Бахшҳо
12 июн 2014 08:57Тоҷикистон / Сиёсат

Дастури Раҳимзода ба генералҳо: Ҳамла ба Кабирӣ ва сафорат таҳқиқ шавад!

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, барои таҳқиқи ҳамла ба Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва бетартибӣ дар назди сафорати Британияи Кабир дар Душанбе гуруҳҳои махсуси корӣ таъсис додааст.

Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, роҳбарии таҳқиқи қазияи ҳамла ба Кабирӣ ба уҳдаи генерал-майор, муовини вазири умури дохилӣ Искандар Солеҳзода, вогузор шудааст.

Манбаъ мегӯяд, ҳамлаи дигар низ, ки рӯзи 10-уми июн дар Душанбе ба сафорати Британияи Кабир содир шудааст, мавриди таҳқиқ қарор мегирад: “Барои таҳқиқи ҳодисаи назди Сафорат таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милистия Умарзода Икром Ислом гуруҳи корӣ таъсис дода шуда, ҳодисаи мазкур ҳамаҷониба мавриди санҷиш қарор дорад.”

Ин дастуроти вазири умури дохилӣ дар ҳолеянд, ки рӯзи 10-уми июн Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили парлумон дар шаҳри Кӯлоб бо тухму памидор мавриди ҳамла қарор гирифта буд ва худи ҳамон рӯз чанд нафари дигар дар Душанбе назди сафорати Британия бетартибӣ карда, ба сӯи бинои сафорат санг партофтаанд.
Мӯҳр
Вох бача бо хами хтам нахзати нашида боши. Дируз бар зиди фохишагари, имруз тахкики казияи хамла.

Россиян
Манбаи хар ду хамла кори як кас аст ва он душмани миллати точик, ки дар даруни макомот аст бояд аз кор барканор ва хатто ба чавобгарии чинои кашида шавад агар ин корро милиса накунад рузе миилат уро шарманда мекунад.

Абдулло
Ба чуз воима дигар чизе нест!!!

Мебинем кани ВКД чи кадар кувват дорад ва дар кадом муддат чинояткоронро ба мардум нишон дода ба чавобгари кашида мешаванд

халид
Боз хизби нахзат гунахкор чи хаминам намедонед????

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)