Amnesty International: Ҳомии ҳуқуқи туркман дар ҳоли марг қарор дорад
Мақомоти Туркманистон бояд парвандаи ҳомии ҳуқуқро, ки баъди ду ҳафтаи гуруснанишинӣ дар садади марг қарор дорад, барои бозбинӣ бифиристад, гуфта мешавад дар изҳороти “Amnesty International” .
“Мансур Мингелов аз 19 май ба ин сӯ бо нишони эътироз аз истеъмоли ҳама гуна ғизо даст кашидааст. Табибон вазъи ӯро хеле бад арзёбӣ кардаанд”,-омадааст дар изҳорот.
Додгоҳ Мингеловро дар паҳн кардани маводи мухаддир ва маводҳои фаҳшои кӯдакон муҷрим шинохта, 22-сол аз озодӣ маҳрум кард. “Мансур Мингеловро баъди он ки нақзи ҳуқуқи ақалиятҳои қавмӣ аз сӯи пулисро ошкор намуд, дар пайи баррасии додгоҳии ғайриодилона ҳабс карданд”,-гуфтааст Денис Кривошеев, муовини раҳбари барномаи Amnesty International дар Аврупова Осиёи Марказӣ.
“Мақомоти Туркманистон метавонад аз марги ӯ пешгирӣ кунад, агар уҳдадориҳои худро иҷро намуда, баррасиҳои одилонаи додгоҳиро таъмин созад”,-навиштааст Amnesty International.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |