Бахшҳо

(ВИДЕО) Шералӣ Хайруллоев: “Агар Худое накарда ҷанг шавад...”

Шералӣ Хайруллоев, ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар умури амниятӣ, мегӯяд, коргардон ва дастандаркорони аслии ҳодисаи 21 майи Хоруғ дар шаҳри Душанбе қарор доранд.

Хайруллоев дар ин бора зимни суҳбат бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон ибрози назар кардааст, ки навори он тавассути яке аз шабакаҳои телевизионии маҳаллӣ намоиш дода шуда, нусхаи он дастраси “Азия-Плюс” гардидааст. Оқои Хайруллоев дар ин сӯҳбаташ мегӯяд, “бо онҳо телефонӣ суҳбат доштам, афроде, ки барои ҳалли мушкилоти Бадахшон талош доранд, шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд ва дар шаҳри Хоруғ низ наздикону афроди оилаашон ба сар намебарад.”



Ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар идома аз сокинон даъват кард, ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, чун ба қавли ӯ, чизе монеи ин афрод барои расидан ба ҳадафҳои сиёсияш шуда наметавонад. “Агар ба хотири ҳадафҳои сиёсиашон тамоми Бадахшон аз байн равад, парвое надоранд. Аммо сад афсӯс, ки мо мардуми куҳистон гаправу сода ҳастему ба гапи ҳар нафар бовар мекунем”,-таъкид доштааст ӯ.

Шералӣ Хайруллоев, ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар умури амнияти миллӣ, мегӯяд, сар задани ин гуна ҳаводис дасти давлатҳои абарқудрат мебошад: “Давлатҳои абарқудрат мову Шуморо ҷанг андохтаниянду оромии кишварро аз байн бурданианд, агар Худое накарда ҷанг шавад, дар инҷо намояндагони тамоми гуруҳҳоро дидан имкон дорад. Аз Толибон то ал-Қоидаву Ансоруллоҳ ва Ҳаракати исломии Узбакистон. Чун мақсади инҳо хилофат ташкил кардан дар Осиёи Марказӣ мебошад.”

Ӯ гуфт, ин ҳама заҳматҳои онҳову раисиҷумҳури Тоҷикистон ба хотири нигаҳдории сулҳу суботи кишвар мебошад. Ба гуфтаи Хайруллоев, ҳодисаҳои монанд ба 21 майи Хоруғ тақрибан дар ҳама кишварҳои дунё рух медиҳад, вале онҳо бояд дар ҳамдастӣ бо мақомоту сокинон ҳалли худро ёбанд.
Мӯҳр
Кахрамон
Шайтон бачаи навзодашро прагулка мебарад ва дар рох барои бачааш мегуяд ки душмани асосии мо "Инсон" аст. Хуллас дар рох шайтон бача харро мебинад ва ба пушти очааш бачо мешавад. Очааш мегуяд ки ин "Инсон" нест балки инсон инро савори мекунад. Тарси шайтон бача аз Инсон зиёд мешавад. Дар рох шайтон бача говро мебинад ва да пушти очааш бачо мешавад. Очааш мегуяд ки бачам, ин "Инсон" нест инро инсон хамачизашро истифода мебарад ва агар хохад кушта гушташро мехурад. Тарси шайтон бача боз хам бештар мегардад.
Дар рох шайтон бача як муйсафедро мебинад ки, зери дарахте дароз кашида хоб аст аз тарс да пушти очаш бачо мешавад. Баъд Шайтон барои бачааш мегуяд ки, ана "Инсон" ва душмани мо хамин аст. Шайтонбача хайрон монда аз очааш мепурсад ин чихел душмани мост ки, чандон кувват ва тавонои надорад? Очааш мегуяд, бачам хамаи кора хамин "Инсон" худаш мекунад ва гунохашро ба мо бор мекунад.
Ин афсонахое ки “Давлатҳои абарқудрат мову Шуморо ҷанг андохтаниянду оромии кишварро аз байн бурданианд, агар Худое накарда ҷанг шавад,......." тули 22 сол мешунавем монанди киссаи мазкур аст. Агар барои миллат Шумо кор мекардед имруз ин миллат ба ин дарача намерасид.
Аз хиллаву найранги Шумо хама огох аст, бехтараш афсонабофиро бас кунед Ватанро обод кунед ва дар фикри миллат бошед

сино
Кахрамон,

Бале айнан чунин аст .

Кахрамон,Бале тухмро пуст карда ба дасташон, доди ҳақиқат ҳамин аст, душманонамон оромии моро намехоҳанд ва ба хар гуна роҳ мехоханд моро дубора ба ҷанги шаҳрванди кашаанд. Душман зархаридони худро барои ноором сохтани кишвари гул-гул шукуфонамон истифода бурда истодаанд ва онхо ҷинояткоронро бо пулу мол ҳавасманд карда ба онҳо ваъдаҳои бисёр дода дар ин мақсади ифлосашон истифода мебаранд ва танхо мардуми гумроҳ, ҷинояткору аз маданияти инсони берун метавонад бо ин душманони миллатамон ҳамфикр шаванд. Ман боварии комил дорам, ки мардуми бадахшон яке аз онҳоеанд, ки бо маданияти баланди инсони ошноянд ва ба ин гуна дасисаҳо дода намешаванд ва аз баҳри ҳама гуна зару зевару ваъдаҳои хушку холии дасисабозон мпегузаранду оромии кишварамонро аз даст намедиҳанд.Darvesh,
Кахрамон,

Donier
Naboyad davlati tojikiston 23 soli istiqloliyatashro az dast dihad va ba khalqi tojik dar badakhshon hastand va digar manotiqi tojikiston korhoi fahmondadihi ijroshavad va inruzoe hastand dar tojikiton ki baze kambudihoe hastand kamtari digar sabur kardan darkorast va hamash khub meshad.......... va darokhir bar khalqi tojik sabru tahamulu dar oyanda behtarin zindagonii khubu osuda va sarbalandi tamano doram inshooloh hamash khub meshad saburkuned to istiqloliyati tojikistonro va yak porchai zamini tojik-ro dar dasti begonaho nadihed boqi obodu sarbalan boshed....

Акун равед шумо истирохат кунед монед ягон чавон омада кор кунад! Бас аст чанд сол мешавад дар сари вазифа хастед монед сахнаро бар чавонон ва неруи нав ва тьозанафас.

Одамхудо
Аз ин бармеояд,ки мухочимони Кулобшахрро намояндагони кишвархои аврупои бахусус Британияи Кабир бо тухму помидор мучаххаз кардааст будааст-чи бало?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)