Ҳамла бо тухму помидор- оғози эҳёи фарҳанги калушзанӣ?

Абдулазизи ВОСЕЪ
Вақте мулоқоти Кабирӣ бо ҷавонони шаҳри Кӯлоб анҷом ёфт, чанде аз сокинон ба тарафи онҳо ҳамла карда, сӯяшон тухми мурғу помидор партофтанд.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҳамлаи як гурӯҳи сокинони Кӯлоб ба Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон ва раиси ин ҳизб дар шаҳри Кӯлоб хабар дод. Ба иттилои Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сардабири нашрияи ҳизбии “Наҷот” ин ҳодиса баъд аз вохӯрии Кабирӣ бо ҷавонони минтақа ба вуқуъ пайваста аст. Ба қавли ӯ, вақте мулоқоти Кабирӣ бо ҷавонон анҷом ёфт, чанде аз сокинон ҷониби онҳо ҳамла карда, сӯяшон тухми мурғу помидор партофтаанд.
Ин вохӯрӣ, ки мебоист дар қароргоҳи ҲНИТ дар Кӯлоб баргузор мешуд, бо далели аз сӯи нозирони андози минтақа муҳр шудани дари дафтари ҳизб дар манзили Мушаммадшарифи Набӣ, раҳбари ҲНИТ дар Кӯлоб доир гардид.
Сайфуллоҳзода гуфтааст, “масъулини ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб ҳузури масъулини амниятиро миёни онҳое, ки ба раис ва ҳайати ҳизбӣ ҳамла кардаанд, шинохтанд”. Ҳамчунин торнамои ҲНИТ навиштааст, “теъдоде аз мошинҳо роҳро банд карданд, то ба роҳ баромадани мошинҳои ҳайат ба таъхир уфтад ва эҳтимоле вуҷуд дошт, ки ҳамлаварон аз дигар ашё низ кор бигиранд”. Сардабири нашрияи ҳизбии “Наҷот” афзуда, дар саргаҳи роҳбандон мошинҳое бо рақамҳои давлатии 63 66, 43 44, 33 22 қарор доштанд: “баъди ба мошин савор шудани ҳайат моро сангборон низ карданд, аммо хушбахтона, ба касе осеб нарасид”.
Инҷо суоле ҷавоб мехоҳад, ки имрӯз ҷониби Муҳиддин Кабирӣ тухм ҳаво доданд, фардо навбати кӣ мешавад? Тарроҳони ин амалҳо оё боре наандешидаанд, ки шояд рӯзе худашон “қаҳрамон”-и чунин ҳодиса хоҳанд шуд?
Ин хабар дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо вокунишҳои хонанда ва корбарон рӯбарӯ шуд. Як хонанда зери хабари “Ҳамла бо тухму помидор ба Муҳиддин Кабирӣ баъд аз мулоқоташ дар Кӯлоб”, ки “Озодагон” нашр кард, навиштааст, “Таҳаммул кунед бародарон, таҳаммул. Гардани пастро шамшер намебурад”.
Нафари дигар гуфта, ки “табиати ин роҳ чунин аст. Дарахти мевадоро аз ҳар тараф санг мепартоянд”. Аммо Далер Ғуфронов як корбари “Фейсбук” дар ин шабакаи иҷтимоӣ навиштааст, “фарҳанги калушзанӣ эҳё мешавад!”
Ин бори авал нест, ки барои баҳам задани мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ бо пайравони ҳизбаш мамониат менамоянд. Ба иттилои торнамои ҲНИТ, 27 феврали соли ҷорӣ зимни доир гаштани ҷаласаи фаъолони ҳизб дар шаҳри Кӯлоб “ду зан назди бинои шуъбаи ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб ғавғо бардошта, хостанд, то бо ин амалашон монеи гузаронидани нишаст шаванд, аммо натавонистанд ба ҳадаф бирасанд”. 9 апрели соли 2013 бошад, кормандони шӯъбаи умури дохилии Ҳисор монеи вохӯрии Муҳиддин Кабирӣ бо аъзои ин ҳизб шуда буданд. Аммо бори аввал аст, ки ба раиси ҲНИТ ҳамла сурат мегирад. Ва ба эҳтимоли қавӣ омилони ин тухмпартоиву помидорзанӣ муҷозот намешаванд. Ҳарчанд гап сари танҳо раиси як ҳизби мухолиф нест. Кабирӣ вакили парлумони кишвар ҳам ҳаст. Вале тавре аз хабарҳо маълум аст, ҳодисаи дигари сари вакили ин ҳизбомада дар Бадахшон пинаки касеро вайрон накард. Ахиран, додситонии кулли Тоҷикистон дар як мактуби расмӣ унвонии Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили парлумон ва муовини раиси ҲНИТ, навишт, қазияи монеаэҷодкуниҳо зимни сафари ӯ дар Хоруғро омӯхтаву ба хулосае омадааст, ки ин ҳодиса омили ҷиноӣ надорад. Дар посухи расмӣ аз ҷумла омадааст, "иштирокчиёну шоҳидони муноқишаи рӯзи 28 апрели соли 2014 дар шаҳри Хоруғ пурсида шуда, бинобар набудани аломатҳои таркиби ҷиноят оғози парвандаи ҷиноятӣ рад карда шуд.”
