Бахшҳо

Нодира Раҳимова “беҳтарин донандаи забону адабиёти рус” эълон шуд

Нодира Раҳимова, хонандаи синфи 11-и мактаби президентии шаҳри Чкалов, дар олимпиадаи 13-уми байналмилалӣ дар Маскав аз рӯи фанни забону адабиёти рус миёни 206 хонанда аз 30 давлати дунё ғолиби мутлақ эълон гардидааст.

Бар асоси иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, олимпиада бахшида ба 215-солагии шоири машҳури рус - Александр Сергеевич Пушкин рӯзҳои 5-12 июн баргузор гардида, Тоҷикистонро дар он 5 нафар муаррифӣ намудаанд. Манбаъ мегӯяд, Нодира Раҳимова дар пайи ғолибияти мутлақаш, соҳиби Гран-прӣ ва роҳхат барои идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои Федеретсияи Русия шудааст.

Дар ин олимпида, ки ба кори хаттӣ, наттоқӣ, қироати ифоданок, кишваршиносӣ ва дониши таъриху илму фарҳанги Русия баҳогузорӣ мешудааст, намояндагони дигари Тоҷикистон низ соҳиби ҷойҳои намоён гардидаанд. Аз ҷумла, ба иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, Мадина Сулаймонова -- хонандаи синфи 11-и мактаби байналмилалии президентии Душанбе ҷойи якум, Марям Осимӣ -- хонандаи синфи 9-и мактаби мазкур, Мумтоза Маҳмадова -- хонандаи синфи 8-и гимназияи «Кафолат»-и Душанбе ҷойи дуюм ва Беҳрӯз Сафаров -- хонандаи синфи 9-и мактаби рақами 1-и пойтахт ҷои сеюмро ишғол намудаанд.
Мӯҳр
Рахмил
Ирфон
Бравосимус ба Умедбахшхои мо.Табрик менем. Мо метавонем.

мо бо шумо мефахрем шумохо обруи точикистонро бо донишу малакаатон мебардоред офарин.

Агар аз ин шогирдон диктант аз забони тоҷикӣ гирифта шавад, чӣ? Оё онҳо метавониста бошанд мисли ки аз забони русӣ сазовори таҳсину офарин шаванд? Донистани забони русӣ дастовард ҳисоб намешавад. Бахусус барои онҳое, ки дар макотиби русии Душанбе мехонанд ва дар хона низ бо русӣ сухан мекунанд. Барои ин афрод ин забон "модарӣ" ҳисоб мешавад. Ин хелҳо бисёранд. Мисли ҳамеша заб.русӣ дар Душанбе сахт таблиғу ташвиқ мегардад, ҳатто ба зарари фазои забони давлатӣ!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)