Бахшҳо
13 июн 2014 12:09Тоҷикистон / Сиёсат

Мансабдорони ҷавон: Рустами Эмомалӣ - №1, Абдуллозода - №2

Абдуллозода Аҳтам Рустам, нафаре, ки то кунун барои ҷомеаи кишвар ошно набуд, акнун дуюмин ҷавонтарин мансабдори тоҷик мебошад, ки соҳиби курсии баланд шудааст. Мансабдори ҷавони №1 ҳамоно Рустами Эмомалист, ки дар синни 26 симати раҳбарии Хадамоти гумрукро ба даст овард. Рустам ҷавонтарин генерали тоҷик ҳам ҳаст.

Абдуллозодаи 34-сола бо як қарори ҳукумати Тоҷикистон 12 июн раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таъин шуд. “Соҳиб”-и пешинаи ин курсӣ – Маликшо Неъматов бо фармони президент Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон ба Олмон меравад.

Иззат Амон, раиси Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия, мегӯяд, бо вуҷуди он ки Абдуллозода Аҳтам Рустамро намешиносад, аммо аз таъин шудани ӯ ба ин мақом ба ҳайси кадри ҷавон хушбин аст. “Ростӣ, Абдуллозода Аҳтам Рустамро намешиносам, вале гуфтаниам, ки бо рафтани Маликшо Неъматов ҳатман ин ниҳоди давлатӣ рушд хоҳад кард. Зеро тӯли ин ҳама сол ин ниҳод бештар ба як ниҳоди идеологӣ монанд буд, то ба варзишию сайёҳӣ”,-афзуд Иззат Амон.

Умед Ҷайҳонӣ, коршиноси ҷавон, ба суоли мо дар бораи он ки назараш ба таъини Абдуллозода ба мақоми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ чист, бо суол посух дод, ки “ҳар касе таҳсилоти олӣ ва таҷрубаи кофӣ дошта бошад, чиро раёсат накунад?” Аммо, афзуд Ҷайҳонӣ, “агар аз калонзодагон бошад ва донишу таҷруба надошта бошад, чунон ки аз таҷрубаи рӯзгор мебинем, коре барои кишвару миллат нахоҳад кард. Дар ҳукумати Тоҷикистон синну сол нақше надорад.”

Дар чанд соли ахир барои мақомҳои баландро “банд” кардани афроде, ки сину солашон “ба як ҷое расидааст”, расонаҳо зиёд менавиштанд. Аммо 30 ноябри соли 2013 гӯиё ҳама чӣ тағйир ёфт. Дар ин сана бо қарори раиси ҳукумати Тоҷикистон -- Эмомалӣ Раҳмон, Рустами Эмомалии 26-сола сардори Хадамоти гумрук таъин гардид. Ин таъинотро бархе ба маънии “ҷавоншавӣ”-и ҳукумат шарҳ доданд. Воқеан, ба дунбол чанд мансабдори баландпоя ба нафақа гусел шуданд. Ҳарчанд ҷои онҳо насиби ҷавонони 26-солаи дигар нашуд, аммо онҳое омаданд, ки то бознишастагияшон ҳанӯз фурсат ҳаст.

Абдуллозода Аҳтам Рустам, инак, дувумин мансабдори “ҷавонтарин” аст. Ӯ 31 октябри соли 1980 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Соли 2002 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуда, соҳиби ихтисоси ҳуқуқшиноси байналхалқӣ гаштааст. Солҳои 2002 - 2007 дар вазифаҳои мушовири ҳуқуқии Маркази истеҳсолию тиҷоратии “Иқлим” ва машваратчии ҳуқуқии ҶДММ “Юнитекс” фаъолият намудаст.

Соли 2007 ба кор ба Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон қабул гардида, дар вазифаҳои мутахассис, сармутахассис, мудири бахш, муовини мудири Шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи президент кор кардааст. Аз 22 январ дар курсии сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи президент менишаст. Абдуллозода рутбаи ҳарбии подполковник дошта, бо медалҳои ҷашнии “80-солагии Ташкилоти мададгори мудофиа”, “85-солагии Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “85-солагии милитсияи Тоҷикистон” ва “15-солагии Гвардияи миллии Тоҷикистон” мукофотонида шудааст.

Давоми наздик ба 7 моҳи раҳбарии Рустами Эмомалӣ ҳарчанд Хадамоти гумрук кадом як “кори фавқуллода”-е накард, аммо чанд хабаре буд, ки номи раиси онро ба расонаҳо кашид. Бузургтаринаш тафтиши муштараки ширкати “Нахуст Лизинг” аз ҷониби Хадамоти гумрук ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия буд, ки гуфта шуд, дар пайи тақаллубкориҳо зимни иҷораи ҳавопаймои ширкат пардохтҳои гумрукӣ ба маблағи беш аз 20 миллион сомонӣ рӯйпӯш шудаанд.

Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия, мегӯяд, барои он ки натиҷаи кори дувумин мансабдори ҷавонтарин маълум шавад, интизор бояд буд ва довариро ба уҳдаи вақт гузошт.
Мӯҳр
ин рустам дар кадом кушунхо хизмат кардааст, ки аллакай рутбаи генерали гирифтааст?

Номбардори ВАТАН
Ман метавонам ба бовари гуфт, ки хар як чавони болаёкат курсиеро сохиб шуд, хадди аккал метавонад кори назаррасе кунад. Чунки бо тафаккури тоза руи сахнаи сиёсии кишвар мешавад...

Анкетил Дюперон
Чавонони болаёкат зиёданд лекин бар асари минтакагароии рушёбанда онхоро ба вазифа намемонанд.Ин бошад боиси он мегардад,ягон чавони босаводи миллат аз дигар минтакахо дар кишвар зист накарда хамасола рама-рама хорича барои зхисти доими мераванд.

Вот это настояший монархия в Таджикистане. Позор таджикскому народу !!!!!

Вот это настояший монархия в Таджикистане. Позор таджикскому народу !!!!!

Ассалом дустони азиз!
Абдуллозода Аҳтам Рустамро мешиносам, аз таъин шудани ӯ ба ин мақом ба ҳайси кадри ҷавон хело бомаврид аст. Зеро он кас дар пешгирии кочоки инсон хеле хизмате кардаанд. Инсони хоксор , бомаданият , инсондуст ва кадршинос хастанд. Агар хамин гуна чавонон ба мансаб оянд, иншооллох, ки решрави мешавад. Ба он кас сихатманди ва барори кор мехохем. Худованд нигахбони хамаи хамватанон бошад!

in kulobi (dangara)nest xavotir nashaved.

Анушер ОдилшоХевич
Мо дастгири менем чавоноро. Пирони хирад факт маслихат тиханд, чавонон аз ухдаи хамаи корхо мебароянд. Абдуллозода ва Рустами Эмомали албатта бо боварии комил дигар чавононро ба тими худашонро чалб менамоянд. Чунки агар вазифаба муисафеда монанд вай боз дигар муисафедона гирди худ чамъ меоранд ва баъд факат доимо як гап доранд
Шумо нав ба 56 солаги кадам гузоштед -холо ЧАВОНЕД зиндаги хама дар пеш. Вакте бедор мешави ва мефахми, ки хама дар кафо мондаги. Баъд шеъри Афзалшохи Шоди " ЧАВОНИ РАФТ"ро зам зама карда месузи.

Сабри
Сиёсати кадрии кишвар теша ба решаи миллат зада истодааст,зеро он сиёсати минтакагарои хаст.

эй вой дод. наход дар кишвар чавонони болаекат набошанд?

Бетараф
Дар Чумхурии Точикистон чавонони болаёкат бисёранд. Факат чи хеле, ки ин чавонро имконият барои корбари доданд, бояд ба дигарон низ имконият дода шавад. Имруз барои Точикистон ин кадрхои чавон хисоб мешавад ва ин гуё як табаддулот аст. Лекин бояд ин хел набошад. Як маротиба Хукумати Казокистонро бинед. Аксаран чавон хастанд ва метавонанд ислохоти ба талаботи замон мутобикро пешбари кунанд.

Чавонон ба пеш !!!! Худо кунанд,ки бо интихоби Абдуллозода Ахтам Рустам колабхо шикасташуда,чавонони болаёкат ба вазифахои намоён интихоб гардида, давлати моро пеш рафта гардонанд. Аз хама мухимаш боз ин аст ,ки махалгарои аз байн равад. Тавассути чунин кадрхо мо метавонем давлати худро обод гардонем.

Одил
Чавоб ба Анушервон!!!!

Аввал сарфахми монархия рафтан даркор ва баъд онро истифода мекардед расо хуб мешуд. Чун, ки Абдуллозода на фарзанди Президент ва на хешу тавббори он аст . Барои хамин истифодаи терминологияи Шумо дар ин чо асоси вокеи надорад. Дуюм ин, ки кори Шумо ба халки точик чи аст, ки ин хел тахкири беаклона мекунед халкро ???? Аз оне, ки дар байни халк шурандози мекунед хубаш ягон кори мардакида гузаред.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)