Михаил Шумахер баъд аз 164 рӯзи беҳушӣ ба худ омадааст
Михаил Шумахер, ронанда-пойгачии маъруфи олмонӣ, қаҳрамони ҳафткаратаи “Формула 1” баъд аз 164 рӯзи беҳушӣ ба худ омада, аз беморхонаи Гренобл ба маркази барқарорсозии тиббӣ интиқол дода шудааст.
Дар ин бора 16 июн рӯзномаи олмонии Bild хабар додааст. Ин рӯзнома изҳороти расмии хонаводаи Шумахерро нашр намудааст, ки дар он ба ҳуш омадани Шумахер тасдиқ шуда, ба табибони Гренобл миннатдорӣ баён гардидааст. Наздикони Шумахер афзудаанд, барқарорсозии саломатии ин ронандаи маъруф бояд дар канор аз таваҷҷуҳи омма сурат гирад.
Шумахер 29 декабри соли 2013 ҳангоми лижаронӣ дар куҳҳои Алпи Фаронса ҷароҳат бардошта, давоми 164 рӯзи ахир беҳуш буд. Ҳафтае қабл хабари даргузашти ӯ паҳн гардид, ки ба зудӣ рад гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |