Бахшҳо
10 июн 2014 10:02Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Муроҷиати видеоии Мастер Исмайл: “Тоҷикситезию теғзанӣ ва кидат бас!”

Мастер Исмайл, репсарои маъруфи тоҷик, бо нашри як муроҷиатномаи видеоӣ аз ҷавонони тоҷик хостааст, “ба тоҷикситезӣ, тоҷиктеғзанӣ ва тоҷиккидаткунӣ дар дохилу хориҷи кишвар” хотима диҳанду муттаҳид бошанд.

Мастер Исмайл дар навори даҳдақиқаӣ, ки дар як муддати кӯтоҳ тарафдорони зиёд пайдо намудааст, аз он интиқод мекунад, ки ҷавонон дар Русия аз тоҷик муаррифӣ кардани худ шарм медоранд ва дар бештари ҳолатҳо худро зодаи Қафқоз мегӯянд. Исмайл аз ҷавонон даъват кардааст, ин корро канор гузоранду ба боло бурдани обрӯи тоҷикон дар хориҷи кишвар пардозанд.

Вай бо зикри ҷанги бародаркушӣ гуфтааст, “мефаҳмам, ки ҷанги бародаркушӣ моро аз ҳамдигар ҷудо кард, аксарияти оилаҳо фарзандону кӯдакон ва ё ҳамсарони худро аз даст доданд, Худо раҳматашон кунад. Бисёриҳоро ҳамин дард дар дилашон мондааст, барои ҳамин маҳалгароӣ бисёр асту ҳамдигарро нағз намебинанд. Дар Русия маҳалгароии тоҷикон аз ин бадтар аст.” Ӯ дар идома таъкид мекунад, вақти он расидааст, ки тоҷикон муттаҳид бошанд.

Дар муроҷиат ба мактаббачагон Мастер Исмайл илова кардааст, теғкаширо ба рӯи бародари худ хотима диҳанд: “Агар надонед, ки нерӯро куҷо сарф кунед, равед ба варзиш машғул шавед ва ба ҳамин васила номи Ватанро боло баред. Бо теғкашӣ ҳаёти худу ҳаёти ҷавони дигару волидонатонро месӯзонед.”

Дар охири муроҷиаташ Мастер Исмайл таъкид мекунад, калиди ҳалли ҳамаи мушкилоти тоҷикон дар Русия ин муттаҳидӣ мебошад, чун ба гуфтаи ӯ танҳо дар ин ҳолат тоҷиккушӣ, тоҷиккидаткунӣ ва тоҷикситезӣ анҷом меёбад.
Мӯҳр
Восеъи Баходур
Бехтарин пешниход аз номи бехтарин Инсон! Бояд мо кинаву гурур, хусумат ва бадбини нисбати якдигарро бартараф намоем.
Биё эй бародар бас дигар бадбини нисбати ягдигар!

ш
Гапхои хавои. Точик чи хеле ки буд хамон хел мемонад. Бадбахти дар он аст, ки кисми зиеди точикон кишлоки хастанд. Махалчиги бештар аз онхост.

Сафо
Худи хамин мастер Исмайл падараш ки як муаллими одди буду писарамакаш як чавони бегунох дар чанг кушта шуданд вале бузургии дили ин инсонро бубинед ки хеч кина ва адоват дар дил надорад

бехтарин пешниход оббод бошед Исмоилчон

Кулоби
Офарин Исмайл бояд мисли ин чавону часуру гамхори миллат дар фикри ободи ва пешравии миллат бошед на инки пастзанию тахкири хамдигар зиндабоши Исмайл бародар ба пеш инхел изхоротхоро бештар кунед хисси ватандустиии чавонони моро баланд бардоред то ки дар атрофи хам мутахид бошанд.

Кори намешуданиро гуфтааст. Гапи хавои. Пешниходи конкретний даркор

На чем намекаешь ?
Сафо,

obdboshi master ismail haminxel baromado az tarafi haminxel odamoeki javono gushon meknan patsanoda tasir mekna agar hamai javono haminxel fahmish doshtaboshan millati mo imruz ikadar kafo nameravavu badnom nameshavad

Ф
Бародар.Ш.кишилокихо мардуме хастан мисли гуспанд ва шахрие мисли чупон шумо пулдор хастед онхо барои шумо кор мекунан онхо кина надоран мисли ту.!!!

Дайду
Войи миллате, ки ниёзманд ба насиҳати як таронасарои хиёбонӣ шуда бошад! Войи касе, ки ин гуфтаҳоро ҳамчун сухани рӯз пешкаши хонанда қарор додааст! Миллате бо ин бузругӣ, ки ҳанӯз 11 аср пеш шоираш гуфта буд: Ангушт макун ранҷа ба даркӯфтани кас…, Ин теғ на аз баҳри ситамкорон карданд… ва Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад… агар гуфтаҳои як артисти хиёбониро эталон қарор додааст, пас миллат нест, қабилае аст, ки бузургаш ҳамин таронасарои кӯчабоғист! Ҳайфам меояд, ки бо шумо ҳамватанам!

.
Дайду,

Суханхои хамин сарояндаи хиебони аз хамон суханхои бемаънии "шукрона кунед" ва суханхо дар бораи "пешрафти" чумхури сад баробар ба хакикат наздиктаранд. Сухани хак хак аст, фарк надорад аз дахони ки омадааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)