Бахшҳо

Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода: “Касе Аллоҳу акбар гуфта метарконад, Ҷаннатро намебинад” (ВИДЕО)

Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода -- раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд рӯзи 19 июни соли ҷорӣ дар суханронии худ дар конфронси "Муқовимат ба таҳдидҳо ва хатарҳои муосир дар минтақаи Осиёи Марказӣ" аз суботу оромӣ дар кишвар тавсиф карда, хост, аз эҷоди ихтилофу фитна миёни мусулмонон ҷилавгирӣ шавад. Дар ҳоле ки, ба қавли ӯ, “дин кинаву адоват нест, балки иззату эҳтиром аст.”

Ин конфронс аз сӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ташкил шуда, дар кори он намояндагони дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ, Додгоҳи олӣ, Додситонии кулл, Шӯрои амният, Хадамоти гумрук, Кумитаи амнияти миллӣ, Кумитаи занон ва оила, Кумитаи дин, Кумитаи кор бо ҷавонон ва Оҷонсии зидди фасоди молӣ низ иштирок доранд.



Оқои Мӯсозода афзуд, расонаҳо тақрибан ҳар рӯз хабар медиҳанд, ки ин ё он нафар бо садои Аллоҳу акбар ҷоеро тарконда, нафареро куштааст. “Ин хел одамҳо ҳеч вақт ба Ҷаннат намераванд. Ҷояшон дӯзах аст. Худованд дар Қуръон мефармояд, ин хел афрод ҳаргиз рӯи Ҷаннатро намебинанд, бӯи Ҷаннатро намефаҳманд.”

Дар идомаи сӯҳбаташ Мӯсозода фитна ва эҷоди ихтилоф дар миёни мусалмононро гуноҳи кабира донист. Ӯ гуфт, “фитна аз куштор бадтар аст. Мумкин аст, дар натиҷаи як фитна чандин инсон кушта шавад”. Раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд, инчунин, аз гуруҳу ҷунбишҳое назири Ҳизби Таҳрир ва Ансоруллоҳ ном бурд, ки ба гуфтаи ӯ аз номи Ислом, аммо бар зидди Ислом равона шудаанд: “Онҳо ба номи Ислому мусалмонон доғ меоранд. Дар Тоҷикистон низ чунин гуруҳҳое пайдо мешаванд, аз ҷумла ҷараёни Салафия. Имрӯз сабаби ихтилофот ҳам дар бемазҳабӣ, ҳам дар ибодат ва ҳам дар ақида аст. Онҳо мардумро ба ихтилофот андохтанд. Бояд мо пеши роҳи ихтилофотро гирем.”

Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода дар идома аз созмонҳои байналмилалӣ гила кард, ки мегӯянд, занҳои тоҷик ҳаққи ба масҷид рафтанро надоранд: “Магар дар Узбакистон занҳо ба масҷид мераванд? Магар модару хоҳару хола ва модаркалонаш рафтааст?” Мӯсозода дар охир аз мардум даъват кард, ба атрофи худ назар карда, пешрафтҳои кишварро ҳам бубинанд. “Хусусан дар даҳсолаи охир пешрафтҳои зиёде шудааст бо саъю кӯшиши пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ -- Эмомалӣ Раҳмон. Халқи мо бо инояти Парвардигоар ба бисёр чизҳо мушарраф шудааст. Тоҷикистон тинҷу ором аст. Мо корҳои хайре, ки ҳаст, ба мардум бирасонем. Ободии роҳҳо, купрукҳо, эҳтироми таърих, урфу одат, анъанаҳои миллиро ба мардум бирасонем, дарк кунем”,-таъкид дошт ӯ.
Мӯҳр
Ал- Одам
Дини Ислом- бехтарин бозёфти арзишхои ахлокии башарият, барои хама давру замон. Хушбахт касест, ки дар доираи ин ахлок, кор ва зиндаги мекунад.

хочи
УЗБЕКИСТОН ХАР ГУХЕ,КИ ХУРАД ТОЧИКИСТОН ХАМ БОЯД ЯК ЧАШИДА БИНАДМИ ЧАНОБИ ДОМУЛЛО?????........ЭЕЕЕЕ ШУМО БАРИН ДОМУЛЛОХООО ХЕЧ ГОХ ОН ЧИ КИ ХУДО ВА РАСУЛАШ ФАРМУДААНД НАМЕГУЕД АЗ ТАРСАТОНА, ЧУРАТ НАДОРЕД ОН ЧИ КИ ЧАНОБ ГУФТ ОНРО БОЯД ГУЕД........ХУДОВАНД ВА РАСУЛАШ ДАР БОРАЙ ИН ХЕЛИ ДОМУЛЛОХО ЧИ ГУФТА БОШАНД О ????????????

natijai mani raftani zanon ba masoiid bozdoshti 500 fohisha ast ki baroi in amr ty ham javob khohi gyft. ammo dar peshi olloh. ty bar chi asos karimof ro baroi mardymi mysalmon namuna qaror medihi? dari masojid ro ba ryi zanon biband to
tedodi fohishaho beshtar shavad va ba choplysii khyd hamchynon idoma bideh. vale az ryze bitars ki dar peshgohi on zoti myqtadir hozir meshavi va mebini ki dastat ro karimof megirad uo digar afrode ki baroi onon madhiua saroi mekyni.

точик
Хамин домуллохои хукуматиро дигар касе гайр аз худашон гуш намекунад, чи даркор гапхояшро мемонед

Чаноби Мусозода яке аз фарзандои шумо дар маркази Салафихо Арабистони Сауди мехонад инро фаромуш кардед.

Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода “Ин хел одамҳо ҳеч вақт ба Ҷаннат намераванд. Ҷояшон дӯзах аст. Худованд дар Қуръон мефармояд, ин хел афрод ҳаргиз рӯи Ҷаннатро намебинанд, бӯи Ҷаннатро намефаҳманд.”
Дар кадом сура ва кадом ояташ бошад.Инро аз кучо ина ёфт баровард.

Шумо, бародар, аслан аз забон,одоб ва фарханги муошират огохи надоштаед ва барои рупуш кардани беадабии хеш аз номи Худованд истифода менамоед. Мунофик бародари шайтон аст. Аксар онхое ки аз худ мусалмонтароши мекунанд паси пардаи Ислом думболи амали гардидани ихтилофандозии точикон мебошанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)