Бахшҳо
04 июн 2014 16:29Тоҷикистон / Сиёсат / Акс

Дастгир шудани корбари Фейсбук барои таҳқири президент (АКС)

Мақомоти тоҷик ба иттиҳоми таҳқири Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Фейсбук, як ҷавонро боздошт кардаанд. Дар ин бора ба “Озодагон” як манбаи муътамад хабар дода, изҳор дошт, ки боздоштшуда сокини 30-солаи ноҳияи Рӯдакист.

Ба қавли манбаъ, ин шахс дар Интернет гӯиё расмҳои таҳқиромезро нашр карда, дар ҳаққи раиси ҷумҳур шарҳҳои таҳқиромез менавиштааст. Аммо мусоҳиби мо аз ифшои ҷузъиёти бештари ин қазия худдорӣ намуд. Гузашта аз ин, дафтарҳои матбуоти Кумитаи амнияти миллӣ ва Вазорати умури дохилӣ дар суҳбат бо “Озодагон” аз ҷой доштани чунин ҳодиса изҳори бехабарӣ карданд.

Ин хабар дар ҳолест, ки рӯзи 4 июн дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук расмҳо бо навиштаҳои зидди ҳукумати Тоҷикистон ва “В+24” нашр шуданд, ки дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе гирифта шудаанд. Додоҷони Атовулло, раҳбари Ҷунбиши сиёсии "Ватандор", бо нашри ин аксҳо дар саҳифаи Фейсбукаш гуфт, онро ҷавонон шаби 3 июн навиштаанд, ки зидди Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати Тоҷикистон равона шудаанд.


Аксҳо аз саҳифаи Фейсбуки Додоҷони Атовулло:

Дастгир шудани корбари Фейсбук барои таҳқири президент (АКС)

Дастгир шудани корбари Фейсбук барои таҳқири президент (АКС)

Дастгир шудани корбари Фейсбук барои таҳқири президент (АКС)

Дастгир шудани корбари Фейсбук барои таҳқири президент (АКС)
Мӯҳр
нодир
падараш хай-ми ин бачара..

Падараш Россияба хамчун 1,5 млн мардикорое, ки хамчун харрр барин кор карда истодаанд аз пушти ин хукуматдорон.

ин чавонро чи водор карда бошад, ки аз чони чавонаш ин кадар сер шудааст ки ба ин кор даст задааст?

созанда
Э мардум аз паи курнамаку бешарафон нагардед!!! Онхо дар фикри несту нобуд ва ба порчахо таксим кардани Ватани мо хастанд!!! Чаро аккалан дар боги худашон омада як нихол намешинонад! Надонам ба онон чи гуна Ватан лозим аст, ки аз Шурави танкид мекунанд, аз Амрико танкид мекунанд, аз русия танкид мекунанд ё хоча аз кучое ки бошад ватани онро таргиб мекунанд!!! Аз дур зери химояи хочагонашон нишаста санг мезананд. Мард онест ки дар пахлуи мардумаш менишинаду камбудии кишварашро дар ин чо ислох мекунад, на оне, ки бо хазорон рангу намуд аз дур ба Ватан санг мзанад!!!!!!!!!1

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)