Бахшҳо

1000 $ барои квотаи президентӣ? Даъвои Рӯзӣ Холов ва мавқеи мудир

Рӯзӣ Холов, сокини Мастчоҳи Кӯҳӣ, иддао дорад, ки масъулони Идораи маорифи ноҳия ба ивази додани квотаи президентӣ ба писараш аз ӯ ҳазор доллар талаб кардаанд.

Ҷаноби Холов баъд аз зӯҳри 4 июн ба “Озодагон” занг зада, дар ин бора дарди дил кард ва гуфт, писараш Асҳобуддин хатмкунандаи мактаби шумораи 5-и Мастчоҳи Кӯҳӣ буда, дар озмуни тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии ҳарбӣ ҷойи аввалро гирифтааст. “Имрӯз бояд ба писарам квотаи президентиро месупориданд. Вақте намояндаҳо ба мактаб омаданд, писарамро роҳ надоданд. Нафароне, ки дар озмун иштирок накарда буданд, соҳиби квотаи президентӣ шуданд, писари ман - не”,-мегӯяд ин сокини Мастчоҳи Кӯҳӣ.

Абдуҷалил Қозиев, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ, даъвои Рӯзӣ Холовро дар бораи талаби ҳазор доллар ба ивази додани квоати президентӣ бидуни асос донист. Ӯ дар сӯҳбат бо "Озодагон" гуфт, "писари Холов дар озмуни ноҳиявӣ ҷой нагирифтааст ва номи ӯ дар рӯйхати ғолибони озмун нест." Ин дар ҳолест, ки Рӯзӣ Холов мегӯяд, “мудир маро даъват карда гуфт, агар ҳазор доллар наорӣ, овора нашав, бачаат намегузарад. Агар квотаи президентиро ҳам ба тиҷорат табдил дода бошанд, пас, чӣ даркор ин қадар ташвиш? Як моҳ барои ин квота мо дар Душанбе сарсон будем. Рафта маълумотномаи духтурро биёреду чанд ҳуҷҷати дигар гуфтанд, ҳамаашро кардем. Боз тестҳоро харида омодагӣ дид. Агар пеш аз озмун мегуфтанд, ки нархи квота 1000 доллар аст, аз паси квота намешудем”,-афзуд Рӯзӣ Холов.

Мусоҳиби мо мегӯяд, масъулони маорифи ноҳияашон дар сӯҳбат бо ӯ гуфтаанд, ин миқдор пулро барои худ намегиранд, балки он барои “боло”-ст: “Агар барои “боло” пул даркор бошад пас чаро барои квота озмун эълон мекунанд? Зиндагии мардуми деҳот мушкил аст ва ман аз куҷо ин қадар маблағро пайдо мекунам?”

Квотаи президентӣ чанд соли пеш барои ҷалби духтарон аз хонаводаи камбизоат барои таҳсил дар донишгоҳҳои кишвар таъсис шуда, инчунин, ба ҷавонписарон имконият дода шуда буд, то аз ин имтиёз истифода кунанд. Ҳарчанд раисиҷумҳур борҳо ба шаффоият дар ин бора таъкид карда, квотаи президентиро роҳи осони ҷалби духтарони камбизоат аз кӯҳистон донистааст, вале солҳои охир аз фурӯши ин имтиёзи раиси ҷумҳур сӯҳбатҳо бештар мешаванд. Соли гузашта низ мақомоти умури дохилии Суғд як сокини ноҳияи Восеъро боздошт карда буданд, ки худро яке аз одамони намоён нишон дода, барои дарёфти квотаи президентӣ аз мардум пул ҷамъ намуда будааст.
Мӯҳр
хонанда
падару модарони хонандагони макотиби шахри Душанбе хар мох аз 10 то 25 сомони маблаг пардохт мекунанд хомушанду, як сокини рустои чуръат пайдо намуда, садо баланд мекунад. Дар баъзе мактабхо аз 2,5 то 3 хазор талаба тахсил мекунад ва ин хама маблаг кучо меравад?

Симо
Хамаи квотахо хатто барои хорича нарх доранд дар ин маорифи точикистон

Камбизоат
Дар хакикат гуфти Рузи Холов боиси дастгири аст. Намедонам бо кадом сабаб дар дехаи Падрох як духтарро аз нохияи Мастчох оварда таи се мохи охир номи уро дар журнал кайд карда дар охир сохиби квотаи Президентиаш намуданд. Магар дар худи Кухистон духтарони довталаб кам хастанд. то кай барои квота пора мегирад, масъулни маорифи Кухистони Мастчох. Рости гап саивияи дониши хонандагони мактабхои нохияи да сатхи хеле пст карор доранд. намедонам масъулини ин соха кучоро нигох мекунанд. Вой бар холи сарарасти ин соха. Ин кас ба чи корхо машгуланд Комисияи нохиявии низ дар ин пора бархурдор хастанд. Прокуратураи нохия Кучора нигох мекунад. Амнияти нохия чи . Рости дили кас аз ин хел рохбарон сахт мемонад.Вой бар холашон.

Ин чои пинхон карданаш нест ман шахсан шохиди чунин хол хастам писрамро имсол ба синфи 1 бахши руси дар мактаби 1 мудири директор номаш Умед бо хар роху васила дохио кардем вале муаллимаи он падару модаронро хуб фахмонду боз гуфт ки нашавад ки ба корупсия ё ягон чои дигар мурочиат кунед вале 150 долари дар сол бояд супоред мо хам дигар падару модарон ки супориданд айб нашвад гуфта супоридем карз карда албатта.ба гайр аз ин 30 сомони хар мох 100 сомони дигар ду се маротиба барои ин иду вай ид. Хулоса фасодзадатарин соха ва масъулин хамин соха аст. Ин як амри маъмулист. Агар ба корупсия мурочиат мекардам боз хадди акал 500 доллар даркор буд ки ба масъулини агентии корупсия пора медодам то ки халос шавам.Соли чори чанд муаллимро хамин агентии корупсия дастгир кард вале озод шуданд. Ман як мисоли одди меорам пастарин корманди ин агенти лексус дорад аз кадом хисоб? Агар раиси Агентии зидди корупсия чилави инхоро мегирифт чунин холатхо сар мезад? албатта не ! Бино бар ин ин корхо бехудааст.

Маснави
Чунин холат якчанд сол пеш дар дигар манотики Точикистон рух дода буд, хаст ва хохад монд.

Алими чабрдида
Рости гап вакте, гап дар бораи квота мераваду фуруши он меравад ва кас ангушти хайрат мегазад,ки чаро масъулини ин соха яъне муовини Раиси нохия мухтарама Зокирова Г ва мудири шуъбаи идиологи чаноби олимаком Хочиев А бехабаран ё чаро бетарафиро ихтиёр кардаанд. Ё дар назар дорам макомотхои кудрати барои чи хама хомушан . Барои чи масъулини ин соха ба дахон об гирифта шиштаан ё онхо хам бархурдорон аз ин маблаг.Ё у духтарак ягон авлод ё шиноси наздики Хочиев А буд. хайронам чаро пас сиёсати маорифпарваронаи сарвари давлат, у суханони Чаноби оли, Пешвои точикони чахон кучо шуд. Чаро масъулини Раёсати маорифи вилояти Сугд хомушад. Хонандагони азиз худ казоват кунед Вой бар холи масъулин барои чи онхо дар назди вичдон чавоб намедиханд.

Ин нафари даъвогвр (Рузи Холов) омода буд барои дохил намудани писараш ба Донишгохи Тиббии Точикистон 4000$ пора дихад. Ва ин даъвои уро шунида хикмате дар ёдам зад:
Шайхони замона доми тазвир ниханд,
Тасбех ба даст амома бар сар биниханд.
Чун дар назари халк намоянд дарвеш,
Андар шаби тор по ба дузди биниханд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)