Бахшҳо
07 июн 2014 10:16Тоҷикистон / Сиёсат

Сӯҳбати Кабирӣ бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва маҳкум кардани ҳамла ба ӯ

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, шоми 6 июн бо доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, номзади пештоз дар интихоботи президентии Афғонистон, ки ахиран аз ду сӯиқасд ҷон ба саломат бурд, телефонӣ гуфтугӯ карда, ҳамла ба корвони мошинҳои ӯву тарафдорнашро маҳкум намудааст.

Оқои Кабирӣ, инчунин, таъзия ва ҳамдардии роҳбарият, аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ-ро ба доктор Абдуллоҳ расондааст. Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи раиси ҲНИТ, гуфт, “Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар навбати худ аз ҳамдардии Муҳиддин Кабирӣ изҳори миннатдорӣ намуд. Ӯ гуфт, ҳамдилӣ ва дуои бародарону хоҳарони тоҷик дар чунин лаҳзаҳои душвор ва тақдирсоз барои ӯ ва ҳамроҳонаш нерӯи бештар мебахшад.”

Дар охири ин сӯҳбати телефонӣ Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, ба Абдуллоҳ Абдуллоҳ барои пирӯзиаш дар даври дувуми интихоботи президентии Афгонистон комёбӣ орзу кардааст. Дар ҳамин ҳол, Шӯрои амнияти Созмони Милал низ ҳамла ба доктор Абдуллоҳ ва тарафдоронашро маҳкум намудааст.

Ҳамлаи интиҳорӣ алайҳи номзади пештози интихоботи президентии Афғонистон рӯзи 6 дар шаҳри Кобул – пойтахти ин кишвар сурат гирифтааст. Маводи таркандаи гузошташуда дар яке аз мошинҳои корвони гуруҳи доктор Абдуллоҳ замоне мунфаҷир мешавад, ки мошини онҳо аз як ҳамоиши мардумӣ аз Кобул Ориёно ба меҳмонхонаи Интерконтинентал ҳаракат доштаанд.

Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ 54 сол дошта, дар маҳаллаи Корти Парвони Кобул ба дунё омадааст. Модараш тоҷик ва падараш пашту мебошад. Соли 1984 донишгоҳи Кобулро дар риштаи тиб ба поён расонидааст. Дар ибтидо ҳамчун табиби муҷоҳиддин ифои вазифа карда, дар солҳои ҷанг бар зидди неруҳои Иттиҳоди Шӯравӣ вориди мубориза шудааст. Дар ин давра ӯ ба ҳайси сарпарасти беҳдошти Ҷабҳаи панҷшер ва баъдан ҳамчун мушовир ва ҳамкори Аҳмадшоҳи Масъуд то озодии Кобул хидмат менамояд. Вай аз соли 1993 то 1996 дар шаҳри Кобул раиси дафтар ва сухангӯи Вазорати дифои миллии Афғонистон буда, соли 1997 ба ҳайси муовини вазири умури хориҷии кишвараш баргузида мешавад. Соли 1999 раҳбарии ин ниҳодро бардӯш мегирад.

Ӯ дар интихоботи президентии 5 апрели Афғонистон дубора номзадии худро эълон карда, бо ба даст овардани 43,7 дарсади оро (овоз) миёни рақибонаш номзади пешгоми ин корзор эълон гардид. Кумисюни марказии интихоботи Афғонистон дар пайи эълони натоиҷи интихоботи президентии 5 апрели соли ҷорӣ эълон намуд, ки дар ин давра ягон номзаде натавонист, беш аз 50 дар сад раъйи мардумро ба даст орад ва аз ин рӯ, ду номзади пешсаф - доктор Абдулло Абдулло ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, ки бо соҳибии 33,8 дарсади оро дар мақоми дуюм қарор дорад, дар даври дуюми интихобот вориди рақобат мешаванд. Санаи баргузории давраи дуюми интихоботи президентии Афғонистон рӯзи 14 июн эълон шудааст.
Мӯҳр
Баю-бай
Воу, Кабири офарин! Хукуматро 10-0 удар зади. Бояд ин амалро хукумат хам бо каналхои худаш анчом бидихад.

Яъкуб.Душанбешахр.
Ахсан ба чаноби Мухиддин Кабири.Дар Точикистон хазорхо Мухиддин хаст,аммо Кабири якто хаст.Ва Кабири бо ин амал исбот кард,ки якто хаст дар Точикистон.Ва метарсам ки фишорхо зиёд мешаванд.Чун дидем вакте бо Е.Примаков мулокот кард бозори хонаводаи Уро кашида гирифтанд инбор боз чи кори номардона мекарда бошанд???

сих
Бесавод баю бай!
Хукумат то интихоб шудани Президенти Афгонистон ба тарафдории ягон номзад баромад набояд кунад. Ба фикрам як умр шурбои туйи хурда гаштаи ки аз одитарин масъала бехабари бо хамон устод Каримиат ё кабируфат

Баю-бай,
Агар бесавод набоши камтар мантикан хамин масъаларо фикр кун хозир агар Хукумат ба Доктор Абдуллох номаи тасаллият равон мекард дар ин холат 2 тарафа шикаст мехурд. Ногох 14 июн Доктор Абдуллох дар интихобот пируз нашавад баъд муносибати Точикистон бо ЧИА чи хел мешавад????????

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)