Бахшҳо

Пешниҳоди таъини ҷазо барои мардоне, ки назди танфурӯшон мераванд

Дар тӯли чаҳор рӯзи гузашта дар ин бора даҳҳо шарҳи хонандагон дастраси мо шуд, ки аксари онҳо аз чунин иқдоми мақомот пуштибонӣ кардаанд. Ҳатто баъзе аз корбарон нишонаҳоеро навишта ва гуфтаанд, дар он ҷо маҳалли занҳое воқеъ аст, ки ба танфурӯшӣ машғуланд ё бозори кӯчаки фоҳишаҳоро ташкил кардаанд.


Сотим, яке аз корбарони “Озодагон”, гуфтааст, ин тасмим хеле дер гирифта шуд. Ба бовари ӯ, “агар хато накунам, 50 дарсади занон даст ба ин кори фасод задаанд. Ин сабаб дорад, ки он ҳам бекорист. Вазири мӯҳтарам, ба ҷои он ки кормандони мақомоти қудратӣ аз паси фоҳишаҳо гарданд, беҳтар аст, онҳоро бо кор таъмин намоед.” Вале дар посух хонандаи дигаре навиштааст, “беҳтараш дер бошад, то ҳеч вақт!”

Руслан, яке аз пуштибонҳои ин иқдом, навиштааст, “аҳсан вазир. Агар як фоҳишаро ҳам аз роҳи бад гардонед, ин хуб аст.” “Мулкӣ” аз он норизост, ки то аз боло амре нашавад, ҳеч кас кор намекунад. “Агар ин корро пеш аз содир шудани фармони вазир мекарданд, ҳоло ҷомеаи мо ин қадар фасод намешуд. Аз байни вазирҳо айни замон Рамазон Раҳимзода пешсаф ва беҳтарин аст! Идома диҳед, мо тарафдори ин иқдомем”,-гуфтааст ӯ.

“Сарипули Сирот” дар пайи хабарҳои пайдарҳами боздошти даллаҳо ва танфурӯшон ва ё онҳое, ки манзили худро барои робитаи ҷинсии занону мардони бегона гузоштаанд, навиштааст, “ба милисаи мо ИДЕЯ додан даркор, бас. Салла биёр гӯед, калла меоранд. Дигар ҳар рӯз ба хотири нигоҳ доштани мансаб ва содиқ буданашон ва супориши вазир зану шавҳарро ҳам ба “разбор” меандозанд. Гӯиё ки пеш аз ин, онҳо аз корҳои номатлуб дар ҷомеаи мо бехабар будаанд.”

Самад гуфтааст, “агар нафаре як бор хонаашро барои касе диҳад, омада ӯро боздошт мекунанд, лекин садҳо фасодхона дар пойтахт кор мекунад, чаро аз онҳо ягонтоаш фош намешавад?” Юсуф ҳам навиштааст, “...боз аҷибаш он аст, ки ин бизнес дар Душанбе (шояд дар дигар шаҳрҳо низ!) солҳост дар авҷ асту ҳеч як нозири минтақавии милиса то ҳол аз он "хабар надоштааст"?! Шояд он нозирон худашон "дар ҳамин чарогоҳҳо чарида аз ҳамин чашмаҳо об менӯшиданд?" Вале, ҳар чӣ ҳам ки бошад, ВКД-и кишвар нав ба таъқиби ин гуна фоҳишахонаҳо шурӯъ кардааст. Иқдоми хуб. Пирӯз бошед!”

Корбаре бо номи Гулғунча аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки мақомот танҳо фоҳишаҳоро боздошту муҷозот мекунанд, вале бо мардоне, ки аз “хадамот”-и онҳо истифода мебаранд, коре надоранд. Ӯ навиштааст, “аз баъзе ҷавонон нафратам меояд. Фикр мекунанд, ба мисли об поку ба мисли шир сафед ҳастанд. Охир, эй шармандаҳо, ба ҳамин фоҳишаҳо кӣ дастдарозӣ мекунад? Ҳамин мардҳо! Мардҳо боз шарм намедоранд. Баъзеҳо ба ҳамин корҳо машғуланд, лекин худро мусичаи бегуноҳ мегиранд. Бояд мардоне, ки бо танфурӯшон алоқа мекунанд, онҳоро ҳам ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашид.” Дар ҳоле ки ба бовари ин хонанда, “агар мардон ба духтарон нарасанд, онҳо аз куҷо фоҳиша мешаванд? Қабл аз ҳама бояд пеши роҳи ҳамин хел мардонро гирифт. Онҳо дар ҷаъмияти мо фоҳишагариро эҷод кардаанд.”

Хонандаи азиз, агар Шумо дар ин бора назари дигар доред, ё роҳҳои беҳтари мубориза бо танфурӯширо медонед, дар пайи ин матлаб бинависед.
Мӯҳр
Сотим ту мегуи, ки 50% занхо ба танфуруши ё даллаги машгуланд. Ба гуфти ту хар як дуюм зани точик танфуруш ё далла мебошад. Сотим ту модар, хохар, зан дори? Аввал андеша баъд гуфтор!

ягона рох ин пешгири кардани танфуруши нест. Бо назардошти вазъияти кунуни лозим мешуморем, ин намуди фаъолият легали ва конуни гардонида шавад. Дар тули таърих инсоният чорахои мухталифро мукобили ин намуди фаъолият рохандози кард вале натича надод. Дар тамоми кишвархои мутамаддин ва иловатан исломи ин раванд бо роху воситахои гуногун пеш меравад. Хуб мешавад чойхои муаян бо назардошти талаботи санитари гигиени ва саломативу амнияти чудо карда шавад.
Хохиш мекунам дар бораи гуру киёмату дигару дигар хеч чи чавоб нагуед. Чун аллакай дер шудааст. Дар арабистон низ ин равандро пешгири карданд натича надод.

Тадкикотчи
Дар хар нохия чандин нуктаи танфуруши мавчудаст. Баъзе аз занон шабонарузи бо ин корхо машгуланд. Шаб дар ресторанхо ва рузона дар богхои истирохати. Чойи аз хама намоён ва арзонтарин ин назди Садбарг мебошад. Бо чашмони худ дидам, чи тавр нарх мегузоштанд...
Ба фикри ман ин хама аз бекорист...

коля
Аз ин корхо хама хабардор буданд хабардоранд ва дар ояндахам хоханд, фахмид лекин барои нест кардани ин амали зишт бояд чиддан кушиш кард на инки руяки агар ин кор чидди бошад тамоми фохишахонахою фохишахое,ки дар тамоми шахру навохии Чумхури аст аз онхо кормандони ВКД бохабаранд. Шояд Вазиррхам пеш аз ин хабар дошту косаи сабраш лабрез шуд,ки мабодо шарамнада кунанд касби милисагиро агар ин кор дар чомеа ошкор мешуд.

Мулки
Пешниходи Гулғунча чихати ба чавобгари кашидани онхое, ки аз ин навъи хизматрасони истифода мекунанд, дурусту саривактист. Бояд милисахо зимни гузаронидани рейд мардхоеро, ки ба "мехмони" назди фохишахо омадаанд, боздошт ва нисбаташон чорахои зарури андешанд. Агар чунин шавад, нахангхое ба шаст хоханд афтид, ки шояд зури ВКД ба онхо нарасад. Тибки иттилооти гайрирасми, аз фохишахонахо бештар онхое дидан менамоянд, ки решаи бокувват доранд.

Салом. Ҳаркӣ мегӯяд фоҳишагии занҳои имрӯзаи тоҷик аз бекорист. садарсад аст. Аз бекорӣ, мардҳо ба мӯҳоҷират мераванд, занҳо моҳҳову солҳо бешавҳар мемонанд. Баъзе мардҳо ба хона пул намефиристанд, бо чи сабабе, ки набошад. Ё умуман бесабаб. Занҳояшон маҷбуранд, борои қути лоямут ба кӯча ба кор бароянд ва бо сари сахт ба ҳамаи кор розӣ мешаванд. Ва охир ин чинси латифу камқувват чӣ кор карда метавонад, ба ҷуз дар бинои мактабе ё коргаҳи дигаре рубанда нашавад? Агар дар тарабхона, ошхонаи ягон фасодкори дигар хизматгор нашавад? Аммо боз агар ҳамаи чунин шуғлҳои кӯчак ба занҳои бекормонда расад. Пас чӣ кор кунад? Аз бекорӣ, аз ночорӣ, ки баччааш, либос мегӯяд, барои мактабаш пул мехоҳад, дигар маҷбур аст, ки бо ҳар роҳ пул кор кунад. Аммо кадом роҳ? Кош занҳои имрӯзаи тоҷик ҳамаашон маълумотдор бошанду аз рӯйи ихтисос дар ширкатҳои бонуфуз кор карда тавонанд.

ЧАМИК
Салом. Бисёр дарднок аст, ки имруз дар чомеаи мо факат дар кучое як муло бошад дар чашми КГБ ва МВД метобад!!!!!!!!!!! аммо афсус, ки ин мардони фохишаву занхои фохишаро намбинанду дар ТВТ нишондиханд!!! ман боварии комил дорам, ки фохиша кории асоси хамин сарватмандони мо мебошанд. бовар кунед духтарони пеши пеша бурда истифода мекунанд!!!! Худо тавфикатон дихад...

даллахои фохишагон одамони кормандони боло ва е кормандони орган мебошанд ки аз ин кор доля мегиранд.

Dev
Peshnihodi Gulguncha kobili kabul. Ba javobgari kashidani mardoni masjidravi fosiku chirkin ham ba nafi millat astu ham ba nafi jomea.Holo javonakhoi masjidrav ba kahr meoyand, ki masjidashonro injo navishtam, vale ohir in hakikat ast, az hakikat gurehtan darkor nest, mushkiliro hal meboyad kard, vassalom.

ТОМИРИС
Агар гуянд,ки фохишагари аз бекорист галат аст. имрузхо шукрона хамаи шароитхо мухайёст барои занон бепул мехонанд касб меомузонанд вале он зане ки дар ниходаш ин кор аст агар шавхар хам дошта бошад ба фохишаги дааст мезанад. Вазири мухтарам ягона нафари бохирадест ки икдоми хубро пеш гирифтааст. Барои ин гуна нафарон номи зани точик паст мешавад. Агар зани олиха либоси аврупои ба бар кунаду як каме аз упову хино истифода кунад марди точик хамоно фоиша гуфта наздаш медавад. Вале мардхо пеш аз хама Шуморо бояд тарбия кард на занхора

Ба гайри он фохишазанхое, ки ошкоро дар куча аз паи коранд ки танхо 10-20%-и аз умумро ташкил медиханд, фохишахои хонагихое хастанд, ки дар хонаи худ кабул карда бисер мизочон доранд, яъне мондаги 80-90%-и онхо, так что вай кучагардхое, ки милисахо КРЫША-и онхоянд, лишь капля из моря....

ситам
дар ин хукумат дигар мушкиле нест бар иардону занон чи кор доред вай оликияти шахсии онхост чи хел хоханд истифода мекунанд хуб мешуд аз пайи пешгирии чинояткори мешудед е сафи худро аз кормандои нашъачаллобу фасодзада пок мекардед ин баройи чомеа манфиатноктар мешуд шумо обро лой карда мохи доштани мехохед.

рохи пешгирии фохишахо ин аз богча мактаб оила бояд бошад. Фарзандонро чи духтар чи писарро бояд хамин хел тарбия кард, ки хамин корхои зиштро накунад. Номоз хондан намемонанд сабак гирифтан намемонанд, лекин як чизро бояд кайд кард, одаме, ки ба ислом руй меорад ин корхоро намекунад))))

Санчишгар
Ман каме мехостам фикри худро оиди ин масъала баён намоям: Модоме ки мо Конунхоро оиди масъалаи мазкур кабул менамоем пеш аз хама бояд омили сарзадани кирдори бадахлокро решакан кард.Хангоми бо фохишахо вохурдан аз онхо сабаби ба ин кор руй оварданашонро пурсон шудан У хатман паст будани сатхи зиндаги ва бе чои кор буданро баён менамояд.Аз ин лихоз бо ин омили ичтимои мубориза бурдан хеле мушкил аст.Хуб мешуд ки дар Конун меъёрхои ухдадоркунандаро чори намуда хангоми дастгир намудани фохишахо онхоро бо чои кор тавасути меъёри мачбуркунанда таъмин намоянд хеле хуб мешуд.

Хубтараш Вазирхои мухтарам Клубхоеро, ки дар ончо шабхо духтарони Точик бо тшахрвандони Афгонистон раксу бози мекунанду сипас ба хамхобаги даст мезананд, ин Клубхоро фаъолияташонро баъд аз соати 11-и шаб манъ намоянд. Хусусан Бешаи Палангон ва Фарахнозро. Хамчунин мардхоеро, ки бо чунин фохишахо дастгир мекунанд чаримабанди намоянд. Айни замон 50%-и духтарони чавону миёнасол бо шахрвандони Афгонистону Хитой хобухез намуда истодаанд........ Кучо шуд он нангу номуси мусалмониву Точики. Хаминхел идома додан гирад миллати точик ба наздики аз байн меравад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)