30 000 $ фоида аз танфурӯшии маҷбурии духтари тоҷик дар Дубай
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як сокини 28-солаи шаҳри Кӯлоб, барои истисмори шаҳвонии духтари тоҷик дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб боздошт шудааст.
Ба иттилои ин ниҳод боздоштшуда ҳамроҳ бо ду нафари дигар як духтари 28-солаи тоҷикро моҳи феврали соли равон ба Дубай бурда, давоми ду моҳ ба танфурӯшӣ маҷбур кардааст: “Давоми ду моҳ аз ҳисоби ба танфурӯшӣ водор намудани духтари тоҷик боздоштшуда, 30 ҳазор доллари амрикоӣ фоида ба даст овардааст.”
Манбаъ мегӯяд, феълан алайҳи боздоштшуда, парвандаи ҷиноӣ боз шуда, амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ барои боздошти ду шарики дигари ӯ аз шаҳри Кӯлоб идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |