Бахшҳо

Боздошти “муллои қасидахон” ба иттиҳоми муносибатҳои шаҳвонӣ

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Сироҷ Саидов -- сархатиби масҷиди Мирсаид Ҷамолиддини ноҳия Вахш ба иттиҳоми амалҳои шаҳвонӣ нисбат ба занон боздошт шудааст. Ин ниҳод шоми 11 ба 12 июн бо пахши як гузориш дар телевизионҳои давлатӣ эълон кард, ки боздоштшуда аз фаъолони ячейкаи бахши ҲНИТ дар Вахш, сархатиб, имоми масҷиди ба номи Мирсаид Ҷамолиддини ин ноҳия буда, миёни мардуми Вахшу Бохтар ва Қӯрғонтеппа ҳамчун “мулло”-и дамгар ва қасидахон машҳур будааст.

Ба иттилои ВУД, Сироҷ Саидов ба ном худро “мулло” мегирифтаасту ба табобати занҳои безурёт машғул будааст. “Сироҷ Саидов аз моҳи феврали соли равон бо баҳонаи табобат занҳоро қабул намуда, нисбат ба онҳо муносибатҳои шаҳвонӣ мекард”,-гуфта шуд дар гузориши Вазорати умури дохилӣ.

Худи Сироҷ Саидов ҳангоми намоиши барнома иброз дошт, ки ӯ ба боварии занҳо даромада ба хотири табобат кардан аз онҳо пул мегирифт ва нисбаташон амалҳои шаҳвонӣ мекард: “Ман аз кори кардаам пушаймонам ва ба дигарон муроҷиат мекунам, ки ҳеч гоҳ ба ин амалҳои зишт даст назананд”.

Бино ба иттилои ВУД, аз рӯи ин ҳодиса нисбат ба Саидов парванди ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. Ин дар ҳолест, ки қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ студияе бо номи “Нури наҳзат” навореро пахш намуд, ки дар он Саидов қасидахонӣ карда, бо як зани ҷавон амалҳои шаҳвонӣ анҷом медод.

Аммо Ҳикматулло Сайфуллозода, як масъули Ҳизби наҳзати исломӣ, ба “Озодагон” гуфт, Сироҷ Саидов узви ҳизби онҳо нест ва “мақсад аз ин маърака бадном кардани ҳизб мебошад”.
Мӯҳр
Эсхата
Э шармандахо тиратон ба хок мехурад. Чохкан зери чо мегуянд, як руз ташкилкунандагони хамин корхо худашон хатман бо хамин гунох боздошт ва русиёх мешаванд, иншоалллох. ин мардак ба гирдугушаи хизби ислом намечархад, вакте хатиб шуд у хакки аъзои хизби сиёси шуданро надорад, вале имкон дорад ки у узви ХХДТ бошад чунки мачбури то имруз чунин корхоро кардаанд.

в
Ин мулло Саидов 3 сол пеш аъзои ХХДТ шуда буд. Чаро мардумро фиреб медихед ки нахзати аст?

Peshka
Аввалаш ин ки аъзои хизб наметавонад имоми масчид бошад. Конун инрро манъ мекунад. Яъне хабари он. ки ин шахс аъзои ХНТ будааст дуруг аст.
Дуюмаш ин ки вакте фохишахоро дастгир мекунанд онхоро ному насабашонро наменависанд. Факат аввали харфи ному насабашонро А.Б. менависанд тамом, аммо он касоне, ки намояндаи дин хастанд, онхоро ба пурраги муаррифи мекунанд. Ва вакте аз телевизион намоиш медиханд хам чунин аст. Руи фохишахою мардхои фахшгарро нишон намедиханд, аммо муллохоро дар кадри калон нишон медиханд.
Максад чи бошад? Бадбини нисбат ба Ислом ва дог кардани номи Ислом?

Ал- Муслимин
Аз кабили ин хел "муллохо" ба хонавайронии занону мардхо дар солхои охир сабабгор хастанд. Ба бахонаи хунуку гармкунии ва касидаву афсунхони, мардуми соддаро горат ва хонавайрон кардаанд. Кормандони хифзи хукук худ нагз медонанд, ки дар кадом махалла ва минтакахои чумхури ин хел "муллохо" бизнис кушодагианд. Кадом муллое, ки хаминхел тумору таштобхо метихад ба чумлаи муштарионашон ба чавобгари кашида шаванд.

тахлилгар
Ин хукуматро бо хизматхои хирсонаашон шарманда кардаистодан
Хама медонанд, ки ин навор барои афкори чомеаро аз сенарияи тухмшаппак ба самти дигар кашидан аст. Вале хама медонад, ки касе агар эмоми масчид бошад узви хизб буда наметавонад.
Агар чикоре кнед фоидатон надорад. Мардм хамара фахмидаст. Бас кнен хамокатора. Мардма чамъ кнен ихел фитна накнен. Шмо бо мардма пора кардан хукумата идора карда наметонед.

Бовар кунед хаста шудем аз ҳамин туҳматҳо як кудак медонад ки ин ҳама спектакл аст

Хеч хел дуруг нест. Худи ман шохиди он будам, ки чи гуна мулло Исмат аз Панч бо сехр ба занону духтарон дастдарози мекунад. Макомоти кудрати нахуст бояд китобхои чодугариро, ки чанд сол кабл пахн шудаанд, чамъ карда сузонад. Чодугархоро махбас кунад. Ин шайтон аст дар никоби одам. Вагарна Куръонро таги по ва муъминонро хиёнат мекунад?

.
Халима,

Чи хел шохид буди? Ё ба ту дастдарози карда буд? Чаро то хол хомуш буди?

Вакте, ки ягон аъзои ХНИТ ё мулло дар навор хамчун фосик ва бачаи шайтон пайдо шавад, дар хол ХНИТ аз онхо номардона ру мегардонанд. Хол он, ки хамаи ин мулову муллобачахо аз таги дасти Кабири ва ХНИТ гузаштаанд. Ба фикрам халки точик фахмидааст, ки ХНИТ барои амалхои фосиконаи чунин ашхос дигар парда шуда наметавонад, чунки бо чунин амал ва максади фосикиву харомкори ва пули бедардимиён чамъкуни таъсис дода шудааст.

а
ин наворро аз кадом сомона дастрас кардан мумкин аст?

Ислом ба зоти худ надорад айбе, Хар айб, ки аст дар мусалмонии мост Ингуна домулову имомхатибхо номи исломро догдор мегардонанд,

ИСЛОМ ба зоти худ надорад айбе
Хар айб,ки хаст дар мусулмонии мост

Барно
Занхо беакл бошанд, айби мулло чист. мардонро ба мухочират камтар равон кунед, ки занон пеши мулло нараванд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)