Бахшҳо

ВИДЕО: Боздошти як муллои ҳисорӣ барои таълимоти динии бе литсензия

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Ҳакималӣ Низомов, як сокини ноҳияи Ҳисорро, барои таълими динии бидуни иҷоза дар манзилаш боздошт намудааст. Ба иттилои масъулони ин ниҳод, оқои Низомов гӯиё ба ҳаштод наврас таълими динӣ дода, баъзан онҳоро зери шатта мегирифтааст ва ё бо қамчин ба ангуштонашон мезадааст.

Манбаъ мегӯяд, сабақомӯзони Низомов аз навоҳии мухталифи кишвар, аз ҷумла Ҳисор, Панҷ ва шаҳри Душанбе будаанд. Дар барномае, ки шоми 3 июн аз тариқи телевизонҳои давлатии Тоҷикистон пахш гардид, гуфта шуд, ки Абдураҳмони 8-сола, зодаи ноҳияи Панҷ, Толиб Баҳодурови 12-сола ва Абдурауф Алихоҷаеви 13-сола –сокинони шаҳри Душанбе мунтазам аз ҷониби Қорӣ Абдураҳмон, Қорӣ Субҳиддин, Қорӣ Ризвон ва Қорӣ Аҳкомиддин -- шогирдони бузургсоли Низомов мавриди латту кӯб қарор гирифта, захмҳои гуногун бардоштаанд.

Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, “таълимоти Низомов дур аз фарҳангу маданияти тоҷикон буда, наврасонро ба роҳи бад мебарад”. Ҳоло бар асоси моддаҳои 164 ва 117-и Кодекси ҷиноӣ алайҳи Ҳакималӣ Низомов парванда боз шуда, тафтиш идома дорад.


Мӯҳр
Яъкуб..Душанбешахр.
Ин Хукумат аз дин фарсахо дур шудааст.Ман медонам ин Муллоро ва шогирданаш инхо танхо таълими дини медод ягон хел лату куб нест.Ин Кори дар даврони собик Шурави хам дарс медод наврасонро ва он комунистони бедин ( атеист ) хеч коре надоштанду чизе намегуфтанд.Имруз инхо чор мезананду аз Ислом сухан мекунанд(Соли бузурдошти Имом Аъзам ва Имом Газоли) вале аз он бединхо (атеист) диди инхо бо Исломи азиз душмани меварзанд.

Эълон - эълон
Медонед аз хама чое, ки барои таълим гирифтан хуб аст ва ба рохи бад намебарад кучо аст? мактабхои миёна дар точикистон! медонед барои чи?
барои онки:
1 - аз хонандагон пули мохона талаб намекунанд
2- аз хонандагон барои парда, краска, пол, лампочка, тирезаи синфхона, фарш, охак, хулоса таъмири мактаб пул намегиранд
3- муаллимхову муаллимахо талабахоро шаттакори нмекунанд ва падарлаънат намегуянд
4- барои ден рожденияи директор, муаллимон ва муаллимахо тухфахои аз сад сомони боло талаб намекунанд факат мегуянд харчи кадар дилатон хост биёред
5- шарт нест бо либоси ягонае ки аз тарфи корхонаи ким кадом мансабдори наздик ба боло духта шудааст ба мактаб биёянд
6- факат ба донишу илм таваччух мекунанд ва ба сару тани шумо кор надоранд
7-рафтору хуйи гуломиро дар талабахо эчод намекунанд чунки муаллимхо худашон маоши болотар аз 300 доллар мегиранд ва ба пули падари хонандахо эхтиёч надоранд
8- намегуянд, ки камбагал нашуда мур, намегуянд ки мурда мурда пул биёр чунки камбагалии точикро медонанд
9- вакте ба шумо гуфтанд барои ден рожденияи муаллима пул биёр агар наоварди дар пеши талабахо шармандаву сурху кабутат намекунанд, зеро хукумати "хирадмандона"- и мо муаллимхоро дар рухияи ватандустиву одамдусти парвардааст нагуломиву талбандаги
10- намегуянд ки ду се руз баъд ба мактаб комиссия меояд ва ба талабахо супориш намедиханд,ки барои комиссияхо дар хонахоятон торт, ош, шурбо, гуштбирён пухта биёред, зеро комиссияхо дар фикри ояндаи миллату давлатанд на дар фикри шикаму нафс, онхо барои санчидани саводи талабахо меоянд на шикамсеркуни.....................

Дар бисёри мактабхои миёнаи точикистон дапси хубе нест. иловабарин чавоонон бадахдок мешаванд духтархо бисёраш ба танфуруши даст мезананд.
Аслан ман худам мактабро дар точикистон тамом кардаам вале намехохам ки фарзандонам дар мактабхои Точикистон таълим гиранд.
барои онки дар мактабхои точикистон бачои илм омухтан чавон баракс бадахлок мешавад.

муслим
Ин кори бехтарин шахс амт ки шогирдони у дар дубай дар масква чои махсус ро гирифтан ки ин ба ифтихори миллат аст на ин мактабхои фахшу фохиша мисли мактаб як праситутсиёни ки дигар духтари бикр намондай хар шаб истифода мебаранд ин кори и бечора ки бо сад машакат дарс медихан ин чиноят будай ин хама як душмани бар зиди худову расул мебароянд ки инша аллох муафак намешаванд

мардикор
онхоеки худашонро метарконан азпушти динашон медонан кучо мераван шуморо худо занад намемунед ки як мулло дарси дини дихад оянда хамаро монанди худатон гумрох кардан ин максади асосии шумо фиравнчахо ки 50 70 сол умр мебинед ку акалан падаркалонатонбарин 900сол умр медидедхам одамонро боин дуругатон бовар кунонда наметавонед бошарм надошта худро мусулмон хисоб мекунед

Акбар
...Чабри УСТОД бех зи мехри ПАДАР!

Дар хакки чунинхо дар асл харфи кабехтаринро хам гуфтан хайф аст, аммо лом нагуфтан низ гунох аст. Танхо монанди худашон тарики дуо мегуем: Шикаста бод он дасте, ки ба кудакони гумрохкардаатон бардоштед.

м
охир ин таьлим аз мактаби миена бех аст шумо навори бе илмии беахлокии мактабои миенаро хам нишон дихед бад мо казоват кунем чи бад асту чи нек мухтарам нишон дихандаи навор

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)