Бахшҳо

Фирӯза Ҷумъаниёзоваро кӣ намонд: Узбакистон ё Тоҷикистон?

Бештари сокиноне, ки рӯзи 7 июни соли ҷорӣ ба тамошои консерти овозхон Далер Кутузов омада буданд, аз ҳузур надоштани Фирӯза Ҷумъаниёзова, овозхони шинохтаи узбакистонӣ, дар ин маҳфил норизоӣ карданд. Онҳо мегӯянд, таблиғи он ки дар консерти Далер Кутузов Фирӯза Ҷумъаниёзова ба ҳайси меҳмон иштирок мекунад, онҳоро ба толор оварда буд.

Ин консерти Далер Кутузов дар “Қасри варзиш”-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Пеш аз консерт дар бахшҳои таблиғотии телевизиону радио ва лавҳаҳо гуфта шуда буд, меҳмони шоу-консерт сарояндаи шинохтаи узбакистонӣ Фирӯза Ҷумъаниёзова аст.

Сайёра Акбархӯҷаева – мудири бахши фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки барандагии ин барномаи консертиро бар ӯҳда дошт, дар мавриди иштирок надоштани Ҷумъаниёзова ба “Озодагон” гуфт, “то ҷое огаҳӣ доштам, бо Фирӯза Ҷумъаниёзова мувофиқа шуда буд, ки ба ҳайси меҳмон дар консерт иштирок мекунад ва ҳатто барои ӯ ҷойу раводид (виза) низ фароҳам шуда буд. Аммо зимни барномаи консертӣ дар Қасри варзиш, Ҷумъаниёзова тариқи монитори электронӣ сухан карда, изҳор дошт, ки натавонист дар консерт иштирок кунад. Ӯ дар шарҳи ҳузур надоштанаш афзуд, ки гӯиё ҷониби Узбакистон барои убур аз гузаргоҳи гумрукӣ ба ӯ иҷоза надодааст. Ин эълон боиси норизогии тамошобинони консерт гашт.”

Дар робита ба ин, масъулони ҳукумати вилояти Суғд ба хабаргузории “Озодагон” гуфтанд, “барои омадани Фирӯза Ҷумъаниёзова иҷоза дода нашудааст. Дар мактубе, ки дар Раёсати фарҳанги вилоят сабт гардидааст, танҳо барои баргузории шоу-консерти Далер Кутузов расман иҷозат дода шудааст”. Дар ҳоле ки ҳудуди як моҳ дар миқёси вилоят лавҳаҳои таблиғӣ овезон буданду аз тариқи радиову телевизионҳои маҳаллии шаҳри Хуҷанд роликҳои таблиғи Далер Кутузов ва меҳмони он Фирўза Ҷумъаниёзова намоиш ва гўшрас карда мешуд, аммо мақомот доир ба ин масъала мардумро огаҳ насохтанд.

Далер Кутузов – овозхони тоҷик бо Фирӯза Ҷумъаниёзова - сарояндаи шинохтаи узбакистонӣ дуэтеро бо номи “Хушрӯча” иҷро кардаанд ва он мавриди истиқболи аксари сокинони вилят гардидааст.
Мӯҳр
Мардум то хол намефахманд ки у таблигот бахри мардумро даъват намудан буд агар Фируза меомад хечгох билет 30 сомони намешуд ин ба мардуми сода маълум фикр кадан даркор агар вай аз Узбакистон меомад хечгох нархи билет 30 сомони набуд зиёда аз 50 сомони мешуд ,

Ба ин овозхонхо нанги кас меояд ки овози хуб дорад аммо ба кодм як овозхини узбак хамрох сурудан мехохад.Далер ба ту айб аст!

И это не в первый раз, такие случаи были и с Шабнамом и с Фарзонаи Хуршед в том же стадионе. А комитету фархангу наплевать им бы деньги погребать.

Саримсок
Озодагон ба фикрам ин сурати Дилноза Каримова аст!

хардуша дар як копча андозу дар кули Сарез парто

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)