Бахшҳо

Даъвати муовини муфтӣ барои поин бурдани нархҳо дар Рамазон

Домулло Сайид Акбар, муовини муфтии Тоҷикистон, дар намози ҷумъа аз тоҷирону соҳибкорони кишвар даъват кард, дар арафаи моҳи шарифи Рамазон аз боло бурдани нархи молу колои худ худдорӣ кунанд. Ӯ рӯзи 20 июн дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, “аз ҳамаи тоҷирон хоҳиш мекунем, нархҳоро дар арафаи моҳи Рамазон боло набаранду аз ин гуна амалҳо даст бардоранд”.

Муовини муфтии Тоҷикистон аз он ибрози таассуф кард, тайи солҳои охир бо омадани моҳи шарифи Рамазон нархи ғизо дар бозороҳои кишвар як баробар боло бурда мешавад: “Мо бояд дар фикри якдигар бошему вазъи ҳамдигарро дарк кунему дар рӯзҳои сахтӣ дастгирӣ кунем. Мутаассифона, бо сабабҳои ба мо номаълум агар имрӯз нархи чизе 5 сомонӣ бошад, бо омадани моҳи Рамазон он то 10 сомонӣ боло бурда мешавад.”

Домулло Сайид Акбар дар идома аз сокинони кишвар низ даъват кард, аз хайру садақаҳое, ки аз қудраташон берун асту боиси қарздор шудани онҳо мешавад, худдорӣ кунанд. Ӯ аз зиёдаравии бархе аз сокинон ҳангоми хайру садақа таассуф хӯрда, бо иқтибос аз суханони паёмбар (с) таъкид кард, ҳар нафаре кӯшиш мекунад, аз қудраташ зиёд хайр кунад, Худованд ин амали ӯро қабул нахоҳад кард. “Мардуми мо аҷиб одате доранд, ки дар ин моҳ талош мекунанд, ҳамаи чизи худро хайру садақа кунанд ё хӯрокҳои хубу дастархонҳо олӣ омода кунанд, ки боиси қарздор шудани бархе аз онҳо низ мешавад. Вале ин гуна хайрро Худованд ҳаргиз қабул намекунад”,-афзуд ӯ.

Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ ба ҳисоб рафта, дар тақвими исломӣ баъд аз моҳи шаъбон ва қабл аз моҳи шаввол меояд. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд. Бар асоси қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон имсол моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон субҳи 28 июн оғоз меёбад.
Мӯҳр
хакикат
Точик дигар на инсоф дораду на вичдон. Дини у доллар шудааст. Ришу хичоб никоби мошеннику дуздон шудааст. Умуман ягон арзиши маьнави дар ин кавм вучуд надорад. Шурави каме одам карда буд...

хакикат
Дастурхони идонаро бархам дихед. Исрофи бехуда ва мусобика шудааст. Як урфу одати бемаьни. Муфтиро гуед фатво дихад. Халк безор аст аз ин одат. Нархо ба осмон мебароянд.

абубакр кулоб
домулло саводи иктисоди надори лозим буд ки мегуфтгд аз раиси хукумат сар карда то мири ш душанбе аз хисоби захирахо нархро муътадил нигох медоштанд барои хурмати мохи шарифи рамазон

Барои ғамхориатон ташаккур, домулло. Вале ин мардумро на танҳо дар арафаи моҳи рамазон, балки доимо тарбия кардан даркор. Бозорҳои Тоҷикистон яке аз гаронтарин дар дунёанд. Амвол аз арзиши аслӣ чандин маротиба зиёд фурӯхта мешвад. Ин ҳамеша ҳамин тавр аст. Моли савдогаронро аз фурӯдгоҳ сар карда, то ба соҳибони бозору андозу дигар ниҳодҳои давлатӣ ғорат мекунанд, ки билохира савдогар зарари хешро болои нарх мегузорад. Ин ҳамеша ҳамин тавр аст. Вале ҳолатҳое ҳастанд, ки савдогарон худ ғарқи гуноҳанд. Ҳафтае пеш дар бозори Шоҳмансур ба 36 сомонӣ 1кг. гӯшти гов гирифта будам, гӯшти хеле хуб буд. Имрӯз ба онҷо сар задам. Гӯштҳоеро ба намойиш гузоштаанд, ки аз намуди он дили кас мешӯрад. Мисли инки сагро кушта овехта бошӣ! "Мол нест", мегӯянд. Пас куҷо шуд он мол, ки то ҳафтае пеш буд. Бо омадани рамазон яку якбора нест шуд?

Дар моҳи рамазон савдогарони гӯштфурӯш барқасд нархи гӯштро мебардоранд. Пас аз он нарх паст намешавад. Бояд ҳамаи дӯконҳои гӯштфурӯш баста шаванд. Мардум як моҳ тоқат мекунанд. Мо аз Худои (Ҷ) кӯмак металабем, на аз одам. Чашми одам ҳеҷ сер намешавад. БАХУСУС ЧАШМИ САВДОГАРОНИ ВАТАНӢ!

ХХДТ
Ин мусулмонии мо ба ном аст. Аз барои худо худро мефурушанду нархро арзон намекунанд. Барои онхо савоб гапи бехуда аст. Кани нахзатихо ки чонибдорони ба ном бешуморашонро гуянд, ки аз кучаи мусулмонй гузаранд.Намозу рузаи бехтарин хамин нигох доштани нархи маводи озукаворй мебошад. Кабирй ба пеш як худро дар ин чабха нишон дех!

муфтиджон хами налог да амри маруф намекуни, ки налога дар рамазон паст кунанд?

А.
Агар дар давлатхои араб аз омад- омади мохи шарифи Рамазон хурсанд шаванд. Дар Точикистон бошад хамаро вахму тарс...... аз болоравии нарху наво.

Бобои Домулло ! Икдоми нек, лекин........ Хар айб, ки хаст, дар мусулмонии мост !

Альфа
Офарин ХХДТ суханхоят биьсёр мазмуни чукур доранд. Агар ин нахзатихо
савод медоштанд шояд ин суханхои навишташуда ягон хулосае мебаровардан. Бовар кунед дар бозорхо кариби 85 % фушрушандахо аз нахзатихо мебошанд. ХУДОТАРСХОИ.....
Ришу фаш то биён
даруни кала ......

salim
ҳазрати домуло ин насиҳатота ба бачаи приздента бугу ки гумрука кам кунад охи тоқа мардум чи гуноҳ кардай савдогаро чи гуноҳ кардан

salomi
izhori tashakur mekunem az muovin mufti baroi hamdardiash ba mardumi kam bizoat

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)