Бахшҳо

Латту кӯби Меъроҷ барои он ки формаи мактабӣ нахаридааст

Саидхон Азизхонов, як сокини ноҳияи Ашти вилояти Суғд, ки дар ҳоли ҳозир дар муҳоҷирати корӣ қарор дорад, бо ирсоли номае ба унвонии “Озодагон” кумак хостааст. Ӯ дар номаи худ менависад, рӯзи 26 майи соли ҷорӣ Аҳрор Мирзоҷонов, омӯзгори тарбияи ҷисмонии мактаби рақами 42-и ноҳия, писараш – Меъроҷро барои он ки либоси ягона (форма)-и мактабӣ надоштааст, задааст.

Ба қавли Азизхонов, дар натиҷа майнаи сари Меъроҷ осеб дида, ҳоло ӯ дар бемористони марказии Ашт, воқеъ дар шаҳраки Шайдон, бистарӣ мебошад. Ин сокини Ашт, ки номаи худро дар муҳоҷират навиштаву баъдан телефонӣ бо мо сӯҳбат кард, гуфт, нав вориди Русия шуда, ҳанӯз пул кор накардааст ва аз ин рӯ натавониста буд барои харидории либоси ягонаи мактабӣ ба писараш пул фиристад.

“Дар нимаи дувуми моҳи май маъмурияти мактаб аз талабагон талаб кардааст, ки либоси ягонаро аз мактаб харанд. Вақте писарам ин хабарро ба ман расонд, гуфтам, ки ҳозир маблағ надорам ва таҳсил ба охир расида истодааст, формаи мактабиро моҳи сентябр мехарам. Дере нагузашта ин ҳодиса рух дод”,-афзуд ӯ.

Азизхонов мегӯяд, агарчӣ латту кӯби писараш аз сӯи Мирзоҷоновро муаллимаи ибтидоӣ -- Ҳадиса Ҳаитова ва дигарон низ дидаанд, аммо чорае наандешидаанд. “Баъд аз ин ҳодиса рақами телефони директори мактаб Насибҷон Қодировро ёфта, 27 май ба ӯ занг задам ва дар бораи ин ҳодиса пурсидам. Гуфтам, ки дар Тоҷикистон ҷои кор надорам ва ба Русия ба наздикӣ омадам. Ҳоло кор наёфтаам ва аз куҷо пул ёфта, формаи мактабиро мехарам? Ӯ ба ман гуфт: “Мошинаатро фурӯхта, формаи мактабиро гир”,-нақл кард Саидхон Азизхонов.

Падари Меъроҷ мегӯяд, баъд аз он ки гуфт, аз рӯи ин ҳодиса ба додситонӣ шикоят мебарад, сарвари мактаб дарҳол роҳи мусолиҳаро пеш гирифтааст: “Гуфт, ки ин хел накун. Ҳамаамон аз як маҳаллаем. Ту на пули мактабро деҳу на формаи мактаби гир. Мо чораи ин муаллимро худамон мебинем. Вале то ҳол ягон чорае надида, аз ҳоли писарам низ напурсидааст.”

Баръакс, ба гуфтаи Саидхон Азизхонов, баъд аз бистарӣ шудани Меъроҷ дар бемористони марказӣ директори мактаби рақами 42 ба хонаи падари ӯ омада гуфтааст, “агар аризаатонро аз додситонӣ нагиред, 8-10 муаллим бар зидди Шумо мактуб тайёр мекунем”. Дар ҳоле ки ба гуфтаи Азизхонов, онҳо то ҳол ба ягон ниҳод барои расидагӣ ба қазияи писараш муроҷиат накарда, додситониву пулис дар ин бора аз табибон иттилоъ гирифтаанд. “Азбаски рӯзҳои наздик бо сабабҳои иқтисодӣ ба Тоҷикистон рафта наметавонам, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ба ман роҳнамоӣ кунед ва барои ба ҷавобгарӣ кашидани ин афрод, ки боиси бистарӣ шудани писарам гардидаанд, кумак кунед”,-дар охири номааш хоҳиш кардааст Саидхон Азизхонов, сокини ноҳияи Ашт.
Мӯҳр
Дар мактаби 42 бука бисёр. Директори мактаб гапаш ба Ахрор намегузарад. Харидории формаи мактаби бояд аз соли хониши нав сар шавад, аммо дар ин мактаби Ашт бардак шудааст. Вазифаи додситони тафтиш кардан мебошад. Ариза нависед. Наход муаллим талабаро занад? Директор хам бояд чавоб гуяд, барои интизоми сусти зертобеонаш.

