Бахшҳо

Зиндонӣ шудани донишҷӯи Донишгоҳи техникӣ барои таҷовузи Мадинаи 4-сола

Додгоҳи олии Тоҷикистон Сироҷиддин Қараев, ҷавони тоҷикро, ба ҷурми таҷовуз ба номуси духтари чаҳорсола ба 27 солу 6 моҳи равони зиндон кардааст. Дар ин бора ба “Озодагон” полковник Мансур Бухориев, мушовири калони вазири умури дохилии кишвар, хабар дод ва гуфт, ин воқеа тобистони соли гузашта дар шаҳри Ваҳдат иттифоқ уфтодааст.

Ҷаноби Бухориев гуфт, додгоҳ Сироҷиддинро бар асоси моддаҳои 104, қисми 2 (одамкушӣ), моддаи 117, қисми 2 (азобу уқубат), моддаи 138, қисми 3 (таҷовуз ба номус), моддаи 130, қисми 3 (одамрабоӣ) гунаҳкор дониста, ҳукми зиндони ӯро охирҳои майи соли ҷорӣ содир кардааст.

Ба қавли мушовири калони вазири умури дохилии кишвар, Сироҷиддин Мадина Сафароваи чорсоларо ҳамроҳи хоҳари бузургаш С., ки он замон дар синфи нуҳум хонда, бо ӯ телефонӣ суҳбат ва гоҳо мулоқот мекардааст, дидааст. Баъд аз он ки, мегӯяд Мансур Бухориев, С. пешниҳоди Сироҷиддинро дар бораи ҳамхобагӣ рад мекунад, ӯ Мадинаи чорсоларо ба мошинааш савор карда, ҷониби шоҳроҳи Ваҳдат-Кӯлоб, назди пул ё купрӯки дарёчаи Элок мебарад.

“Ӯ бо зӯр духтарчаро таҷовуз карда, сипас бӯғӣ карда мекушад. Ҷасади Мадинаро барои рӯпӯш кардани ҷинояти худ ба наздикии деҳаи Навбаҳор бурда пинҳон мекунад”,-мегӯяд Бухориев. Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, ин ҷиноят пинҳон намонд ва Сироҷиддин Қараев боздошт ва ҳоло равонаи зиндон гардид.

Ин ҳама дар ҳоле будааст, ки Сироҷиддин Қараев, донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, оиладор буда, як кӯдак ҳам доштааст.
Мӯҳр
й
Ин хам аъзои ХНИТ аст чи бало.

Мухаммад
Бояд хукми катл медоданд

Далер
Ин гуна чинояткор бояд аз хакки амнистия махрум бошад. Нашавад, ки бад аз 7-8 сол аз махбас рахо шавад.

Хайвонсурате дар никоби одами ! Эй воизони Вахдати ......... таъсири суханхоятон асаре надоштааст !!!

Шох
Ман сокини дехаи Мехрбахши шахри Вахдат мебошам ва дар хакикат бо чашмони худам дмдам,ки чи кадар кормандони милиса дар хамин кишлок кор карданд.Дар аввал ман фикр кардам,ки ин одамон камбагаланд ва касе кудаки онхоро намекобад,аз хамин ру бовар кардам,ки кормандони милитсия агар хоханд дилхох чиноятро мекушоянд,рахмат ба кормандони милитсия ва рухи ин кудак шод бошаду чояш чаннат. Ин разил бояд хукми парондан мегирифт,садкаи одамгари шавад....

Яъкуб.Душанбешахр.
Садриддин хамон воизони мегуфтаатро дигар суханкуни намонданду аз минбар махрум карданд.Сухани набуда аз кучо таъсир дорад бародар.....

Фируз
Ин инсон нест.:::((((((((( Бояд, хатман делаи чиноияшро аз сар бинанд ва хукми катлаш диханд.
Дируз дар сомонаи "Озоди" як матлаб чоп шудабуд , "Туи ду хамчинсгарои точик". Мардумро, бахусус чавононро ба роххои аз доираи инсони берун даъват мекунанд -"Яъне хама кор мешавад", ин корхои тархрезшуда ва ташфики хастанд ки аз тарафи давлатхои аврупои ба сари мо тахмил мекунанд.
Ин нав махлукхо, аввалан касали рухи хастанд, ва касали чисмони доранд, ки хатман бояд дар зери назорат бошанд.

Дар хакикат имони кас, ки сухт ба он корхое, ки хайвон дар ичрои он очиз мемонад, ичро мекардааст. Сад лаънат ба чунин ночавонмард, ки ба номи чавонмард лакнат овардааст.

Абдуллох
Худашбарин фосикхо масалаи ин хайвонро дар махбас хал мекунанд

Бехзод
Фируз,
Ин вахдатиёра даханшона банди хама гап мезанан аз ягончо

Абдуллоҳ
Инсон аз ҳайвонда дида ҳайвонтар асту хунхортар агар ҷоҳилу нодон бошад.

Садриддин,
Бехзод,
Бародарон Садриддин ва Бехзод, аввал андеша баъд гуфтор, дуввум биёед бехтараш миёни мардум шуру гавго намеандозем. Як разил кори гайриинсони кард, чаро воизону тамоми мардуми вахдатро хамрох мекунед. ё шумо хам мисли хамин одам хастед. ин амали шуморо мардум амали шайтони ном мебаранд,

Аз
й,
й,

Бародар хама Донишчуёни Точикистон мачбури ба Хизби Халки Демократии Точикистон шомиланд....й,

Абдурахим
Марги ту барин мард ту аслан номи мардиро хайф карди о ту ку худат фарзанддор будаи пас фикр накарди боре нафаре агар хаминкоро ба оилаи ту раво бинад чи хел мешавиииий,

99
Аввал тавба кунед, ки ин даҳшат аст!!!
Дуввум чунин одамсуратро бояд дар маҳзари ом қатл кард, то ба дигарон ибрат шавад, чунки сафи чунин ҷинояткорон зиёд шуда истодааст!!!
Саввум, ба он назарнависоне, ки аз чунин даҳшат сиёсат метарошанд, яъне мисли "Садриддин" ба ҷои он, ки тавба гӯяд, "воизони Исломи Ваҳдатӣ" гуфта писханд задааст, илтимос аз масъулони "Озодагон, ки назарашонро нашр накунед. Чунки ин гуноҳ аз гуноҳи кардаи он девсиришт камтар нест ва инро ҳар яки мо хуб дарк мекунем!!!
Ва дар охир, илтимоси ман аз кормандони сомона ин аст, ки назари мардумро аввал таҳлил кунед ва баъд чоп. Ва ғайр аз ин назари моро хеле дер, ҳатто баъд аз сомона дур шудани мақола чоп мекунед, ки ин хуб нест, яъне 3-4 рӯз мегузарад ва аксари мақолаҳо ба бойгонӣ мераванд, ки ба назарам онро касе намехонад. Мо фақат барои худ ё худнамоӣ назар намедиҳем. Шахсан ман, агар бо ин мақсад менавиштам, номамро ҳатто менавиштам. Ин сомонаҳо ягона воситаеанд, ки мо метавонем озодона фикри худро баён кунем. Шахсан ман бо ин сабаб ҳоло ба дигар сомонаҳо назар наменависам ё ниҳоят кам мехонаму менависам. Мақсад фаҳмо будагист. Ташаккур!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)