Стратегияи нави Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон: Нодорҳоро дастгирӣ мекунем!
Шӯрои директорони Бонки ҷаҳонӣ стратегия нави ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро баррасӣ дорад, ки роҳҳои рушди кишвар дар 4 соли оянда-2015-2018-ро дар бар мегирад.
Тибқи иттилоияи нашркардаи ин ниҳоди молиявӣ стратегияи нав се самти асосӣ- рушди бахши хусусию сармоягузорӣ, васеъ намудани дастрасии мардум ба хизматрасониҳои маориф, тандурустӣ, кӯмаки иҷтимоӣ, обтаъминкунӣ ва таъмини дастрасии кишвар ба бозорҳои минтақавию дониши ҷаҳониро фаро мегирад.
Сароҷ Кумар Ҷа, директори Бонки ҷаҳонӣ барои Осиёи Марказӣ мегӯяд, Тоҷикистон дар даҳсолаи охир ба рушди мусбати иқтисодӣ ноил гашт ва барои дастовардҳои бештар ба дараҷаи нави омодагию ислоҳоти амиқтари сохторӣ ниёз дорад.
Марша Олив, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, самти стратегии барномаи нави чорсола баланд бардоштани даромад ва некӯаҳволии 40 фоизи аҳолии нодортарини Тоҷикистонро дар бар мегирад: “Барои ҳалли мушкилоти камбизоатии шадид, мо нақшаи ҳукуматро дар бораи кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ дастгирӣ мекунем, то қишри нодортарини аҳолӣ дар саросари кишвар тавонанд аз кӯмак баҳра баранд.”
Бонки Ҷаҳонӣ дар стратегияи нав ваъда додааст, ки ба Тоҷикистон барои рушди хизматрасониҳои коммуналӣ, таъмин бо оби тозаи ошомиданӣ, паст кардани сатҳи коррупсия, беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ кам кардани тафовути гендерӣ ва рушди инсонӣ кӯмак мекунад.
Маълумотнома: Тоҷикистон соли 1993 аъзои Бонки ҷаҳонӣ гашта соли 1994 ба IFC пайваст. Аз соли 1996 инҷониб Бонки ҷаҳонӣ маблағи тақрибан 955 миллион доллари ИМА-ро тавассути қарзҳо ва грантҳои Ассотсиатсияи байналмиллалии рушд (IDA) ва фондҳои мақсаднок ҷиҳати беҳсозии зиндагии мардум дар Тоҷикистон ҷудо намуд. Тақрибан 34% ин маблағ ба соҳаи кишоварзӣ ва рушди деҳот равона шуд. Дигар бахшҳои асосӣ сиёсати иқтисодӣ ва бахши давлатӣ – 17%, энергетика – 15%, об ва рушди шаҳр–15%, маориф – 10% ва тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ– 9% маҳсуб меёбанд. Сандуқии ҷории Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аз 12 лоиҳа бо ӯҳдадории холиси 199 миллион доллари ИМА иборат аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |