Бахшҳо
03 июн 2014 11:15Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Ҷалби пулис ба ҷамъоварии ҳаққи барқ дар Суғд

Дар пайи ҷалби маъмурини пулис беш аз 2 миллион сомонӣ ҳаққи барқ аз муштариён дар Суғд ҷамъоварӣ шудааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, зимни як амалиёти махсус шабакаҳои барқии вилоят таҳти санҷиш қарор дода шуданд: “Дар натиҷаи 48 амалиёти гузаронидашуда, 45 корхонаю муассисаҳои шакли моликияташон гуногун ва 152 нафар муштариён зери санҷиш қарор дода шуда, ба миқдори 2 миллиону 41 ҳазору 42 сомонӣ маблағи қувваи барқи истифодабурдашуда барқарор гардид.”

Ин дар ҳолест, ки ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, муштариёнаш аз барқ беш аз 700 миллион сомонӣ қарздоранд, ки қисми зиёди он ба аҳолӣ рост меояд. Аммо Оҷонсии зидди фасод ахиран дар пайи санҷиш дар Душанбе ва навоҳии тобеи марказ эълон намуд, ки бисёре аз қарзҳо, ки “Барқи тоҷик” бори мардум кардааст, беасосанд. Ба иттилои ин ниҳод дар ҳисоботҳо бисёре аз маблағҳо, ки гум шудаанд, ҳамчун қарзи аҳолӣ сабт шудаанд.
Мӯҳр
Адл
Оҷонсии зидди фасод дуруст кайд кардааст, ки бисёре аз қарзҳо, ки “Барқи тоҷик” бори мардум кардааст, беасосанд. Чунки агар муштариён аз хисоби шахрвандон маблаги карзро насупоранд, баркро дар хонахои онхо бе карори суд хам катъ мекунанд. Маблағи қувваи барқи ҷамъоваришуда гум шуда бошад, пули чамъовардашударо контролёрхои пулчинак барои худашон сарф кардаанд. Савол: барои чи контролёрхо саъй мекунанд пули баркро ба онхо дода шавад. Чавоб: барои он, ки контролёрхо квитансияхои калбаки доранд ва бо ин рох пули баркро аз худ мекунанд. Ин корхо дар водоканал ин тарзи каллоби зиёд аст. Оҷонсии зидди фасод инхоро бояд ёбад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)