Бахшҳо

Суол: Дар Тоҷикистон бо кадом роҳ метавон соҳиби мансаб шуд?

Дар бораи мансабдорони тоҷик, дороӣ, зиндагии онҳо ва фарзандонашон “достон”-ҳое ҳаст, ки ба назари сокинони одӣ мисли афсона менамояду худи мақомдорон онро хоксорона унвон мекунанд. “Озодагон” ин навбат аз мусоҳибони худ пурсид, дар Тоҷикистон чӣ гуна метавон мансабдор шуд?


Ватан АБДУРАҲМОНОВ, собиқ додраси Додгоҳи олӣ:
“Барои мансабдор шудан таҷруба, дониш, ақлу хирад зарур аст. Барои мисол, агар додрасҳоро бигирем, Қонуни асосии Тоҷикистон гуфтааст, мутахассиси 25-сола ба зинаи якуми ин мақом таъин карда мешавад. Оё шахси 25-сола таҷрубаи корӣ, ҳаётӣ дорад, ё не? Ба фикрам, он нафар таҷрубаи кофӣ надорад. Барои мансаби додрасҳо мутахассис бояд на камтар аз 30-35 сол дошта бошад. Дар дигар соҳа қабл аз ҳама бояд маҳалгароиро аз байн бубарем. Агар ин беморӣ аз байн бурда шавад, бо роҳи эълони озмун метавон мутахассисони воқеӣ ва арзандаро интихоб намуд. Албатта, фарзияҳое ҳам вуҷуд доранд, ки бо молу сарват метавон мансабро ба даст овард. Эҳтимол воқеият ҳам бошад. Лекин соҳаҳое ҳаст, ки дар онҷо бо маблағ ҳам роҳ ёбӣ, кор карда наметавонӣ, онҷо дониш лозим мешавад. Ҳоло дар назди президент институти хидмати давлатӣ ҳаст, ки онҷо мансабдор омода мекунад. Бояд онҷо кадрҳоеро тайёр кунанд, ки илова бар ихтисоси худ аз дигар бахшҳо ҳам дониш дошта бошанд. Барои мансабдор на фақат дониши соҳа, балки таҷрубаи ҳаётӣ низ аҳамият дорад. Як мансабдор бояд дониши фарох дошта бошад ва қонунҳоро хуб донад. Агар мансабдор қонунҳоро надонад, кораш пеш намеравад. Институти хидмати давлатӣ дар баробари омодакунии як мансабдор бояд дониш, маданият ва муомилаи он нафар бо дигаронро ба назар бигирад. Таъини мансабдор коре нест, ки ба ман писанд омаду бояд ҳатман вазифаро бигирад. Агар бо меъёрҳои мавҷуда таъин кардан гирем, тарақиёт намешавад. Албатта, дар мо фарзияҳое ҳам ҳастанд, ки мансабдор бо молу сарват вазифаашро мегирад. Қотеъона чизе гуфта наметавонам. Ман шубҳа дорам, ки мансабдорони мо ҳам дониш, малака ва маданияти хуб дошта, қонунҳоро балад бошанд. Ба фаъолияти чунин як мансабдори ҳаматарафа ман шубҳа дорам. Мутахассис шудан як тарафи кор аст. Мансабдор бояд маданияти баланд дошта бошад. Муносибати байни идоравӣ, шаҳрвандон ҳамаро бояд донад. Дар айни замон шахсоне мансабдор ҳастанд, ки на қонун медонанд ва на маданият доранд, бо онҳо гап зада намешавад. Чунин мансабдор дар соҳаи ҳуқуқ кам нест. Дар чунин шароиту муҳит кор кардан вазнин аст. Аз ин хотир, ба фикри ман, бояд пеш аз ҳама маҳалгароиро аз байн бубарем.”

Домуллоҷон ҶАББОРОВ, вакили парлумон:
“Он фарзияҳое, ки гӯиё дар Тоҷикистон бо молу сарват мансаб мегиранд, дуруст нест. Барои мансабдор дониш ва малака лозим аст. Мутахассис бояд соҳаи худро бидонад ва аз рӯи он роҳбарӣ кунад. Агар чунин хусусият набошад, шарманда мешавад. Фикри ман ҳамин аст, ки фарзияҳову гуфтугӯҳо миёни онҳое пайдо мешавад, ки худашон намедонанд. Ин хато аст. Дар мо мансабро аз рӯи донишу малака ишғол мекунанд.”

