Кличко, ки дар шаҳри Гоинги Австрия ба ин рақобат омодагӣ мебинад, зимни нишасти хабарие дар ҷавоб ба саволи як журналист, ки пурсид Адамек чӣ гуна бар ӯ пирӯз шуда метавонад, дар бораи чубдасти бейсбол ҳарф зад. Аммо аз ин ҷавоб пештар ба саволи мазкур менеҷери Кличко посух гуфт. Ба қавли Бернд Бент пирӯзии Адамекро танҳо тапонча таъмин карда метавонад. Аммо Кличко афзуд, ки: "Фикр намекунам, ки пулис ба ӯ иҷоза бидиҳад, ки тапончаро ба ринг барорад. Шояд чӯби бейсбол ба ӯ кӯмак расонад? Не, не, ҳатто ин ҳам ба ӯ имкон намедиҳад, ки маро шикаст диҳад".
Дар дидор бо Адамек Кличкои бузург унвони қаҳрамони ҷаҳон дар вазни вазнини версияи WBC (Шӯрои байналмилалии бокс) ҳифз мекунад. Кличкои 40-сола 44 маротиба ба ринги касбӣ баромада, 42 маротиба дастболо шуда (39-нокаут), ду маротиба мағлуб шудааст. Адамеки 34-сола бошад, аз 45 дидор 44 ғалаба ба даст оварда (28 - нокаут), ҳамагӣ як маротиба шикаст хӯрдааст. Дар гузашта ӯ дар вазнҳои то 79,4 ва то 90,9 кило унвони қаҳрамониро ба даст оварда буд.
Мӯҳр« Апрел 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 |