Бахшҳо
06 июн 2014 15:33Тоҷикистон / Сиёсат

Изҳороти Абдуллоҳ Абдуллоҳ баъди сӯиқасд: “Таҳдидҳо монеи мо намешаванд” (АКСУ ВИДЕО)

Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, номзади пештози интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон, аз ҳамлаи интиҳории гуруҳи номаълуме, ки ҳамчун сӯиқасд ба ҷони ӯ тарҳрезӣ шуда буд, ҷон ба саломат бурдааст.

Ин ҳамлаи интиҳорӣ алайҳи номзади пештози интихоботи президентии Афғонистон рӯзи 6 дар шаҳри Кобул – пойтахти ин кишвар сурат гирифтааст. Маводи таркандаи гузошташуда дар яке аз мошинҳои корвони гуруҳи доктор Абдуллоҳ замоне мунфаҷир мешавад, ки мошини онҳо аз як ҳамоиши мардумӣ аз Кобул Ориёно ба меҳмонхонаи Интерконтинентал ҳаракат доштаанд.



Дар пайи ин ҳодиса панҷ нигаҳбони номзади пештози интихоботи президентии Афғонистон ҷароҳати вазнин бардоштаанд. Тибқи иттилои расонаҳои хабарии Афғонистон, ҷаноби Абдуллоҳ дар меҳмонхонаи “Кобул Ориёно” дар маросиме ширкат кардааст, ки Ҳизби ваҳдати миллии исломии Афғонистон аз вай пуштибонии худро эълом кард. Гуфта мешавад, ки ин рӯйдоди талафотеро дар пай дорад, аммо то кунун мақомоти қудратии афғон дар бораи шумораи дақиқи талафот чизе нагуфтаанд.

Соате пас аз ҳамла ҷаноби доктор Абдуллоҳ дар саҳифаи иҷтимоии Твиттер навиштааст, "таҳдидҳо монеи мо ва мардуми мо шуда наметавонад ва мо ба ваъдаҳои худ барои ояндаи беҳтар мутааҳҳид ҳастем". То кунун ҳеч ҳаракат ба шумули гуруҳи Толибон масъулияти ин ҳамларо бар уҳда нагирифтаанд.

Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ 54 сол дошта, дар маҳаллаи Корти Парвони Кобул ба дунё омадааст. Модараш тоҷик ва падараш пашту мебошад. Соли 1984 донишгоҳи Кобулро дар риштаи тиб ба поён расонидааст. Дар ибтидо ҳамчун табиби муҷоҳиддин ифои вазифа карда, дар солҳои ҷанг бар зидди неруҳои Иттиҳоди Шӯравӣ вориди мубориза шудааст. Дар ин давра ӯ ба ҳайси сарпарасти беҳдошти Ҷабҳаи панҷшер ва баъдан ҳамчун мушовир ва ҳамкори Аҳмадшоҳи Масъуд то озодии Кобул хидмат менамояд. Вай аз соли 1993 то 1996 дар шаҳри Кобул раиси дафтар ва сухангӯи Вазорати дифои миллии Афғонистон буда, соли 1997 ба ҳайси муовини вазири умури хориҷии кишвараш баргузида мешавад. Соли 1999 раҳбарии ин ниҳодро бардӯш мегирад.

Ӯ дар интихоботи президентии 5 апрели Афғонистон дубора номзадии худро эълон карда, бо ба даст овардани 43,7 дарсади оро (овоз) миёни рақибонаш номзади пешгоми ин корзор эълон гардид. Кумисюни марказии интихоботи Афғонистон дар пайи эълони натоиҷи интихоботи президентии 5 апрели соли ҷорӣ эълон намуд, ки дар ин давра ягон номзаде натавонист, беш аз 50 дар сад раъйи мардумро ба даст орад ва аз ин рӯ, ду номзади пешсаф - доктор Абдулло Абдулло ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, ки бо соҳибии 33,8 дарсади оро дар мақоми дуюм қарор дорад, дар даври дуюми интихобот вориди рақобат мешаванд. Санаи баргузории давраи дуюми интихоботи президентии Афғонистон рӯзи 14 июн эълон шудааст.

То кунун аксар шахсиятҳои бонуфузи Афғонистон ҳимояти худро аз доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар давраи дуюми интихобот эълон кардаанд. Ахиран Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуди шаҳид аз тими "Ислоҳот ва ҳамгироӣ" низ ҳимояти худ аз Абдуллоро эълон карда, мардуми кулли кишварашро барои ҷонибдорӣ аз ӯ даъват намуд. Ҳамзамон Залмай Расул ва Гулоғо Шерзай, номзадҳои дигари интихоботи президентии Афғонистон низ аз пайвастани худ ба ситоди интихоботии доктор Абдулло Абдулло хабар дода буданд.


Изҳороти Абдуллоҳ Абдуллоҳ баъди сӯиқасд: “Таҳдидҳо монеи мо намешаванд” (АКСУ ВИДЕО)

Изҳороти Абдуллоҳ Абдуллоҳ баъди сӯиқасд: “Таҳдидҳо монеи мо намешаванд” (АКСУ ВИДЕО)

Изҳороти Абдуллоҳ Абдуллоҳ баъди сӯиқасд: “Таҳдидҳо монеи мо намешаванд” (АКСУ ВИДЕО)

Изҳороти Абдуллоҳ Абдуллоҳ баъди сӯиқасд: “Таҳдидҳо монеи мо намешаванд” (АКСУ ВИДЕО)

Изҳороти Абдуллоҳ Абдуллоҳ баъди сӯиқасд: “Таҳдидҳо монеи мо намешаванд” (АКСУ ВИДЕО)


Аксҳо аз саҳифаи фейсбукии Wahid Panjshiree Yousufi II.
Мӯҳр
ХУДО НИГОХАТ ДОРАД АБДУЛЛОХ

Озод
Кори дасти Дустум бошад,чи бало?

Garib
AbdulloH AbdulloH na in, ki Abdullo Abdullo

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)