Бахшҳо

Тасмими Обама баъд аз бедодгариҳои “Давлати исломии Ироқ ва Шом” (ДИИШ)

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз сафарбар шудани нерӯҳои низомии худ ба хоки Ироқ хабар медиҳад. Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, рӯзи 16 июн гуфтааст, Кохи Сафед ба хотири ҳимояти сафоратхона ва шаҳрвандони худ дар Ироқ 275 сарбоз ба ин кишвар фиристодааст.

Обама таъкид кардааст, ин гуруҳи низомиёни амрикоӣ то муътадил шудани вазъ дар Ироқ дар ин кишвар боқӣ хоҳанд монд. Дубора сафарбар шудани низомиёни амрикоӣ ба хоки Ироқ дар ҳолест, ки ахиран Ҳаракати “Давлати исломии Ироқ ва Шом” (ДИИШ) эълон дошт, шаҳри дигареро дар шимоли Ироқ таҳти тасарруфи худ қарор додааст.

То кунун ин ҳаракати ба ном “исломӣ” шаҳрҳои Мавсил ва Тикрити Ироқро таҳти тасарруфи худ қарор дода, ҷанговарони он қасди ғасби шаҳри Бағдод – пойтахти ин кишварро доранд. Дар расонаҳои хабарӣ ва манобеи интернетӣ акс ва наворҳои видеоие нашр шудааст, ки гӯиё 1700 навхати артиши Ироқ аз сӯи ҷанговарони ин ҳаракат кушта шудаанд.

Давлати исломии Ироқ ва Шом созмони мусаллаҳи мавсуф ба террористӣ мебошад, ки зери ақидаи Салафияи ҷиҳодӣ фаъолият карда, ҳадафи аъзои он гӯиё ташкили Хилофати исломӣ ва татбиқи шариати дини Ислом мебошад. Он беш аз 15 ҳазор ҷанговар дошта, аз раҳбари ин ҳаракат Абубакр ал-Бағдодӣ ном мебаранд. Ин ҳаракати ба ном исломӣ муташаккил аз ду гуруҳ мебошад - Ҳаракати “Давлати исломӣ дар Ироқ” ва Ҷабҳат ан-насра ли аҳли Шом, ки дар пайи оғози нооромиҳои Сурия аз сӯи мухолифини ҳукумати Башшор Асад таъсис ёфтааст.
Мӯҳр
ин якуним хазор исломистхои суннимазхабро амрикоихо тарбият карда ба дасташон байраки исломи дода ба багдод равона кардаанд, ки хукуматашонро сарнагун ва миени мардуми гуногунмазхаб игво андозанд.ин яхудиени амрикои мусалмонхоро бар якдигар низоъ меандозанду аз дур хандакунон нафтхояшонро дуздида ба авврупо киммат мефурушанд. ва худашонро демократи мегуянд

Ана салафихо чи мехоханд худованд инхоро дар ду дунё хору залил гардонад ин ришакию езор калтахои мохам хамин ният доштагистан

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)