Бахшҳо
20 июн 2014 08:47Тоҷикистон / Сиёсат

Дмитрий Медведев ба додраси тоҷик ҷоиза медиҳад

Дмитрий Медведев, сарвазири Русия, ки дар шаҳри Санкт Петербург ба додраси тоҷик, Файзулло Абдуллоев ҷоизаи махсус тақдим мекунад.

Тибқи иттилои кабинаи вазирони Русия Медведев дар доираи анҷумани IV-уми байналмилалии ҳуқуқшиносон дар Петербург ба Файзулло Абдуллоев, додраси Додгоҳи иқтисодии АвруОсиё, барои саҳми арзанда дар рушди ҳамгироии ҳуқуқӣ дар минтақаи ин созмон ҷоиза медиҳад.

Ба иттилои манбаъ имсол баробари додраси тоҷик инчунин Анатолий Капустин, роҳбари комиссия оид ба ҳуқуқи байналмилалии Асосиатсияи ҳуқуқшиносони Русия ва котиби генералии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Тоир Мансуров ҷоиза хоҳанд гирифт.

Дар ин анҷуман, ки рӯзҳои 18-21-уми июн мегузарад, ҳудуди 3 ҳазор нафар аз 79 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд. Худи анҷуман соли 2011 таъсис дода шуда, ҳамасола бо дастгирии раисиҷумҳури Русия гузаронда мешавад.

Файзулло Абдуллоев, ки имсол соҳиби ҷоиза гардид, аз 1-уми январи соли 2012 ба ҳайси додраси Додгоҳи иқтисодии АвруОсиё кор мекунад. Қаблан ӯ раиси Додгоҳи иқтисодии ИДМ, вазири адлияи Тоҷикистон, мушовири калони раисиҷумҳур, раиси Суди конститутсионӣ ва раиси Суди иқтисодӣ кор кардааст. Абдуллоев 68 сол дошта, соҳиби 7 фарзанд ва 25 набера мебошад.
Мӯҳр
Чоиза барои хомуши

Барои хизматхои шоён дар ситонидани молу амволи душмани раками ЯК-ЗАЙД САИДОВ )))))))))

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)