Бахшҳо
09 июн 2014 15:05Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Ҷустуҷӯи пулҳои Занҷонӣ. Дар Тоҷикистон, Русия ё Туркия?

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, барои пайгирии амволи Бобак Занҷонӣ миллиардери боздоштшуда дар хориҷ аз ин кишвар муваззаф шудааст.

Юсуфиён Мулло, узви нозири Маҷлиси Эрон дар ситоди мубориза бо фасоди иқтисодӣ, мегӯяд, дар ҷаласаи ахири ин ситод оқои Зариф вазифадор шудааст, то тавассути сафоратхонаҳои кишвараш дар давлатҳои хориҷ парвандаи амволи Занҷониро пайгирӣ кунад. Ба гуфтаи ӯ, ин қарори ситоди мазкур дар ҳолест, ки Вазорати умури хориҷии Эрон то ҳол дар робита ба парвандаи Бобак Занҷонӣ, миллиардери муттаҳам дар азхудкунии миллионҳо доллари давлат ва сармоягузори бархе аз лоиҳаҳо дар хориҷа, иқдомеро рӯи даст нагирифтааст.

“Вазири умури хориҷии Эрон бар асоси қонуни низоми саломати идорӣ бояд ба пайгирии амволи Занҷонӣ дар кишварҳои хориҷа машғул мешуд”,-гуфтааст Юсуфиён Мулло. Ин узви нозири Маҷлиси Эрон дар ситоди мубориза бо фасоди иқтисодӣ дар идома аз он ибрози таассуф кардааст, ки бархе ниҳод ва вазоратҳои кишвараш, ки бевосита ба мубориза бар зидди фасод рабт доранд, барои пеш бурдани парвандаи Бобак Занҷонӣ иқдомеро анҷом намедиҳанд.

Юсуфиён Мулло аз эъзоми як гуруҳи муфаттишон ба суроғи амволи Занҷонӣ ба Тоҷикистону Русия ба шиддат танқид намуда, гуфтааст, дар сурати вуҷуд доштани сафоратҳои Эрон дар ин кишварҳҳо чаро муфаттишон эъзом мешаванд? “Пайгирии амволи миллиардери боздоштшудаи эронӣ танҳо бояд тавассути сафоратхонаҳо сурат бигирад. Бархе сафоратхонаҳо дар дохили кишвар ҷавлонгоҳи Занҷонӣ буданду ҳоло онҳо нисбат ба тахаллуфоти ӯ бетаваҷҷуҳӣ менамоянд ва ҳамкорӣ надоштани онҳо сабаб шудааст, ки парвандаи ин миллиардери боздоштшуда хеле суст пеш меравад. Қотеона мегӯям, ҳар сафорате мехоҳад, номаш ифшо нашавад, бояд дар робита иқдомеро рӯи даст гирад”,-афзудааст ӯ.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Ситоди мубориза бо фасоди иқтисодии Эрон барои бозпас овардани сармояҳои Занҷонӣ аз Вазорати умури хориҷии ин кишвар кумак хоста буд. Юсуфиён Мулло қаблан гуфта буд, муфаттишони сафарбаршуда макони сармояҳои Занҷониро муайян кардаанд, вале қудрати ба танҳоӣ бозпас овардани онҳоро надоранд. Ӯ изҳор дошт, “масири пулҳои Занҷонӣ мушаххас шудааст ва агар Вазорати умури хориҷии Эрон ба ин масъала дахл карда, ба мо ёрӣ расонад, метавонем, ин пулҳоро баргардонем.”

Бобак Занҷонӣ, ки аз ӯ “дӯст”-и бархе аз мақомдорони тоҷик низ ном бурда мешавад, 30 декабри соли гузашта дар Эрон боздошт ва баъдан ба зиндони Эвини ин кишвар интиқол ёфт. Мақомоти Эрон эълон карданд, ки Занҷонӣ барои "гум шудан"-и 2 миллиарду 60 миллион евро пули марбут ба Вазорати нафт, ки шахси воқеӣ набояд онро дар ҳисоби худ дошта бошад ва аз он барои сармоягузорӣ истифода кунад, муттаҳам мешавад. Ин миқдор пуле, ки миллиардери эронӣ гуфтааст, онро тавассути Бонки миллли Тоҷикистон ба кишвараш интиқол дода, санад ҳам дорад. Аммо вакилони парлумони Эрон ин санадро ҷаълӣ ё қалбакӣ хонда, Бонки миллии Тоҷикистон ҳам анҷоми як чунин амалиёт тавассути ин бонкро расман рад кард.

Номи Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ замоне дар Тоҷикистон маъруф ва сархати расонаҳои хабарии кишвар қарор гирифт, ки сармояҳои ӯ вориди Душанбе шуд. Дар Тоҷикистон ҳоло ду тарҳ, ширкати “Осиё Экспресс”, соҳиби нави автовокзали пойтахт ва бонки «Kont Investment Bank», ки қароргоҳаш дар Душанбе мебошад, ба Занҷонӣ марбут дониста мешаванд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)