Точикаму дар Ватани худ мутахамам,
Ё ба точик рафтааст хато таввалуд шуданам ,

точик
Ин мусибат аст мусибати миллат мусибати вазорати маориф, шармандаги((((((((((((((((((((((((((((((

Мухаммад
Ман ба чои ин падар мешудам ба хеч кас мурочиат намекардам меомадаму хамунхел латукуб мекардам ин муаллима

SHOGIRD
mardum ba dod omadaast az dasty in konunhoi be ma,neu befoidai Maorfchiyon . Dar yagon kunji dunyo dar maktabho ba saru libosy talaba kor namegiran fakat savod savod savod,man namedonam in maorify mo az osmon aftyda boshad yo HUDO ba TJ kumak kun. SHarmanda karded lekin millaty tojika az pushty konuhoi bema,nei shumo boz yak zina sari milat ham shudaast.

ба чои либос аввал ба донишаш ахмият медоданд сар карда аз маъорифаш то майдатарин муаллимаш

Мухаммад
Ман хайрон назар мекунам бар дигар давлатхои пешрафтаи дунё ки ба хамика пешравишон ки ягон камбуди надоранд бозхам дар фикри пешравиян ёинки заминро монда ба кохинот рафта истодаанд инхо бошанд дуби куртаву буруку ришу саларо гирифта гаштанд.

Демократия чист ин озоди мебошад лекен нест дар душанбе Зулмкратиямеблшад зулм ба халки бечорай камбагал ин охири замонаст нишонахои омад омади хари дачол мебошад хар сахар хез Худоро ёд кун

Сино
Салом!

Мардум нони хурдан надоранд, аз кучо либос мехаран? калатона кор фармонен конунбарорхо!

Ба доситон асли воқеъаро бигӯед. Директорони мактабҳо алъон худашон шоҳу таъбашон вазир шудааст. Муаллимони қаторӣ аз падару модарон бо кучактарин баҳона пул меситонанд. Аз он ҳатман ба директор мерасад, аз ин хотир директор ҳамеша тарафи муаллимашро мегирад. Солҳои охир ин хел ҳодисаҳо хеле зиёданд. Дар макотиби Душанбе ҳатто муаллимаҳои синфҳои ибтидоӣ талабагонро бераҳмона мезананд - бо чӯб (указка), ҷадвал, китоб. Бо кунҷи китоби алифбо (он китоб хеле калон аст) дар сари кӯдак мезананд, вале касе аз болои онҳо шикоят намебарад. Директорҳо адвокаташон. "Ҳеҷ кас талабаро намезанад",- гӯён сиёҳро сафед гуфта, меистанд. Рости гап, мактабҳо даҳшат шудаанд. Ягон ҷанбае нест, ки лойиқи таъриф бошад. Алъон мавсими имтиҳонот аст. Барои имтиҳон, гуён, аз ҳар талаба аз 30 то 50 сомонӣ (маҷмӯъ: 900-1500) сомонӣ дар як синф) пул ҷамъ мекунанд. Муаллиме, ки нони талабаро мехӯрад, пас, ӯ чӣ тавр ба талаба баҳои холисона мегузорад? Як фикр кунед? Магар аз ин фасод Вазорати маориф хабар надорад? Албатта ки, дорад! Чӣ тавре дар урфият мегӯянд: "ОБ АЗ БОЛО ЛОЙ МЕОЯД!"
Ба Саидхон Азизов гуфтаниям, ки аз чизе натарсида, ба додгоҳ шикоят барад. Инонро як бор дурустакак ҷазо додан даркор, токи талабаро "шумо" гуфта, муроҷиат кунанд. Дар омади сухан: директори он мактаб чӣ ҳақ дошт, мактабро ба бозор табдил дода, онҷо либоси мактабӣ фурӯшад. Боз дар моҳи май! Касе аз куҷо хоҳад, либос мехарад. Мағозаҳо пури либос. Албаттаки, директор бефоида либосфурӯшӣ намекунад! Ҳамин тарафи масъаларо сахт бигиред. Ба фарзандатон ҳарчи зудтар шифо мехоҳам. Аз он муаллим ва директор нафратам бархест. Чӣ қадар замона вайрон шудааст! Касе ба доди мардум намерасад. Асрҳои миёна дубора баргаштааст... Шоҳу амиру маъмурин ҳамеша ҳақ....

Талаба
Озодагон, шумо номаро нашр кардеду тамом? Бо муаллиму директор вохуред, аз вазир интервю гиред. Хап нашинед.

Шер
Форма хар агар нахари зада-зада мефурушем фахмиди?

Мухтарам Вазири Маориф Нуриддин Саидов шумо вазифадоред ки шахсан ба нохияи Ашт сафар кунед. Шумо худатон фарзанди ба чунин хол доред . Барои ки Худо ба Шумо ва фарзандони Шумо рахм кунад бояд ба ин нохия рафта директори мактабро ба истеъфо фиристед ва барои даст доштан бо ин чинояткор хардуи онхоро ба махкама фиристед. Вакте дар донишгохи милли моро дарс медодед мегуфтед ки касе маро норохат кунад худо уро мезанад чун ки панч вакт намозам тарк нест. Бинобар ин Худоро бори дигар ёд кунеду аз паси ин казия шавед.

Точно такая же история происходит и в худжандских школах например в школе ЛИТСЕЙ 1

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)