Баҳси гурези сармояи Русия аз Тоҷикистон дар мулоқоти Матвиенко бо Зуҳуров
Валентина Матвиенко, раҳбари Шӯрои федералии Русия, дар мулоқот бо Шукурҷон Зуҳуров -- раиси Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, хостори ҳамкории бештари иқтисодӣ миёни ду кишвар шудааст.
Бар асоси иттилои дафтари матбуоти Шӯрои федералӣ, Матвиенко аз муколомаи сиёсӣ ва ҳамкории амниятӣ бо Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, афзудааст, “вақти он расида, ки таваҷҷуҳи асосӣ дар муносиботи Душанбеву Маскав ба ҳамкории иқтисодӣ равона гардад.”
Ҷониби Русия мегӯяд, Матвиенко таваҷҷуҳи ҳайати Тоҷикистонро ба масоиле равона намудааст, ки монеи сармоягузории Русия ба Тоҷикистон мешаванд. Аммо дар ин бора ҷузъиёти бештаре ифшо нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки қаблан монеаи асосии сармоягузории Русия ба Тоҷикистон қарздории “Барқи тоҷик” аз нерӯгоҳи “Сангтӯда 1” арзёбӣ мешуд. Мақомоти баландпояи Русия борҳо ишора доштанд, ки сармоягузории минбаъдаи ин кишвар ба Тоҷикистон танҳо дар сурати ҳалли масъалаи қарздорӣ аз “Сангтӯда 1” имконпазир аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |