Бахшҳо
18 июн 2014 17:43Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Сели харобиовар дар Водиф ва шикоят аз бефаъолиятии ҳукумат

Селфароии зиёд дар деҳаи Водифи ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ, се нерӯгоҳи хурд ва 300 метр ҷуйборро тахриб карда, сокинонро бе барқ ва оби нӯшокӣ мондааст. Сокинони Водиф дар тамос ба “Озодагон” аз бефаъолиятии масъулини ҳукумат шикоят карданд.

Ҳикмат Аминов, сокини ин деҳа мегӯяд, пайомадҳои сели харобиовар, ки ҳанӯз шаби 12 ба 13 июн фаромада буд, то ҳол бартараф нашудааст: “Ҷуйбор вайрон шудааст ва ҳозир оби лойолуд аз пеши хонаи ман мегузарад. Чанд рӯз боз шабро дар берун рӯз мекунем, ки мабодо боз сел ояд.”

Ӯ афзуд, ки рӯзи омадани сел аз ҳукумати ноҳия омада, ҳамаи ҷоро тафтиш карданд, аммо то ҳол ягон корро амалӣ нанамудаанд.

Суҳроб Охунов, раиси ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ ба “Озодагон” гуфт, феълан барои бартараф намудани зарари расонидашуда талош доранд: “Зарари расида ба се нерӯгоҳи хурд зиёда аз 65 ҳазор сомонӣ мебошад, ки он низ барқарор карда мешавад. Масъалаи мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи вилояти Суғд баррасӣ шуда, ҳоло 3 тонна сузишвории дизелӣ барои соҳилмустаҳкамкунӣ дар роҳ ба сӯи деҳа мебошад. Мо бояд аввал соҳилро мустаҳкам карда мардумро бо оби нушокӣ таъмин кунем. Баъдан нерӯгоҳҳое, ки аз он мардум барқ мегирифтанд, барқарор мекунем. Мушкилии кор дар он аст, ки барои бартараф намудани харобиҳо гузарондани корҳои таркишӣ зарур аст, ки он вақти зиёдтару таҳлили бештарро талаб мекунад.”

Ориф Нозимов, сардори дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон тасдиқ кард, ки бар асари гармшавии ҳаво 12 июн, оби дарёи Водифи ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ баланд шуда, зиёда аз 200 метр чуйбори деҳаро бо лой пур намуда, ба заминҳои хоҷагӣ низ зарар расондааст: “Айни ҳол ситод оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд, барои бартараф намудани зарар кор карда истодаанд.”
Мӯҳр
чабрдида
Оли зик нашен Ҳкмат ёрдамтон метия.

Сокини Рудаки
Мунтазир набош бароадрчон хеч кумаке намекунанд, сокинони рудаки хам ба хамин бало гирифтор шуданд, вале хеч хукуматие ёрдам накард, ки анакард хатто хайрхохон аз хизби исломро ки ба мо кумак кардани шуданд гуфтанд ки ба кумаки шумо ниёз нест мо худамон хама чизро дорем лекин аз онхо хам мондему аз инхо хам. хуллас ба фикри касе набошеду сарро хам карда худатон чора бинед(((((((((((

99
Ин ҳукумат кай мефаҳмида бошад, ки "ҲОЛАТИ ФАВҚУЛОДДА" чӣ маъни дошта бошад!!!???
"Аз Суғд сӯзишворӣ дар роҳ аст"
"Барои бартараф намудани харобиҳо гузаронидани корҳои таркишӣ зарур аст", ки инҳо бояд аз Бонки Ҷаҳонӣ ва Россияю Узбакистон иҷозат гиранд ва барои ин маблағи заруриро бояд пайдо кард!!!
"БУЗАК НАМУР..." НЕ.. "ТОҶИК НАМУР..."!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)