Нуриддин ҚАРШИБОЕВ, роҳбари НАНСМИТ:
“Мутаассифона, дар сиёсати кадрии ҳукумати Тоҷикистон бештар непотизм, хешутаборчигӣ ба назар мерасад. Барои ба мансаб расидан қабл аз ҳама робитаҳо ва садоқати шахсӣ ба роҳбари давлат қадр карда мешавад. Садҳо ҷавонро медонам, ки баъд аз таҳсил дар хориҷ ба кишвар омада ҷойи кор пайдо намекунанд ва маҷбур мешаванд, ки хидмати давлатҳои дигарро кунанд. Ба андешаи ман, сиёсати интихоб ва ҷо ба ҷо гузории кадрҳои ҷавон дар Тоҷикистон ислоҳталаб аст. Дар ҳолате, ки мансаб харидуфурӯш мешавад, барои пайдо кардани кори “равғанин” молу сарват мусоидат мекунад. Ба ҳар сурат ин гумонҳо, ки бо молу сарват метавон мансабро гирифт, ҷой дорад. Ҳоло дар мо ҳатто посбони бозорро тасодуфӣ ва бепул таъин намекунанд.”
Мӯҳр
Восеъи диловар
Мухтарам Домуллочон Чабборов сатхи дониши сиёси ва тафаккури андешарони ва хулосабарориятон маълум.Кишвар дар ботлоки минтакагароии ашади шумо хис намекунед.Ё истикоматкунандаи Миррих хасте ё аз Зухра ва ё дар кабати болоии саёраи Плутон истикомат доред.Точик дар хеч давру замон,хатто хукмронии замони мугулу мангит чунин беобуру нашуда буд.Миллат имруз ба шарофати чунин"кадрхои тиллоии минтака" ба як миллати хандахариш табдил ёфтааст.Наход надонед!

Озмуда
Дар Точикистони имруза мансабро аз руи чоплуси, ва махалгарои, ишгол мекунанд, ин вакилу он вакил сад фоиз дуруг мегуяд, гуё аз Амрико омада бошад, сухани хакро мухтарам Нуриддин Каршибоев иброз доштааст. Кадрхои ватандусту босавод бекору мухочир ва барои пешрафти мамолики хоричи неруи худро равона доранд.

589
Донишам бошаду лекин аз "унча"набоши хеч вакт мансаби калонат намедиханд ин де факто аст так что доказано временем.

Дидбонг
Ба молу сарват, хотир ва дустон мансабро шояд гирифтан мумкин, лекин маданияти нигохдоштани он ва пайдо кардани эътибор дар байни хамкасбон ва зердастонро аз даст медихи.

Яъкуб. Душанбешахр.
Дар Точикистон танхо омузгоро аз руи донишу малака ба кор мегарнд мегуфтанд ин вакилон ба хакикат наздик буд.Он хам омузгорони макотиби миёнаро на макотибхои оли.Чун дар макотибхои оли хам хама аз як махал шудаистодааст.

ватан абдурахмоновчоон, 28 сола министр связи и коммуникации Российской Федерации, ое шунидаед 28 сола, 28.....
Шумо барин 60 солахое, ки мишкаи компютера чумонда наметавонан дар хукумат пуранд....хехех... месузам давлатамба....

Солех
Домуллоҷон ҶАББОРОВ, вакили парлумон-Хо БАЛОЧАЕ шумо аз Хучанд -ха
аз гапзаниатон маълум калонхо наранчанд ХО БАЛОЧА .

мардикор
Инчо гап сари дигар аст, шояд аксар мутахассисонро мавкеъи чугрофияшон намегузорад, ки сари мансаб бошанд, ё ки андешаии солими замонави!!! дуруст дуруст агар лагандбардории карда тавони, дуруг гуфтаву пора гирифта ба боло таксим карда тавони ту дар тимми сохибмансабон мавкеъ пайдо мекуни. Агар як маротиба (социологических опросов) вокеъи гузаронда шавад худ маълум мешавад, ки 99% чавонон ояндаи худро дар Точикистон тасаввур карда наметавонанд. Чандон сохибмансабонро мешиносам ва медонам, ки танхо баъд аз вазифа рафтан хочи мешаванду фикр мекунанд хамма гунохояшон пок шуда... Ачиб рохи пок шави!!! Гуфти Убайдулло Рачаб, ки хамаш нагзу хамин географияш рост намеояд !!!

Бекор
Дар Точикистон хамаи мансабхои ба ном "равганин" фурухта мешаванд. Рохи дигари сохиби чои кор шудан ин пеш аз хама бояд,дар "боло"хешу табори наздик дошта боши.

Бало зана хамонг мансаба. Хозир одамхое, ки дар ин мавзу бахс мекнанд ва маснабро аз хама болову арзишманд медонанад ягон арзиши болотаре надоранд. Охир мансабдор шуданро хамаатон як хел мефахмед. Дар мансаб ччччччонм сиёх мекани. Тамоми сохаро ба эътидол меориву ба ро мемони. Наход ки мансаб барои маишату истирохат бошад. Ба гуфти Президент рахбарон хизматгори халканд. Яъне хизматгори мову шумо. Шумо бояд масъалахои дахлдоратонро аз онхо пурсон шаведу хал кунед. Онхо на шаб бояд хоб дошта бошанду на руз. Окибати ин гуна вазифахои вазбин беморихои вазбин аст, ки фардо дар истеъфо буданашон на нафака ва на макоми пешинаашон ба онхо ёри намерасонад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)