Интерпол тоҷики фирориро дар зиндони Хокасия ёфт. Бо номи дигар...
Мақомоти Русия муштарак бо Интерпол, пулиси байналмилалӣ, маълум кардаанд, ки як маҳбуси тоҷик дар зиндони Хакасия бо ному асноди қалбакӣ адои ҷазо дошта, бо номи аслиаш таҳти пайгард қарор дорад.
Вазорати умури дохилии Русия мегӯяд, ин шаҳрванди Тоҷикистон, барои роҳзанӣ ба 5 солу 10 моҳи зиндон маҳкум шудааст, ном, соли таваллуд ва ҳуҷҷатҳои худро иваз намудааст: “Маълум гардид, номи аслияш дигар буда, Тоҷикистон ӯро ба иттиҳоми ташкили созмони ҷиноӣ дар пайгарди байналмилалӣ қарор додааст."
Ба иттилои манбаъ, интизор меравад, баъд аз адои ҷазо барои роҳзанӣ дар Русия ӯ ба Тоҷикистон интиқол ёбад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |