Ду нафар дар гаравгонгирӣ ва таҷовуз ба номуси ҷавондухтар муттаҳам мешаванд
Мақомоти пулис ду сокини Шаҳринавро боздошт намудаанд, ки дар гаравгонгирӣ ва таҷовуз ба номуси духтари 22-сола муттаҳам мешаванд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, духтари 22-сола ба мақомоти пулис муроҷиат карда, арз доштааст, ки шоми 1 ба 2 июн ду ҷавон бо роҳи зўроварӣ ӯро ба ноҳияи Шаҳринав бурда, муддати панҷ шабонарӯз дар хонаашон маҷбуран нигоҳ доштаанду ба номусаш таҷовуз кардаанд.
Манбаъ мегӯяд, феълан муттаҳамон боздошт шуда, тафтиши парванда алайҳи онҳо идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |