Бахшҳо
13 июн 2014 13:09Тоҷикистон / Сиёсат

Ҳабси ҳамлавар ва ҳимоятгари Муҳиддин Кабирӣ дар Кӯлоб

Додгоҳи шаҳри Кӯлоб дар робита ба қазияи ҳамла ба Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон ду нафарро ба ҳабси 5-рӯзӣ маҳкум кардааст, ки яке аз онҳо узви ҲНИТ–Насруллоҳ Раҷабов мебошад.

Бино ба иттилои Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ, Насруллоҳ Раҷабов барои дашноми ҳамлаварон ба Муҳиддин Кабирӣ 5 рӯзи ҳабс гирифтааст. Ӯ аз қавли мақомот афзуд, ки яке аз ҳамлаварон ба Кабирӣ низ 5 рӯз зиндонӣ шудааст.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов мегӯяд, феълан дар робита ба ҳамла ба Муҳиддин Кабирӣ мақомот фаъолони ҳизбро дар минтақа мавриди бозпурсӣ қарор додаанд: “Баробари Насруллоҳ Раҷабов аз Себистон, ки 5 рӯзи зиндон гирифт, инчунин фаъолони дигари ҳизб-Дилшод Ғаффоров, аз деҳаи Кафтари ҷамоати Доғистони Шӯрообод, Муҳаммадшариф Набиев, раиси шӯъбаи минтақавии ҳизб ва инчунин сокинони Кӯлоб-Абдусамад Ғайратов, Ҷомӣ Ҳабибов, Сулаймон Қаландаров, Исмоил Талабов ва Бобораҳмон барои бозпурсӣ даъват шудаанд.”

Дар ҳамин ҳол мақомот ба масъулини ҲНИТ гуфтаанд, аз ҳисоби ҳамлаварон низ ҳудуди 20 нафар мавриди бозпурсӣ қарор доранд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳамла ба Муҳиддин Кабирӣ бо помидору тухм рӯзи 10-уми июн, баъди мулоқоти раиси ҲНИТ бо аъзои ҳизб сурат гирифт. Ин қазияро вакилони парлумони Тоҷикистон маҳкум карда, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон низ барои таҳқиқи он гуруҳи махсуси корӣ равона намудааст.


Мӯҳр
ТОчикони беномусу лаганбардору бесаводанд, ки ин корро мекунанд. Аклашон ки кам аст, ба хар сухани игвоангез боз точикони худро тухмшап мекунанд. Афсус аз солхои чанги шахрванди холо хам решахои пусида монда будаст.

Точикистонихо
Хизби нахзат дар чони точико задай кучойки набошем дар азоб аз номи хизб чи дар хоричи кишвар чи дар дохили кишвар маьнаш кунан барой чи маьнаш намекунан баройки аз хамин хизб истифода бурда мардуми камбагала гам метан барой ки аз худшонай то як точики диндор мондана ин хизба маьн намекунан набоша Дини ислом хизб надоштай
Озодагон мо бо шумоем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)