Бахшҳо
04 июн 2014 11:09Тоҷикистон / Сиёсат

Ҳимояти Кабирӣ аз имтиёз ба судҳо ва мухолифати Суҳроб Шарипов

Парлумони Тоҷикистон, имрӯз, 4-уми июн, бо қабули қонун дар бораи суди конститутсионӣ дар таҳрири нав ба додрасҳо имтиёзҳои навро ироа кард.

Маҳкам Маҳмудзода, раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон зимни муаррифии қонун дар таҳрири нав гуфт, тибқи муқаррароти нав судҳои констутсионӣ аз ҷумла бо хонаи давлатӣ таъмин мешаванд ва баъди 10 соли фаъолияташон соҳиби комилҳуқуқи он мегарданд.

Аммо Суҳроб Шарипов, вакили парлумони Тоҷикистон аз ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ мухолифи ироаи имтиёзҳо ба додрасҳои алоҳида баромада, суол гузошт, ки чаро имтиёзҳои зиёд ироа мешаванд, ки баробар ба қаҳрамонҳои Тоҷикистон мебошанд?

Аммо Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон додани имтиёзҳо ба додрасҳоро ҳимоят карда, изҳори умед намуд, ки чунин имтиёзҳо барои фаъолияти мустақилу мунсифонаи додрасҳо мусоидат хоҳанд кард.

Маҳкам Маҳмудзода изҳор дошт, ки имтиёзҳо тибқи муқаррароти нав танҳо ба судҳои конститутсионӣ рабт доранд ва афзуд, ки чунин имтиёзҳо заруранд, чун додрасҳо бояд аз кафолати иҷтимоӣ бархӯрдор бошанд.

Тафсилоти баҳси имтиёз ба додрасҳо базудӣ нашр мешавад
Мӯҳр
Сарроф
Шармандаги,макомотхои дигари хифзи хукукро бинед,аз набудани маоши лозима,кисме кииссабур,кисми дигар бизнесмени пинхони гаштаанд.О чумхуриро пурра мардикорон чамъан бо 7 миллиард долларашон (4.2 миллиард тарики бонкхо,2.8 миллиард долар тарики кисса ва мошину чизу чора)хамасола мехуронанду мепушонанд.Намешавад,ки маблагхои грантиро 100 карата зиёд маош ба мардум дихед.Чи гуна як корманди хифзи хукук бо 1000 сомони зист мекунад?Хохед нахохед у дуздак ва рохзан хохад шуд.Дуздак ва рохзан бошад миллат надорад.Дар дилхох фурсат хамаро мефурушад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)