Сайидумар Ҳусайнӣ, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, “воқеан дар кишвари мо як инсоне аз сари роҳ метавонад чизе бигӯяд, ӯро эҳтиром мекунанд. Аммо вақте ба вакил монеа эҷод мекунанд, ҳарфашро задан намегузоранд ин арзише надорад. Ман ҳайронам, ки Додситони кул дигар аз кӣ баёнот гирифту, онҳо чӣ гуфтанд. Чунки дар баёноти худ ман ва ҳамроҳонам асли қазияро гузориш дода будем. Ба ҳар сурат ман мунтазири ҷавоб парлумон мешавам, то бибинам, ки Маҷлиси намояндагони вакили худро чӣ қадар эҳтиром мекунад.”
Ҷои тазаккур аст, ки 28 апрели соли равон Саидумар Ҳусайнӣ, вакили парлумон барои шарҳи паёми солонаи президенти кишвар ба вилояти Бадахшон сафар кард, аммо раиси мақомоти маҳаллӣ ӯро напазируфт. Гурӯҳе аз мардум дар дафтари ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ сару садо баланд карда, Шоҳнаими Карим, узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ, ки вакили мардумиро ҳамроҳӣ мекардааст, латукӯб намудаанд.
Ба назар мерасад, Ҳизби наҳзати исломӣ ин шабу рӯз вазнинтарин рӯзҳоро пушти сар мекунад. Дар баробари монеагузориҳо барои мулоқоти Муҳиддин Кабириву Саидумар Ҳусайнӣ, вакилони ҳизб дар парлумон аъзои қатории он ҳам аз фишорҳо мегӯянд. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, ягона ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Теъдоди аъзои он беш аз 40 ҳазор рақам зада мешавад.
Мушкилиҳои ҲНИТ аз ду соли қабл оғоз шуд. Тақрибан моҳи марти соли 2012 торнамои “Звезда.ру”-и Русия дар як матлаб зери номи "Тоҷикистон дар пешорӯи инқилоб" навишт, ки ҳукумати Тоҷикистон алайҳи ҲНИТ ва ширкатдорони гирдиҳамоиҳои солҳои 90-ум, барномаеро рӯи даст гирифтааст. Дар матлаб аз “Протоколи 32-20” ном гирифта мешуд, ки ба навиштаи “Звезда.ру” дар ҷаласаи ниҳодҳои амниятӣ дар ҳузури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тасвиб шуда, дар асоси он мақомоти амниятиву интизомӣ муваззаф шудаанд, манобеи молии ҲНИТ-ро муайян ва бо фаъолони ин ҳизб дар маҳаллҳо ба хотири ташвиқи онҳо ба тарки ин гурӯҳи сиёсӣ "фаъолият" баранд. Аммо мақомот ин матлабро бӯҳтон номидаву гуфтанд, ки чунин як протокол умуман вуҷуд надорад. “Сиёҳсозӣ”-и ҲНИТ аслан баъди мулоқоти райисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаҳои аҳли ҷамоаи кишвар ва руҳониён, ки 4 июли соли 2013 дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе баргузор шуд, оғоз шуд. Дар ин мулоқот бештари руҳониён ва имомхатибон ба ҳизб зарурат надоштани Ислом ва “аз номи ҳизби наҳзат гирифтани калимаи поки Ислом” таъкид доштанд. Баъдан дар шабакаҳои телевизион баромади нафароне аз гӯшаву канори Тоҷикистон намоиш дода шуд, ки иддао мекарданд, узви ҲНИТ будаанду акнун аз он берун мешавад. Баъзеҳо ҳатто мегуфтанд, худашон аз узви ҳизби наҳзат буданашон хабардор набудаанд.
Дар телевизионҳои давлатӣ барномаҳое низ таҳия шуд, ки дар он аз ҷинояти афроде қисса мешуд, ки ба гуфтаи онҳо узви ҲНИТ-анд. Дар шабакаи Ютюб бошад, ахиран силсилабарномаҳое бо номи “Нури наҳзат” пахш мешавад, ки дар он аз ҷиноятҳои ахлоқии аъзои ҲНИТ қиса мегардад. ҲНИТ дар вокуниш ба ин барномаҳо борҳо гуфтааст, бештари “қаҳрамон”-ҳо дар асл узви ҳизби онҳо нестанд. Чеҳраҳои намоёни ин ҳизб дар расонаҳои ҳукуматӣ як соли охир пайваста сиёҳ карда мешаванд.
Ҳуҷум бо тухми мурғу помидор ба наҳзатиён дар ҳоле сурат гирифт, ки мо дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ қарор дорем.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |