Бахшҳо

Таҳқиқи шикояти доктор Абдуллоҳ ва таъхири эълони натиҷаҳои интихобот

Кумисюни шикоятҳои интихоботи Афғонистон ба таҳқиқи навори авдиоии пахшкардаи Тими интихоботии доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, номзади даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳури ин кишвар, ки аз сурат гирифтани тақаллуб гувоҳӣ медиҳад, пардохтааст.

Ислоҳот ва ҳамгироӣ, тими интихоботии доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи 22 июни соли ҷорӣ дар пайи як нишасти хабарӣ бо пахши қисмате аз суҳбати телефонии Зиёулҳаққ Амрихел, раиси дастгоҳи иҷроияи Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистон бори дигар ба сурат гирифтани тақаллубкории густурда дар даври дуюми интихобот таъкид кард. Ба гуфтаи Тими исломҳот ва ҳамгироӣ, раиси дастгоҳи иҷроияи Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистон дар ин тамоси телефониаш бо бархе аз аъзои тими Ашрафғанӣ Аҳмадзай - номзади дигари даври дуюми интихоботи раёсатиҷумҳури ин кишвар суҳбат мекунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки доктор Абдуллоҳ баъд аз як рӯз аз баргузории даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳури Афғонистон Зиёулҳаққ Амрихелро ба тақаллубкорӣ муттаҳам карда буд. Ӯ гуфт, раҳбари дастгоҳи иҷроияи Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистон талош кардааст, то варақаҳои истифоданашудаи раъйдиҳиро аз дафтари марказии ин кумисюн ба самти номаълуме интиқол диҳад. Оқои Абдуллоҳ аз мақомоти қудратии кишвараш хоста буд, то Зиёулҳаққ Амирхел боздошт шуда, аз мақомаш барканор шавад.

Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки дар даври аввали интихоботи раёсатҷумҳури Афғонистон номзади пештоз ба шумор мерафт, бо соҳибии 43,7 дарсади оро дар даври дуюм бо Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, ки дар даври аввал 33,8 дарсади раъйро ба даст оварда буд, рӯзи 14 июни соли ҷорӣ дубора вориди рақобат шуда буд. Аммо ахиран доктор Абдуллоҳ ба далели сурат гирифтани тақаллубкории густурда ва бетаваҷҷуҳии мақомоти зиррабти Афғонистон нисбат ба шикоятҳои ситоди интихоботии ӯ ҳамкории гуруҳаш бо кумисюнҳои интихоботии кишварашро қатъ кард.

Ӯ аз намояндагони худ дар Кумисюни марказӣ ва вилоятии интихоботии Афғонистон давъат карда буд, ҳамкорӣ бо ин ниҳодро қатъ кунанду ба ситодҳояшон баргарданд. Доктор Абдуллоҳ таъкид карда буд, то ба дархости онҳо ҷавоби мусбат дода нашавад, ҳамкории худро идома нахоҳанд дод.
Дар ҳамин ҳол, Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистон дар нишасти хабарие рӯзи 21 июн эълон кардааст, ки ба далели номусоид будани вазъи кишвараш эълони натоиҷи интихоботи даври дуюм барои чанд рӯзе ба таъхир гузошта шудааст. Ин ниҳод гуфтааст, ҳоло гуфтугӯ миёни тими интихоботии доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва намояндагии созмони милали Муттаҳид дар кобул идома дорад.

Ба гуфтаи Аҳмадюсуф Нуристонӣ, раиси Кумисюни интихоботи Афғонистон раванди гирдоварии варақаҳои раъдиҳӣ тибқи маъмулӣ пеш рафта, ҳоло 80%-и оро аз 34 вилояти ин кишвар вориди бонки иттилоотии ин кумисюн шудааст. Ӯ мегӯяд, “чун гуфтугӯ миёни доктор Абдуллоҳ ва ҳукумати Афғонистон идома дорад, натоиҷи қисмиро эълон накардем. Ва ҳар вақт мавзӯи ин гуфтугӯ равшан шуд, натиҷаро эълон мекунем.” Ин ҳам дар ҳолест, ки Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистон хабар дода буд, ки натоиҷи аввалияи давраи дуюм ибтидои моҳи июл ва натоиҷи ниҳоӣ 22 июли соли ҷорӣ эълон хоҳад кард.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)