар хабар медиҳад, “ин боғи 450 гектара пурра ба ҳосил омада, соли дуюм аст, ки аз он ҳазорон нафар ризқи фарох ҳосил мекунанд”. Ба иттилои манбаъ, аз 450 га, 130 гектараш боғи навъҳои содиротии гелос аст, ки 100 гектараш ҳосилдеҳ шудааст. 30 гектари дигар соли оянда ба ҳосил меояд.
“Зикр гардид, ки ҳар як гектари боғ ба аҳли як оила иҷора дода шудааст ва ҳамин тариқ дар он беш аз 2400 нафар соҳиби кор мебошад. Дар мавсими ҷамъоварии ҳосил бошад, ҳар як иҷоракор боз 5-6 қувваи кории иловагӣ мегирад, ки беш аз якуним ҳазор нафари дигар мешавад”,-меафзояд манбаъ.
Торнамои менависад, ки аз ҳар гектар боғи гелос то 6 тонна ва аз 100 гектар 600 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ мешавад, ки ҳосили хеле фаровон аст ва нисбат ба ғаллакории пешина даҳҳо баробар фоидааш зиёд аст. Ҳосили гелос соли дуюм аст, ки ғайр аз бозорҳои Душанбе ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон ба Русия, Қазоқистон, Чин ва дигар давлатҳо бароварда мешавад.
Бунёди боғи 15-солагии истиқлоли Тоҷикистон 18 феврали соли 2006 оғоз шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |