Бахшҳо
22 июн 2014 22:34Тоҷикистон / Сиёсат

Сафари Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамсараш ба Малайзия

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, шоми 22 июн бо як сафари давлатӣ вориди Куала-Лумпур, маркази Малайзия, шудааст. Дар аксе, ки дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон нашр кард, дида мешавад, ҳамсари оқои Раҳмон низ дар ин сафар ӯро ҳамроҳӣ дорад.

Ба қавли ин манбаъ, дидору суҳбати раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо мақомоти баландпояи Малаязия субҳи 23 июн оғоз меёбад. “Зимни сафар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Малайзия волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам, Сарвазири ин кишвар Наҷиб Абдурразоқ ва ба имзо расидани як зумра санадҳо дар назар аст, ки ба заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории миёни ду кишвар асоси устувор мегузоранд. Санадҳо, аз ҷумла доир ба ташкил ва густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод, илму техника, таҳсилоти олӣ, туризм, варзиш ва доир ба машваратҳои сиёсӣ ба имзо хоҳанд расид”,-навиштааст торнамои раиси ҷумҳур.

Дар ҷараёни ин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Куала-Лумпур баргузории анҷумани соҳибкорони бонуфузи Тоҷикистону Малайзия ҳам дар назар будааст, ки ба қавли дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ, “боиси муаррифии имконоти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва ба миён омадани робитаҳои мустақими миёни сохторҳои хусусии ду кишвар хоҳад шуд.”
Мӯҳр
Балхами
Бехтарин аз бехтаринхо.Ифтихори миллати мо.

Фирдавс
tojik
Балхами,
Бале ифтихори миллати шумо

точик
Апаи Азизмох вокеан зани точик буданашро маълум кардааст. Офарин.

Хочи
Бехтарин! Ана ин Президенти Точикистон аст! Симои милли, одоби милли ва ифтихори милли ва оилаи милли! Хар чи гуянд майлаш, вале Эмомали Рахмон бузург аст!!!

Фахр аз он мекунам, ки Точикистони азизам, кишвари ободам, миллати бузургам имруз баъд аз он чанги шахрванди, ки хар яко яки мо онро медонему таърих хеч гох онро фаромуш намекунад имруз ба чунин рузхои нек расидааст. Ин хама дастовардхою пешравии миллати мо аввал Худои мехрубон аст баъд аз он паи кадами неки ин марди бузурги миллати точик Эмомалии Рахмон аст. Ман шахсан фахр аз он мекунам, ки Зани точик дар бари хамсараш, ки миллати точикро рахнамои менамояд, бо либоси зебои милли дар яке аз мамлакати таракикардаи дуньё уро рахнамои мекунад. Худоба шукр, ки имруз мо ба чунин рузи нек расидаем. Ахсан ба Шумо Янгаи азизу мехрубону зебои точик.

Фарзанди точик
Худо нигахбони Шумо ва ахли оилаатон бошад Чаноби Оли! Миллати точик бо Шумо ва оилаи Шумо ифтихор дорад! Вокеан зебандаву зебоед! Душманонатон хасад мебаранд!

Ба ростии хаминн калисахои ЧАНГИ ШАХРВАНДИ ба дилам задайй дар телевизилн хамм чангии шахрванндии. Хаййм шд гузаштт рафтт . Инн чанге ки да Точикистонн шд да бисёрр давлатхоо шдагииайй хамаи онхо хамм намеган да ин чанг айби Шмоо шд мо бо шем сулл кадемм. Мухимаш он аст кии СУЛХ ВАХДАТ ТИНЧИВУ ОБОДИИНИ ШД. ОН КАДАР ХАМ ОБОД НАШДАЙЙУ ба хар хооолл.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)