Зирор Аҳмад Усмонӣ бо сафари чаҳоррӯза ба Тоҷикистон меояд
Зирор Аҳмад Усмонӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон, дар доираи як сафари расмии чаҳоррӯза вориди Душанбе мешавад. Тавре дафтари матбуотии ВУХ хабар медиҳад, сафари кории Усмонӣ ба Тоҷикистон рӯзи 4 июн оғоз шуда, то 7 июн идома хоҳад ёфт.
Ба иттилои манбаъ, қарор аст, вазири умури хориҷии Афғонистон дар доираи ин сафари худ ба Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон - раисиҷумҳури Тоҷикистон, Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷӣ, Шариф Раҳимзода - вазири рушди иқтисод ва савдо, Хайрулло Асозода - вазири нақлиёти кишвар мулоқот намояд.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, инчунин, гуфтушунидҳо дар бораи масоили марбут ба гуногунҷанбаи Душанбею Кобул, аз ҷумла ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисод, тиҷорат, нақлиёт, энергетика, маориф, фарҳанг баргузор шуда, ҷонибҳо низ ҳамкориҳои минтақавию амнияту субот дар минтақаро ба баҳс кашанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |