Ҳушдори ҲНИТ ба ҳукумат дар остонаи интихоботи 2015

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар ҷаласаи ғайринавбатияш ҳамла ба раиси худ дар шаҳри Кӯлобро ба баррасӣ гирифта, онро дасти гуруҳе хондааст, ки нооромии наверо дар кишвар хоҳонанд.
Дар изҳороти Шӯрои сиёсии ҲНИТ, аз ҷумла омадааст, “Шӯро ҳодисаи ҳуҷум ба Муҳиддин Кабирӣ - раиси ҳизб ва вакили Маҷлиси намояндагони кишвар ва ҳайати ҳамроҳонаш дар шаҳри Кӯлобро шадидан маҳкум намуда, онро ҷинояти тарҳрезишуда аз ҷониби доираҳое медонад, ки оромиву субот ва ваҳдати миллиро халалдор кардан мехоҳанд.”
Масъулони ҲНИТ гуфтаанд, рух додани чунин ҳодиса дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ баёнгари он аст, ки дар кишвар гуруҳе хоҳони бесуботӣ ва нооромии нав мебошад. ҲНИТ ҳушдор додааст, идома ёфтани ин вазъият дар остонаи интихоботи парлумонии соли 2015-и Тоҷикистон барои субот ва амнияти кишвар хатар дорад.
Шӯрои сиёсии ҲНИТ мегӯяд, мақомоти давлатӣ аз сиёсати таҳаммулпазирии раҳбарият ва аъзои ин ҳизб суистифода карда, фишору ҳуқуқвайронкунии худро бештар намудаанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи онҳо, “бо роҳи тӯҳмат ва тарсу фишор аз сафи ҳизб берун кардани аъзо, бастани дафтарҳои кории ҳизб бо баҳонаҳои гуногун, нашри мақолаву маводҳои тӯҳматангез ва таҳқиркунанда алайҳи аъзову ҷонибдорони ҳизб, рӯҳоният, арзишҳои динӣ ва миллӣ, фишорҳои иқтисодӣ болои аъзову ҷонибдорони ҳизб афзудааст.”
Дар охир Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, то ҷилави амалҳои ғайриқонунӣ ва иғвогароёнаи баъзе мақомот ва гурӯҳҳои манфиатддорро бигирад ва нишон бидиҳад, ки масъулияти таъмини амният, ҳуқуқу озодиҳои ҳамаи шаҳрвандон ва ҳизбҳои сиёсиро новобаста аз нажод, дин, ҳизбият ва минтақа бардӯш дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |