Бахшҳо
07 июн 2014 13:51Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Баъд аз амри вазир ҳолатҳои боздошти танфурӯшу даллаҳо афзудааст

Баъд аз амри Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, дар ду рӯзи пеш мақомоти пулис ҳарчи бештар дар бораи ошкор шудани ҳолатҳои таҷовуз ба номуси ноболиғон, фоҳишагарӣ ва даллагию бадахлоқии сокинон хабар медиҳанд. Ҷаноби Раҳимзода рӯзи 5 июн бо баргузории ҷаласаи фаврӣ аз афзоиши фоҳишагарию даллагӣ дар кишвар изҳори нигаронӣ намуда, дастур дода буд, барои ҷилавгирии фаҳшу фасод рейдҳои махсус роҳандозӣ шаванд.

Танҳо дар нимаи аввали рӯзи шанбе, 7 июн, торнамои расмии Вазорати умури дохилӣ аз се ҳолати боздошти даллаву нафаре, ки ба номуси духтари ноболиғ таҷовуз кардааст ва як бадахлоқ дар Душанбе хабар дод. Бино ба иттилои торнамои ВУД, рӯзи 6 июн як сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шудааст. “Б.С. манзили худро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон - Ҳ.З., С. Б., И.Х. ва М.Р., сокинони Ҳисор, Файзобод ва Тавилдара барои алоқаи ҷинсӣ шароит фароҳам овардааст”,-менависад сайти Вазорати умури дохилӣ. Дар идома таъкид шудааст, Б.С. ба ивази ин кораш аз сокинони Файзободу Ҳисор ва Тавилдара 100 сомонӣ гирифтааст.

Инчунин, ба иттилои манбаъ, ҳангоми гузарондани чорабинии фаврӣ-ҷустуҷӯӣ П.Ҳ.-и 18 сола, сокини ноҳияи Вахш, ҳамчун гумонбар барои алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонидошта бо нафаре, ки ҳанӯз ба синни 16 нарасидааст, боздошт гардидааст. Бар асоси иттилои мақомот, гумонбаршуда моҳи апрели соли 2014 дар дохили боғи фарҳангии ба номи Мирзо Турсунзода бо ноболиғ Д.С., соли таваллудаш 1998, алоқаи ҷинсӣ намудааст.

Маъмурони пулис мегӯянд, дар пайи гузаронидани чорабинии фаврӣ-ҷустуҷӯӣ боз як сокини шаҳри Душанберо барои ҳаракатҳои бадахлоқонааш дастгир намудаанд. Тибқи иттилои манбаъ, А.Д.-и 30 сола, сокини ноҳияи Мӯъминобод, рӯзи панҷуми июн дар ҳолати мастӣ ба хонаи Б.А., ки бо фарзандони ноболиғаш зиндагӣ мекунад, ворид шуда, ба хонаи хоби ноболиғон даромадааст: “Дидаю дониста бо фарзанди соҳибхона Р.Г., ки ба синни 14 нарасидааст, ҳаракатҳои бадахлоқона анҷом додааст”.

Як рӯз пештар мақомоти умури дохилӣ аз боздошти посбони 19-солаи осоишгоҳи “Самиг”-и ноҳияи Ваҳдат хабар доданд, ки барои робитаи ҷинсии се нафар шароит фароҳам кардааст.
Мӯҳр
Абдуллох
О мешудааст ку... [right][/right]

Мухтарам вазир амр бароварди , вале дер карди . Хато агар накунам 50% занон даст ба ин кори фасод задаанд. Ин сабаб дорад , ки сабабаш бекорист . Вазири мухтарам ба чои кормандони макомоти кудрати аз паси фоишахо гаштан онхоро аз кор таъмин намоед , ки дар маколе гуфтаанд : " ЗИНДАГИ ОИНАРО МУХТОЧИ ХОКИСТАР КУНАД " . Вазири мухтарам сиёсата надори... афсус чи хел халкро мухофизат менамоед ба чуз Худо каси дигар намедонад .

Сарипули Сирот
Асос ба милисаи мо ИДЕЯ додан даркор.Салла биёред- Калла меоранд. Тамом, дигар харруз аз хотири нигох доштани мансаб ва содик буданашон ба идеали милисаи МАРДУМИ ва Супориши Вазир зану шавхарро хам разбор мекунанд. Гуё ки пеш аз ин, вайхо аз корхои номатлуб дар чомеаи мо бехабар мондаанд. Вазири МВД дар хакикат ОРИНАЖОД буданашро исбот кард.

Р
Бехтар дер бошед то хечвахт!!!

Руслан
Ахсан мухтарам вазир агар якто фохишарохам аз рохи бад гардонед ин хуб аси

Мулки
Мо одат кардаем то аз боло фармон надиханд, к*намонро
аз замин намебардорем. Агар ин корро пеш аз содир шудани фармони мухтарам вазир мекарданд, холо чомеаи мо ин кадар фасод намешуд. Аз байни вазирхо айни замон мухтарам Рамазон Рахимзода пешсаф ва бехтарин аст! Идома дихед, мо мардум тарафдори ин икдомем.

Муллоҳоя бо ному насабаш эълон мекарденку. Кани инҳоро хам ному насабашро нависен, чи ки бошанд онхо?

Додочон Атовулло
Холо аз фармони вазир боло будахо хабар надоранд. Хабар ёбанд холи вазир бад мешавад.

589
Бо бекори низ хамин хел мубориза мебурданд аъло мешуд.

Агар як кас як бор хонаашро барои касе дихад, омада уро мекапанд, лекин садхо фасодхона дар пойтахт кор мекунад, чаро аз онхо ягонтоаш фош намешавад?

Дар ш. Душанбе н. Шохмансур дар назди "В..." як зан зиндаги мекунад, ки тули зиёда аз 20 сол мешавад, ки ба даллаги (мамароза) сару кор доранд. Кормандони орган, нозири минтакави ва хама хамсояхо медонанд, ки ин зан бо хамрохии апаву хохаронаш ва дугонахояш ба хамин кори даллаги машгул мебошанд ва намедонам барои чи бошад, ки ин занро ягон кас ба махкама намекашад? Зиёда аз 500-600 нафар духтарони точикро ба Дубаю дигар давлатхои хоричи кишвар бурда мефурушанд. Мумкин баъди фармони Вазир нисбати ин занхо ягон чора мебинанд? Озодагон илтимос чоп кун савоб мегири.

Дар шаҳри Душанбе хонаҳое, ки ба фоҳишахона табдил шудаанд, беҳисобанд. Соҳибони онҳо одатан дар дигар ҷо манзил доранд. Хонаашонро ба зинокорон соатакӣ ба иҷора медиҳанд. Соаташ чанд сомонӣ - ба худашон маълум аст. Мегӯянд, нафаре аз соҳибхона ҳамеша дар он манзил буда, пас аз "анҷоми кори" зинокорон утоқи хоб ва ваннаро тоза мекунад ва муштарии навбатиро пешвоз мегирад. Аҷибаш он аст, ки ҳамаи ин раву о ва фисқу фуҷурро сокинони он хона, ҳамсоягони дари ба дар, раисони маҳалла, медонанд ва аз ҳаромкорӣ ҳазар накарда, хамуширо аъло медонанд. Шояд аз тарси соҳибони он фоҳишахонаҳо, бошад? Зеро одамони оддӣ ҳеҷ гоҳ ба ин кори хатарнок даст намезананд! Боз ҳам аҷибаш он аст, ки ин бизнес дар Душанбе (шояд дар дигар шаҳрҳо низ!) солҳост дар авҷ асту ҳеҷ як нозири минтақавии милиса то ҳол аз он "хабар надоштааст"?! Шояд он нозирон худашон "дар ҳамин чарогоҳҳо чарида аз ҳамин чашмаҳо об менӯшиданд?" Вале, ҳар чӣ ҳам ки бошад, ВКД кишвар нав ба таъқиби ин гуна фоҳишахонаҳо шурӯъ кардааст. Иқдоми хуб. Пирӯз бошед!

Бехтараш макомоти кудратии кишвар барномаи дакике созад то пеши ин фочиаро каме бошад хам гиранд.Духтарони мо шабона дар дискотекаву ресторанхо чи мекобанд?аламовараш он аст ки духтарони Точик барои пул бо хоричиени сиеху бадмаст мераванд.магар гайр аз фохишаги дигар кор нест?е онхо акаву падар надоранд.

Сабаби зиёд шудани фахшу фохиша ин аз дур будани амри маъруф ва нахи аз мункар аст!!!

ГУНЧАГУЛ
АЗ БАЪЗЕ ЧАВОНОН НАФРАТАМ МЕОЯД ФИКР МЕКУНАНД БА МИСЛИ ОБ ПОКУ БА МИСЛИ ШИР САФЕД ХАСТАНД ОХИР Э ШАРМАНДАХО БА ХАМИН ФОХИШАХО КИ ДАСТДАРОЗИ МЕКУНАНД ХАМИН МАРДХО КИ ОНХОРО БА ХАМИН РОХ МЕБАРАНД ХАМИН МАРДХО БОЗ ШАРМ НАМЕДОРАНД БАЪЗЕХО ХУД БА ХАМИН КОРХО МАШГУЛАН ЛЕКИН ХУДРО МУСИЧАИ БЕГУНОХ МЕГИРАН БОЯД ХАМИН МАРДОНЕ КИ БО ОНХО АЛОКАИ ЧИНСИ МЕКУНАНД ОНХОАМ БА ЧАВОБГАРИИ ЧИНОЯТИ КАШИДА ШАВАНД МУХТАРАМ ВАЗИР ШУМО ХУД НАГЗ МЕДОНЕД КИ ДАР КОДЕКСИ ЧИНОЯТИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН БАРОИ ИНХЕЛ АМАЛХО ХАМ МАРД ВА ХАМ ЗАН БА ЧАВОБГАРИ КАШИДА МЕШАВАНД БИГЗОР ХАМ ФОХИШАХО ВА ХАМ МАРДОНЕ КИ БО ОНХО АЛОКАИ ЧИНСИ МЕКУНАНД БА ЧАВОБГАРИ КАШИДА ШАВАНД БАРОИ ЧИ ЗАН ФОХИШАВВУ МАРД НЕ ИН ХЕЛ МАРДОНХАМ ФОХИША ХИСОБИДА ШАВАД ТОКИ МАРДХО ХУДРО БА МИСЛИ МУСИЧАИ БЕГУНОХ НАГИРАНДУ БА РОХИ ДУРУСТ РАВАНД АГАР ХАМИН МАРДОН БА ФОХИШАХО НАРАСАНД ФОХИШАХО АЗ КУЧО ФОХИША МЕШАВАНД ПЕШ АЗ ХАМА БОЯД ПЕШИ РОХИ ХАМИНХЕЛ МАРДОНРО ГИРИФТ ОНХО ДАР ЧАЪМИЯТИ МО ХАРОМИРО ФОХИШАГАРИРО ЭЧОД КАРДААНД ХАКИКАТ РО ГУЕД ДАР ТАРОЗУИ ЭМОН БАРКАШЕД ТОКИ ХУДОВАНД АЗ ШУМО РОЗИ БОШАД.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)