Бахшҳо
18 июн 2014 12:11Тоҷикистон / Акс

Ҳаракати дасту пои Шаҳбол ва эҳтимоли табобати дуборааш дар Русия

Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюби Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон, баъд аз каме табобат дар бемористони Хуҷанд дубора барои муолиҷа ба Русия фиристода хоҳад шуд. Дар ин бора ба “Озодагон” Нуъмон Мирзоев, падари Шаҳбол, хабар дода ва афзуд, феълан дасту пойи писараш ба ҳаракат даромадааст.

“Се рӯз пеш ташхиси ретгенӣ кардем, натиҷааш хуб буд. Бо як табиб дар Маскав сӯҳбат кардем, камтар қувват гирад, барои муолиҷа онҷо мебарем”-афзуд Мирзоев. Ӯ гуфт, ҳарчанд барои муолиҷаи комили писараш маблағи кофӣ надорад, вале ҳарчӣ аз дасташ меояд, барои ба по хестани Шаҳбол хоҳад кард.

Ҳаракати дасту пои Шаҳбол ва эҳтимоли табобати дуборааш дар РусияНуъмон Мирзоев дар идомаи суҳбаташ аз талаби додситон барои даҳ сол зиндонӣ кардани сарбоз Усмоналӣ Ғайратов, ки дар латту кӯби Шаҳбол Мирзоев муттаҳам мешавад, изҳори қаноатмандӣ кард. Ӯ гуфт, агарчӣ бо ин даҳ сол зиндонӣ шудани Ғайратов онҳо манфиате намебинанд, аммо ба қавли ӯ шояд ин дарси ибрат барои дигар куҳнасарбозон бишавад. “Аз ин даҳ соли зиндон талаб шуд, қонеъ ҳастем. Аммо агар ин муҳлат кам бишавад, ҳатман эътироз мекунем, то ҷазои сазовор бидиҳанд”,-афзуд ӯ.

Қарор аст имрӯз, 18 июн, Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе хулосаи худро дар бораи парвандаи латту кӯби Шаҳбол Мирзоев аз сӯи Усмоналӣ Ғайратов эълон кунад. Додситон Дилшод Исломов дар баромади охирини худ аз додрас хоста буд, то Усмоналиро барои даҳ сол зиндонӣ карда, ба ҳисоби 12 ҳазор сомонӣ ҷарима бандад. Дар курсии айбдорӣ, инчунин, Гулрафтор Ширинова нишастааст, ки шаби латту кӯби Шаҳбол дар қисми низомии 2620 (воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ) бояд дар нуқтаи тиббӣ навбатдорӣ мекард, аммо он ҷо набудааст.

Худи Усмоналӣ Ғайратов рӯзи 11 июн ҳангоми суханронияш дар додгоҳ худро қисман гунаҳкор эътироф кард. Ӯ гуфт, “дар вайрон намудани оинномаи ҳарбӣ худро гунаҳкор меҳисобам ва аз кори кардаам сад бор пушаймонам. Ба саломатии Шаҳбол зарар расондам ва барои ин корам ҷавоб медиҳам.”

Шаҳбол Мирзоеви 23-сола, сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, ҳамагӣ 8 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ӯ шоми 6 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш Усмоналӣ дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латту кӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад. Тӯли ин муддат Шаҳбол дар Қарияи Болои Душанбе, бемористони ҳарбии Русия табобат гирифта, ҳоло дар бемористони шаҳри Хуҷанд бистарист. Падари Шаҳбол гуфта буд, мақомот барои ҷарроҳии писараш дар Русия кумак накардаанд ва ӯ маҷбур шудааст, манзили худро фурӯшад.

Вале ахиран Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон гуфт, танҳо дар як моҳи аввали табобати Шаҳбол дар Қарияи Боло ҳудуди 8 ҳазор сомонӣ харҷ карда, то кунун барояш кумакҳои ғизоӣ ва хуну доруворӣ низ мерасонанд. Ҳарчанд, ба гуфтаи онҳо, гӯиё падари Шаҳбол аз дарёфти чунин кумакҳо даст кашидааст.


Ҳаракати дасту пои Шаҳбол ва эҳтимоли табобати дуборааш дар Русия
Мӯҳр
БАЪЗЕХО ДАР АРМИЯ НАБУДААНД ВАЛЕ ГЕНЕРАЛ ХАСТАНД ВАЛЕ ШАХБОЛ КИ БО ХОСТИ ХУД ХИЗМАТИ ВАТАНРО КАРДАН ХОСТ ИНВАЛИД КАРДААНД ХАТТО БЕИНСОФОН КУМАК ХАМ НАМЕКУНАНД.

положенец
Ин мурға аз 10 сол кам натен, то ба дигарон ибрат шавад

Сутунмӯҳраи Шаҳболро имкон дорад дар бемористонҳои кишварҳои Аврупо (Германия) ё ақаллан Исроил табобат карда шавад. Дар русия наметавонанд. Вақти зиёд сарф мешавад. Онҷо ба ҷои мӯҳраи маҷрӯҳшуда пластмассса мегузоранд. Вале ин амалиёти тиббӣ 30-40 ҳазор доллар меистад. Боз пули роҳ ва истиқомати падар ё модар дар меҳмонхона . Бигзор суд қарор барорад, ки ин маблағро оилаи Усмон Ғайратов пардохт бикунад. Хонаашонро фурӯшанд, қарз бигиранд. Ин проблемаи онҳо.

Азизони дил ассалому алейкум.
Ба номи Худованди Мехрубон ва бахшанда.
Ба хар яки шумоён хамдиёрони азиз ва ба Шахболи саорбаланду коматшикаста аз даргохи Худованд сихатманди металабам. Худованд бо мехрубонии худ иншооллох ба Шахболчон шифо медихад. Мо мардуми мусулмон нисбати якдигар хеле гамхор хастем, агар суратхисоб барои табобати Шахболчон кушоянд хар яки мо аз 1 то 5 сомони ирсол кунем. иншооллох маблаги табобати додари азизи мо чамъ мешавад. Он касоне, ки бо у ин рафторро карданд баробари чазои суди чазои Худовандро мегиранд. Ба хар яки шумо саодатманди, хиради боло ва имони бокувват хохонам, Худованд фарзандони хар яки моро солех нигах дорад ва аз дили хар яки мо мехру мухаббатро канда накунад.

Нушофарин
Озодагон илтимо сура хисоби Шахболро дубора нашр кунед, то мардум тавонад каме хам бошад кумак расонанд. Маошам хело кам аст, як мох чизе намехурам он маблаги ночизро дар сурат хисоби ин чавон мегузорам. Аз хама хонандагон хохиш дорам агар хар як Шумо 10 сони кумак кунед шояд каме хам бошад ба падари ин чавон кумак шавад. Агар Шахбол сият шавад хамон бусаи вадагиро мекунам. Шахбол дар ин расм бисёр логар шудаст бисёр гамгин шудам афсус, ки аз дастам ба чуз Худоро зора кардан дигар чие намеояд.

Muhtaram Mehr! Darak nadori? urathisob kayho kushoda shudaast, wale mo boloi yak sumamon melarzem.

Озодагон суратхисоб кушода монед, то ки шахсони хайркунанда хайр намоянд, камтарак бошад хам дастгири мешавад барои волидайни Шахбол.

555
бояд кумак кунанд дар вакти аблава хакорат карда мебаран вакти касали шуд мо 8 хазор сомони додем чи даркор магар бо 8 хазор сомони одам сохта харида ё саломатиро баркарор карда мешавад ё не худатон хулоса бароред нафаре ки задааст ва кисми низоми вазифадор аст пул ёбад тияд табобат кунад камандиро лексус савор нашавану чони инро халос кунанд ма бовар надорам ки ин ахволкати партоянд уро худованд нигахбонат бародари азиз

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)