Исломов: “Усмоналӣ пеш аз ин барои фирор аз хидмат маҳкум шуда буд”

Додситон Дилшод Исломов рӯзи 16 июн, ҳангоми суханронияш дар Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе, гуфт, Усмоналӣ Ғайратов, ки дар латту кӯби Шаҳбол Мирзоев -- сарбози нерӯҳои марзбонӣ муттаҳам мешавад, соли гузашта барои саркашӣ аз хидмат шартан аз озодӣ маҳрум шуда будааст. Исломов гуфт, ҳукми додгоҳ нисбат ба Ғайратов моҳи августи соли гузашта эълон шудааст.
“Ӯ бар асоси моддаи 374-и Кодекси ҷиноӣ барои саркашӣ намудан аз хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ маҳкум шуда буд”,-афзуд ӯ. Номбурда иброз дошт, “Усмоналӣ Ғайратовро соли 2012, вақте ба ноҳия Рашт ба хизмати ҳарбӣ мебурданд, аз нисфи роҳ гурехта, ба Русия меравад. Баъд аз бозгашт ба Ватан дар соли 2013 ӯ як сол ҳукми санҷишӣ мегирад”.
Дилшод Исломов бо баёни ин ҳарфҳо аз додрас хост, ӯро дар латту кӯби Шаҳбол Мирзоев бар асоси моддаи 373-и Кодекси ҷиноб муҷрим шинохта, ба даҳ соли зиндон маҳкум кунад. Ӯ дар идома афзуд, “бо таваҷҷуҳ ба кирдорҳое, ки Усмоналӣ қаблан кардааст, ҳеч гуна сабуккунии муҳлати ҷазои ӯ дар қонунгузорӣ пешбинӣ нашудааст”.
Аммо Абубакр Қулматов, вакили мудофеи Усмоналӣ Ғайратов аз додрас хост, айбнома алайҳи зерҳимояаш бар асоси моддаи 118-и Кодекси ҷиноӣ бандубаст шуда, нисбат ба ӯ ҷазои ғайриҳабсӣ татбиқ гардад: “Муфаттиши парвандаи Усмоналӣ Ғайратов зимни тафтишот ба бисёр қонунвайронкунӣ роҳ додааст. Аз ҷумла, дар марҳилаи аввали тафтишот бе ҳузури вакили мудофеъ Ғайратовро бозпурсӣ намудааст.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |