Бахшҳо
04 июн 2014 11:19Тоҷикистон / Сиёсат

Сисӣ ба қасамёдкунияш Руҳониро даъват кард, Э.Раҳмонро чӣ?

Ҳасан Руҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, барои иштирок дар маросими савгандёдкунии Абдулфаттоҳ Сисӣ, ҳамтои тозаинтихоби мисрияш ба Қоҳира даъват шудааст. Иҳоб Бадавӣ, сухангӯи раёсати ҷумҳури Миср, бо тасдиқи ин хабар дар суҳбат бо Reuters гуфтааст, Руҳонӣ ҳамчун раисиҷумҳури Эрон ва раҳбари Ҷунбиши адами тааҳҳуд ба ин маросим даъват гардидааст.

Бадавӣ дар шарҳи гуфтаҳояш илова кардааст, ҳанӯз Қоҳира дар робита ҷавоберо аз Теҳрон нагирифтааст ва расонаҳои эронӣ низ дар робита хабареро нашр накардаанд. Ба иттилои Шабакаи телевизионии “ал-Ҷазира”, маросими қасамёдкунии раисиҷумҳури тозаинтихоби Миср интизор меравад, рӯзи якшанбе - 8 июни соли ҷорӣ баргузор шавад.

Абдулфаттоҳ Сисӣ 60 сол дошта, дар гузашта ба ҳайси вазири дифои Миср ифои вазифа кардаасту аз моҳи августи соли 2012 то 27 марти соли ҷорӣ, дақиқтараш қабл аз эълони номзадияш дар интихоботи ҷорӣ симати сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи кишварашро бар дӯш дошт. Ҳамзамон раҳбари Шӯрои олии қуваҳои мусаллаҳи Миср ба шумор рафта, аз 16 июли соли 2013 то моҳи марти соли ҷорӣ курсии муовинии нахуствазирро низ дар ихтиёр дошт. Ӯ таҳсилдидаи таълимгоҳҳои низомии Бритониё ва Иёлоти Муттаҳидами Амрико мебошад.

Сисӣ асосогузори кудетои низомӣ дар Миср мебошад, ки моҳи июни соли гузашта мунҷар ба барканории Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури “ғайринизомӣ”-и ин кишвар шуд. Вай дар интихоботи ғайринавбатии 26 майи раёсати ҷумҳури кишвараш баъд аз кудетои низомӣ иштирок карда, ба ягона рақиби худ Ҳамдейн Сабоҳӣ, муассиси Ҳаракати мардумӣ даст боло шуд. Кумитаи марказии интихоботи миср рӯзи 3 июн бо эълони натоиҷи интихобот гуфт, Сисӣ дар ин корзор тавонистааст, 96,91 дар сади орои мардумро ба даст орад. Дар ҳоле, ки ба иттилои манба, Сабоҳӣ танҳо 3,9%-и овозҳоро соҳиб шудааст.

Бо эълони натоиҷи интихобот Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Сисиро бо пирӯзияш табрик гуфта, омодагии худро барои рушди равобити Душанбеву Қоҳира баён дошт. Дар баробари ӯ, бархе аз руасои кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Имороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Кувайт ва Шоҳигарии Урдун низ аз пирӯзии Сисӣ истиқбол намуда, ба ҳайси раисиҷумҳури Миср таъин шуданаш табрик гуфтаанд. Малик Абдуллоҳ ибн Абдулазиз, шоҳи Арабистони Саудӣ дар номаи табрикотияш ба унвони раҳбари тозаинтихоби Миср пирӯзии ас-Сисиро дар интихобот рӯзи таърихӣ хонда, хостори баргузории конфронси эҳдокунандагон шудааст. Шоҳи Арабистони Саудӣ аз ҳамтоёни худ даъват кардааст, ки Мисрро барои берун рафтан аз буҳрони иқтисодияш кумак кунанд: “Ба самъи бародарону дӯстон дар саросари олам мерасонам, ки имрӯз Мисри арабҳову Ислом барои берун рафтан аз бунбаст ба мо ниёз дорад.”

Бо ин ҳол, то кунун мақомоти Тоҷикистон нагуфтаанд, ки оё Эмомалӣ Раҳмон низ ба маросими қасамёдкунии раиси ҷумҳури нави Миср даъват шудааст ё не. Мусоҳибони мо дар дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ва Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон сукутро дар ин замина авло донистанд.
Мӯҳр
Ирон ки таваччух дошта бошад, Сиси шиамазхаб аст............

Абдуллох
Озодагон сисиро хамчун президенти конуни кабул дори чи? Шарм нокарда президенти тозаинтихоб навишти.

haqgu
ooo in khoin 11.82 foiz ovoz giriftay ki iraraisi jumhurii misr monday o 88 foiz mardum ay rush bezorand ozodagon agar ozod boshi inro chop kun agar tu ham baroi chop kardan az bolo farmon giri nomta ivaz kun

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)