Бахшҳо

Президент: “Хунро бо хун нашустаанд. Фақат мард метавонад, гуноҳи якдигарро бахшад”

Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон шоми 16 июн, дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ, бо пахши як филми ҳуҷҷатӣ дубора нооромии солҳои 90-уми Тоҷикистонро ёдовар шуда, ба осонӣ ба даст наомадани сулҳи тоҷикон ва суботи кишварро гӯшзад кард.

Дар ин филми мустанад бо намоиши баъзе аз лаҳзаҳои имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон бештар аз хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон барои ба миён омадани субот ёдоварӣ ва аз ӯ ҳамчун ҷонибдори қотеи Ваҳдати миллӣ ном бурда шуд. Инчунин, порчаҳо аз суханрониҳои оқои Раҳмон дар робита низ оварда шудаанд, ки аз ҷумла ӯ зимни як баромади худ ҷонибҳои даргири нооромиҳои дохилии кишварро барои бахшиши якдигар даъват карда, таъкид мекунад, хунро бо хун шуста намешавад.

“Фақат мард метавонад, гуноҳи якдигарро бахшад. Ҳоло марҳилае мебошад, ки сутуни давлатдории тозаистиқлоли Тоҷикистонро мустаҳкам кунем. Миллат нест мешаваду давлат порча-порча мешавад. Мақсади мо ин аст, ки бибахшему гузашт кунем, хунро бо хун нашустаанд”,-изҳор медорад Эмомалӣ Раҳмон.

Муаллифони филми мазкур бо зикри сӯиқасд ба ҷони Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, таъкид намуданд, бо вуҷуди ҳузур доштани афроди мухолифи сулҳи тоҷикон дар миёни гуруҳҳои ду ҷониб, устувории азму ироади Эмомалӣ Раҳмон боиси ба миён омадани ин оромӣ дар кишвар шудааст. Дар идома суханронии оқои Раҳмон дар ҷаласае дар Хуҷанд оварда шуд, ки мегӯяд: “То вақте дар қайди ҳаёт ҳастам, барои халқу ватанам хидмат менамоям. Агар гуруҳе, шахсияте имрӯз зидди сулҳу амният, зидди ин дастовард, зидди ваҳдати миллӣ, зидди эҳёи Тоҷикистон амал мекунад, душмани миллати тоҷику душмани мардум ва давлати Тоҷикистон мебошад.”

Ёдоварии муаллифони ин филми ҳуҷҷатӣ аз сулҳи тоҷикону ба миён омадани Ваҳдати миллӣ дар пайи заҳматҳои зиёд ва даъвати Эмомалӣ Раҳмон барои бахшиши якдигар дар ин барнома замонест, ки дар он аз ҷониби дигари сулҳ номе гирифта намешавад. Дар ҳоле ки зери созишномаи сулҳ ду нафар - Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, имзо гузоштаанд.

Аз сӯи дигар бо гузашти 17 сол аз имзои созишномаи сулҳ аҳзоби сиёсии мухолифи Тоҷикистон, аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломӣ, ки худро як ҷониби имзокунандагони ин санад медонад, аз афзоиши фишору таъқиб болои пайравонаш дар солҳои охир шикоят дорад. Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили парлумон дар пайи ҳамлаи гуруҳе ба ӯ баъди вохуриаш бо ҷавонон дар шарҳри Кулоб рӯзи 11 июн дар ҷаласаи Маҷлиси Намояндагон аз риоя нашудани талаботи созишномаи сулҳи тоҷикон ва сиёҳшавии ҷониби дуюм аз сӯи бархе доираҳо шадидан ибрози нигаронӣ карда буд. Ӯ гуфт, “барои миллат сулҳ кардем ва гуфтем, фаромӯш шуд, дигар кинаву кудурат нест. Дар созишнома навиштем, ғазаби Худо ва лаънати Худо ба касе бод, ки он ҳодисаҳоро ёдовар мешавад барои сиёҳ кардани якдигар. Вале чӣ шуд, ки вазъ якбора тағйир хӯрд? Мо якдигарро бахшидем. Даҳ ҳазор муҷоҳидро ба давлат бахшидем, ки то ҳол марзу бумро аз душманон муҳофизат мекунанд. Мо ягон ҷиноят кардем, камбудӣ кардем? Агар ба мо мантиқона бифаҳмонанд, ки ҲНИТ замоне барои миллат, барои сулҳ даркор буду ҳоло ба амнияти Тоҷикистон хатар дорад, мо менишинем бо хоҳарону бародарон, маслиҳат хоҳем кард, қабул хоҳем кард. Вале бо ин роҳу услуб намешавад. Сиёҳ кардан, наворҳо. Чи гуна давлат наметавонад пеши роҳи ин ҳамаро бигирад? Оё намешавад, ки пеши роҳи онҳо гирифта шавад? Агар мақомоти мо ин қудратро надоранд, пули мардумро барои чӣ мегиранд? Ин ду сабаб дорад, ё аз уҳдаи кор намебароянд ва ё худашон шариканд. Варианти севум вуҷуд надорад.

Имсол Тоҷикистон аз 17-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳ таҷлил мекунад. Ин созишнома рӯзи 27 июни соли 1997, баъд аз чандин даври музокироти намояндагони ҳукумат ва нерӯҳои мухоифин, дар шаҳри Маскав имзо шудааст.
Мӯҳр
сутуни давлат хамон вакт мустахкам мешавад агар иктисод равнак ебаду ба нафъи коррупсионерон нашавад зисту зиндагии мардум хуб шавад волоияти конун ба хама баробар бошад на танхо ба камбагалон, ва гайраю хоказо . асос вазифадорон бояд калладор бошад на ин ки аз пушти падараш диплому мансаб гирад.

Гариби даргохи Худо
ууффф... Сад афсус - Сад афсус ки номарди дар авч аст !

Сипосгузор
Ба рости ман аз сулхе, ки байни мардуми мо- ВАХДАТИ МИЛЛИ ба даст омада буд хушхолам. Ба шарофати аклу хиради тарафхои даргир- гузашт ва мусолихаи милли ба даст омад. Зинда бод вахдати мо. Нест бод гумрохи ва душманони миллати чабрдидаи мо.

Abdulloh
шумо холо хам набахшидед мухолифонро

Амир
Ин ба ном вахдати милли аст. Агар дар вокеъ вахдати милли бошад, тарафи дигарро сиёх намекунанд.

Сарир
Ин вахдатро аслан куввахои дигар ба точикон ато карданд на ин тарафхо

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)