Бахшҳо

Назари Тӯраҷонзодаҳо ба шиноварӣ дар вақти рӯзадорӣ

Эшони Маҳмудҷон, руҳонии маъруфи тоҷик ва яке аз бародарон Тураҷонзодаҳо, ҳукми шиноварӣ дар моҳи Рамазон аз нигоҳи Исломро шарҳ додааст.

Ин руҳонии тоҷик дар посух ба суоли корбари Тураҷон.Орг гуфтааст, “агар шинокунанда бо эҳтиёт дохили об шаваду ба гумони ғолибаш об дар биниву даҳони ӯ дохил намешавад, пас, дар ин ҳолат шино кардан ҷоиз аст.” Ӯ аз қавли Имом Бухорӣ иқтибос оварда афзудааст, “ҳазрати Анас ҳавзе аз санг доштанд ва дар ҳолати рӯза дохили он мешуданд.”

Аммо Эшони Маҳмудҷон дар шарҳи гуфтаҳояш афзудааст, дар сурате ки даромадани об ба даҳону бинии шиновар аз гумон дур нест, пас, барои шахси рӯзадор ҷоиз нест, шино кунад: “Ҳатто баъзе уламо чунин шиновариро ҳаром гуфтаанд.” Ба гуфтаи ӯ, агар ҳангоми оббозӣ ё ғусл кардан об дар даҳон ва бинии шахси рӯзадор даромад ва ба меъдааш расид, назди аксари уламои исломӣ, аз ҷумла мазҳаби Ҳанафия, рӯзаи ӯ фосид шуда, як рӯз қазо медорад. Эшони Маҳмудҷон дар идома илова кардааст, агар шахси рӯзадор бо рехтани об бар сару бадан дар ҳамом оббозӣ кунад, бинобар қавли саҳеҳ бе кароҳат ҷоиз аст.

Бо овардани иқтибос аз китоби “Дуррул мухтор” иброз доштааст, ки барои шахси рӯзадор мазмаза кардан ва об дар бинӣ кардан ва ғусл кардан барои салқинӣ макруҳ нест: “Ибни Обидин дар ҳошияи суханҳои боло гуфтааст, Паёмбар (с) обро бар сари худ аз сабаби ташнагӣ ё гармӣ мерехтанд дар ҳоле, ки рузадор буданд”.

Ин фатвои Эшони Маҳмудҷон дар ҳолест, ки солҳои охир моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон дар фасли гармо фаро расида, ҳатто ҳарорати гармии ҳавои бархе аз шаҳру навоҳии кишвар дар ин моҳ то 40 дараҷа боло меравад. Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ ба ҳисоб рафта, дар тақвими исломӣ баъд аз моҳи шаъбон ва қабл аз моҳи шаввол меояд. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд. Бар асоси қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон имсол моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон субҳи 28 июн оғоз меёбад.
Мӯҳр
.
Шиноварира чи кор мекуни? Бдро дар ваня бзан гутта.

Шиновар
Ба фикри ман, Агар дар мулки Араб ба мисли Точикистон дарёхои бешуморро Худованд насиб мегардонид, бе шакх хамаи ШАИХХОИ АРАБ ШИНОВАР мешуданд.

Мардуми араб дар асри 7 хавзу дарё надошт, гунохи мо чи, мухтарам домулло?

БАНДАИ ХУДО
ЭМОНИ МУСТАХКАМ ДОШТАН ЛОЗИМ АГАР АЗ СИДКИ ДИЛ БА ХУДОВАНДИ МЕХРУБОН ЭМОН ДОШТАБОШИ СИДКАН БАРОИ ПОКИЗА КАРДАНИ ХУД БА ОБ ШУСТУШУ КУНИ АЛБАТА РАВО МЕБОШАД ПОКИ ТОЗАГИ ИН ХУД ЯК ГУШАИ ЭМОНДОРИСТ МАКСАДИ РУЗА ДОШТАН ИН ПОКИЗА КАРДАНИ БАДАН НА ТАНХО АЗ НУШИДАНУ ХУРДАН МЕБОШАД БАЛКИ АЗ ДИЛ БЕРУН НАМУДАНИ КИНАВУ НАДОМАТ ПОКИЗАГИИ ЗАБОН БА РОХИ ИЛЛОХИ ГАШТАН АСОС ДИЛИ БАНДАГОНИ ХУДОВАНДИ МЕХРУБОНРО НАРАНЧОНДАН КИ ХУДОВАНДИ МЕХРУБОН БИЗЁР АЗ ИН АМАЛИ БАД НОРОХАТ МЕШАВАД ВАКТЕ БАНДАЕ БАНДАЕРО МЕРАНЧОНАД МЕГУЯД МАН ХУДОВАНД БА ХАМА КОР КОДИР ИН ДУНЁВУ ИН БАНДАГОНРО МАН ДАРИН ДУНЁ ОФАРИДААМ ЧАРО МАН ИН КОРРО НАМЕКУНАМ БАНДАГОНИ МАН НИСБАТИ ЯКДИГАРАШ ЧУНИ БАДБИНИРО РАВО МЕБИНАД ХУДОВАНДИ МЕХРУБОН АЗ ОЗУРДАНИ БАНДАГОН БИСЁР НОРОХАТ МЕШАВАД. АМАЛИ НЕК КАРДАН ИН НАЗДИК БА ПАРВАРДИГОР БУДАН АСТ ХУДОВАНДИ МЕХРУБОН БАНДАНАВОЗОНРО ДУСТ МЕДОРАД.

Комент кунандагон то чи дараҷа бесавод буданатонро окшор кардед. Эшон чи мегуяд, шумо ҷанобони ҳафта фаҳм чи мефаҳмед чи комент мекунед. шармам омад, ки тоҷики мо ҳолоҳам ҷумлаҳои одди ва содароҳам қурдрати фаҳмиш надорад. Ё кина ва довате, ки ба нисбати Тураҷонзодаҳо доред водоратон мекунад, ки калимаи бедро тут фаҳмед?

Сафар
Дар хаммом чи тавр бе рехтани об ба сару бадан мешавад?Аслан оббози ва пок доштани бадани инсон,ки худ дар холати нашустан буи гализу ифлосеро аз худ пахн мекунад ва илми биология итмруза,чи гуна моддахоро хорич кардани баданро кайхо исбот кардааст.Оббози ва покии бадан мухтарам домулло ин худ ибодат аст!

Точик
Дар мавриди чунин масоил, агар мисоле аз фарзу суннат набошад, пас киёсро бар асоси мантик бояд кард, на бар асоси тарзи зисти арабхои асри 7. Арабхо дар биёбонхо мезистанд ва шароити зиндагиашон комилан аз мо фарк дошт.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)