iOS8 ва OS X Yosemite: Системаҳои омили нав аз Apple
Ширкати Apple якбора ду системаи омили худро муаррифӣ кард. Системаи омили нав iOS8, ки барои таҷҳизоти мобилӣ ва планшетҳои ин ширкат пешбинӣ шудаанд, шуруъ аз тирамоҳи имсол барои дорандагони ин таҷҳизот бепул дастрас хоҳад буд.
Ба назар мерасад, он давраи муд (модда) ва шики iOS7-ро нуқта мегузорад. Бо дарназардошти рӯнамоии Samsung Galaxy K Zoom дар Тоҷикистон, ки чанд рӯз пеш баргузор шуда буд, хусусияти фарқкунандаи системаи омили нав имкони идораи дастии аксбардори телефон ё планшет аст.
Инчунин, навгониҳои зерин қобили қайданд:
“Дастрасии оилавӣ” барои ба иштирок гузошатни харид, аксу тақвимҳо миёни аъзои оила;
iCloud Drive барои нигаҳдории файлҳо ва дастрасӣ ба он аз ҳар ҷой бо 5 гигабайт хотираи бепул;
Handoff – барои шуруи кор дар як таҷҳизот ва анҷоми он дар дастгоҳи дигар.
Apple ҳамчунин системаи омили OS X Yosemite барои компютерҳои Mac рӯнамоӣ кард. Дизайни он нисбат ба системаҳои қаблӣ беҳтар шуда, имконоти он низ бештар гардидааст. Қабл аз ҳама, созандагони барномаҳои гуногун аз навгониҳо шод хоҳанд буд: SpriteKit воридсозии ҳаракатҳо, физика ва рӯшноии ба ҳақиқат наздикро ба бозиҳо осон намуда, SceneKit ба ҳар созанда имкон медиҳад, бозиҳои себуъдии соддаро созанд. Ҳамчунин, имкони Handoff илова шудааст.
Версияи пешакии системаи омил барои созандагон-аъзои барномаи Mac Developer Program алакай дастрас аст. Дар доираи бета-санҷиши системаи омил, шуруъ аз тобистони имсол имкон пайдо мешавад хоҳишмандон онро насбу истифода карда, таассуроти худро ба ширкат расонанд ва версияи охирини онро бепул тирамоҳ дастрас намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |