Бахшҳо

Мансаби нави Давлат Сафар дар Вазорати фарҳанг

Давлат Сафар, шоир ва собиқ раҳбари “Тоҷиккино”, ба мақоми сардори Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги Тоҷикистон таъин шудааст. Дар ин бора ба “Озодагон” як манбаъ аз Вазорати фарҳанг хабар дода, афзуд, рӯзи 13 июн муаррифии сардори нави раёсати табъу нашр дар ниҳоди мазкур баргузор гардидааст.

Давлат Сафар дар ин симат Сайфулло Қодировро иваз намуд. Давлат Сафар дар оғози моҳи январи соли ҷорӣ аз мақоми раиси корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиккино” барканор шуда, курсии худро ба Маҳмадкарим Соҳибов, директори собиқи киностудияи давлатии “Тоҷикфилм” дод. Оқои Сафар ба ин вазифа ду соли пеш аз Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон омада буд, ки дар он ҷо ба ҳайси муовини аввали директор кор мекард.

Дар пайи таъин шудани Давлат Сафар ба раҳбарии корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиккино” тарҷума ва фурӯши чанде аз филмҳои туркӣ, аз ҷумла “Ҳомиён”, манъ гардид. Агарчӣ баъдан баъзе аз ин филмҳо дубора тарҷума ва ба фурӯш бароварда шуданд.
ф
Мӯҳр
.
Дируз гуфта буд, ки шоире ки вазифа гирифт дигар шоир нест. Акнун шоириро бас карди рафик Сафаров?

Парвиз
Э ха ин шоир як гапа набудаст ку

иштибохи пиров аст, хамдардиро кабул кунед

Яъкуб.Душанбешахр.
Ин чаноби Д.Сафар гуфт ман шоир хастам шоире,ки вазифа гирад шоир нест.Яке мегуяд ман шоир хастаму яке не...ачиб

Ин вазифаи пурмасъулиятро ба Давлат Сафар, ки ба назарам яке аз муваффактарин шоирони замони имрузи точик аст, муборак мегуям...Шеърхои Давлат бисёр самими, шоирона, дорои мазмуни баланданд. Давлат марди сохибватан аст. Барои ватану миллат хизмпт хохад кард..

Давлат Сафар хамин одам на шоириш маълум шуду на мансабхохиш?

Садри
Ин хам корро аз румонти кабинет сар мекарда бошад.

.
Гар сари ебад ба олам кас ба неку шоири
Давлат Сафарро бар сари он шоирон зебад сари.

Собир
Вокеъан мардум фахмиши шеърдонияшон бисёр паст аст.Давлатбой на шоир хаст ва на идаои шоири дорад.У танхо гох-гох шеърхои навкаламонаи худро чоп мекунад ва барои дар майдони назм озмудани калами худ хукук низ чун шахрванд дорад.

Имомудин Одинаев
Одам, ки саросема мешудааст хархел гапа мезадааст дааааа))).

Сиема
Хами худат набудики як хафта пеш гуфта бди, ки шоире, ки вазифа мегира шоир нест? Ту ку ба номи шоириро дар замин задаиву лекин худат икрор карди, ки кисти!!!

левакан
..Ё Киблаи ту качаст ё кач моем...

Яъкуб
Эхееее. Муборак шавад ! “Мансаб надорам. Шоире, ки вазифа гирифт, шоир нест”. Ин суханро 3-4 руз пеш гуфта буд. "Дар бораи таъин шуданаш ба мақоми муовини вазири фарҳанги Тоҷикистонро рад карда, гуфт, ӯ ҳеч вақт ба мансаб ниёз надошту надорад.". Муовини вазири фарханг нашуду сардори шуъба шуд ? Э рут сафед.

бек
шоирони даврони мо мисли сафар хама ду ру доранд аз пушташонам равед мебинан

Яъкуб.Душанбешахр.
О бародари хуб чашмонатро калонтар кушо поёнтаро бубин худи ин <шоират>мегуяд вазифа надорам шоире,ки вазифа гирифт шоир нест...мардумро качфахму бесавод нагуву хубтар мутолиа кун...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)