Бахшҳо

Шабнамҳо, Таҳминаҳо, Фирӯзаҳо, Бунафшаҳо, Сурайёҳо... Кистанд онҳо?

Маҳбуби ГАНҶААЛӢ

Дар "кӯл"-и шоу-бизнеси тоҷик бо шитоб заврақҳои нав ба шино медароянд. Табиист, ки на ҳамаи онҳо ба соҳили мурод мерасанд, ҳатто бархе дар аввали масир бозпас гашта, қисме то миёна ҳам намерасад.

Танҳо гуруҳи хурде дар ин кӯл ҷову макон пайдо мекунад. Бештари ин заврақнишастаҳо ба гуруҳи сарояндаҳо шомиланд. Дар кӯли шоу-бизнес ҳамномҳо ҳам ҳастанд. Дар ин матлаб суроғи чанд овозхони ҳамном рафтем, аммо танҳо аз онҳое мегӯем, ки муваффақанду заврақашонро кайҳо ба киштӣ ва ҳатто “яхта” иваз кардаанд.

Аз ҳама бештар Шабнамҳо зиёданд. Аммо теъдоди Шабнамҳои муваффақ дар ҳоли ҳозир ба се мерасад ва шинохтатарини онҳо Шабнами Сурайё мебошад. Ӯ аз хонаводаи сарояндахез аст. Бештар тарафи модарии Шабнам ҳунари хонандагӣ ва шуҳрат ёфтанро доранд. Шабнам овозхониро аз модараш - Сурайё Қосимова, ки примадонаи тоҷикаш ҳам мегӯянд ба мерос гирифтааст. Як хоҳари вай – Фарзона ҳам дар шоу-бизнес мақоми намоёнеро соҳиб аст.

Шабнами Сурайё ҳоло дар раддаи аввали овозхонҳои попи тоҷик мақом дорад. Ӯ дар саҳнаҳои хурду бузурги Русияву Амрикову Аврупо ҳунарнамоӣ кардааст. Клипҳояш гаронбаҳоянд ва дар тӯю маъракаҳои хурсандӣ низ ҳаққи хизматаш кам нест. Беҳрӯз Зеваров дар китоби “Асрори шоу бизнеси тоҷик” (соли 2012) Шабнами Сурайёро дар қатори панҷ овозхоне навиштааст, ки ҳаққи хизматашон барои иштирок дар як чорабинии то 60-дақиқаӣ (Душанбе ва наздиктарини навоҳии тобеи ҷумҳурӣ) аз 2000 доллар бештар аст. Аммо ахиран як нафари огаҳ гуфт, Шабнам барои як соати баромад дар шаҳри Душанбе 7 ҳазор доллар хостааст.

Шабнами Тоҷиддин. Ӯ ҳам аз хонаводаи санъаткор аст. Падараш, марҳум Тоҷиддин Муҳиддинов яке аз ситораҳои дурахшони эстрадаи тоҷик буд. Шабнам пас аз марги падараш дар саҳнаи бузург муаррифӣ гардид. Дар ансамбли “Сипар”-и Вазорати корҳои дохилӣ кор мекунад. Дар китоби “Асрори шоу бизнеси тоҷик” ҳаққи хизмати ӯ аз 1000 то 2000 доллар (барои иштирок дар як чорабинӣ то 60 дақиқаи корӣ (Душанбе ва наздиктарини навоҳии тобеи ҷумҳурӣ) гуфта мешавад.

Ва Шабнами Собирӣ. Ӯро қаблан ба сифати “қаҳрамон”-и клипҳои сарояндаҳои дигар дидан мумкин буд. Ҳоло ба сифати овозхон маъруф аст. Огоҳони шоу-бизнес мегӯянд, кори муаррифии ӯ ба дасти Мансур Неъматов, маъруф ба DJ Aladdin аст. Дар бештари клипҳои Шабнам “марди орзӯҳо”-яш маҳз Мансур мебошад. Шабнами Шамс ҳам ҳаст. Аммо ҳоло ба саҳнаҳои бузург роҳ наёфтааст.

Аз Фирӯзаҳо ду-то дорем. Фирӯза Ҳафизова ва Фирӯза Алифова. Дуюмӣ замоне хеле муваффақ буд, аммо чанд соли ахир тарки хонандагӣ кардааст. Аввалӣ ҳоло ҳам месарояд. Фирӯза Ҳафизова аз раққосаӣ ба овозхонӣ омад. “Аз хурдӣ рақсро дӯст медоштам. Соли 1999 ба Душанбе омада, то соли 2007 дар ансамбли “Ҷаҳоноро” рақс кардам. Дидам ки дар овозхонӣ ҳам мешавад машҳур шуда ва сароянда шудам”,-гуфтааст дар як мусоҳибааш. Ва сарояндагӣ воқеан ба ӯ шуҳрат овард (бешак, таҷрибаи раққосагияш ҳам бенақш нест).

Таҳминаҳо ҳам ду нафаранд. Таҳмина Рамазонова солисти гуруҳи “Авесто” мебошад. Ӯро натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои хориҷ ҳам эҳтиром мекунанд. Иштирокчии озмунҳои байналмилалии мусиқии ҷаз дар Бишкек буд ва соли 2011 бо пирӯзӣ ба ватан баргашт. Таҳмина садои марғуладор ва сабки хоси таронасароӣ дорад ва гуфта мешавад маҳз ҳамин вижагӣ ӯро маъруфу маҳбуб кардааст.

Таҳминаи дуюм Ниёзова насаб дорад. Номи ӯ замоне, ки 19 сол дошту дар озмуни сурудҳои эстрадии “5 ситора. Интервидение” барандаи шоҳҷоиза гардид (соли 2008), ба шуҳрат печид. Вай набераи шашмақомхонони варзидаи тоҷик Боймуҳаммад Ниёзов мебошад. Фориғутаҳсили Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар бахши журналистика ҳаст. Иштирокчии чанд озмуни мусиқӣ, бо шумули “Бозори славянӣ” дар Белорусия мебошад. Бештар бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ тарона иҷро мекунад.

Миёни баъзеҳо то ҳамномӣ ҳамагӣ як ҳарф фосила аст: Парвин (Юсуфӣ) ва Парвина (Шукруллоева). Онҳо на дар мусиқӣ ва на дар шеваи таронахонӣ бо ҳам шабоҳат надоранд, аммо ҳар яке дар мақоми худ ҳаводор ва мухлис дорад.

Дар миёни ҷинсҳои латифи ҳамном метавон боз аз Бунафшаҳо - Шокирова, Муқимова, Раҷабова, Фарзонаи Хуршеду Фарзонаи Файз, Сурайё Қосимоваю Сурайё Мирзоева, Миҷгона Ҳакимоваю Миҷгонаи Мирзо ном гирифт.

Дар миёни мардҳо ҳам ҳамномҳоро ёфтан мумкин аст. Агар Рустамҳои муваффақро ҳисоб кунем танҳо се ангушти дастамон хам мешавад: Рустами Нур, Рустам Исоев ва Рустами Сарбандӣ. Рустами Нурро маҳорати “актёрияш”, Исоевро таронаи “Як лаҳза” ва Сарбандиро суруди “Сарвиноз” маъруф кард. Рустами якум ҳоло ҳам “по”-и шуҳратро сахт доштааст, аммо дуи дигар онро ба зудӣ сар доданд. Рустами Нурро гоҳе дар Мисру Амрико ва гоҳе миёни духтарон дар Ҳиндустон дидан мумкин аст.

Суҳроби Маҳмуду Суҳроб Отаев (Суҳроби Сафарзод ҳам ин феҳрастро комил мекард, ки 10 декабари соли 2010 даргузашт), Далер Назарову Далери Хайриддин, Файзалӣ Фозилову Файзалӣ Ҳасан, Қурбоналӣ Абдуллоеву Қурбоналӣ Раҳмон Олими Маҳмуду Олими Ҷуъмахон ҳамноманд.

Ҳамнасабҳо низ дар шоу-бизнес ангуштшуморанд. Албатта, онҳое, ки бо ҳам хешу табор нестанд. Дар ин феҳраст метавон аз Манижа, Ғунчагул ва Ҳабиба Давлатоваҳо, Ҳабибу Фирӯз Ҳакимовҳо, Фарзона ва Фаридуни Хуршед ном гирифт.

Миёни ҳамном ё ҳамнасабҳо ду нафари аз нигоҳи хислат, рафтору гуфтор шабеҳро ёфтан душвор аст. Шеваи хонандагии онҳо низ аз ҳам тафовут дорад, ҳарчанд ин тафовут андак аст.
Мӯҳр
Апаи Сурайё Худочон ах пир нашавед. Шод бошу дер зй! Набераи хакикии Бобой (Мир Сайид Алии Хамадонй).
... Дар ду олам нест моро бо касе гарди губор,
Хар кй моро ранча дорад, рохаташ бисёр бод.

Об-бо мавзуъ ёфтаи, хамин хофизахои гушхарошат ба 1 дирам намеарзанд, як бор чашмата кушода ба олами мусикии чахон нигар. истикло ба мо як сароянда додааст ин хам Манижа! ки сабки худро дорад ва дар асл чахониаст

Р
дуруя, рост гуфти. Хамаи инхо дар як палаи тарозу, Манижа дар дигараш. Боз хам уарафи Манижа вазнини мекунад.

кош сафашон камтар мебуд, аз сарояндада лаки бисёр гаштааст..............

на ход як сарояндае, ки ба чомеа зарар хасту фоида не, ба як олими бузрг (авлиё) баробар созед.... Астагфируллох

Манижаро аз ёд набароред! Вай дар дилу дидаи мардум макоми худро дорад ! Ба бахти ошикони асил ситорае пайдо гашта буд, вале нотавонбинон корашонро карданд

dado
хамащон бо таронахои дузди ном бароварданд - дузди аз афгонхову иронихо

А.
"Озодагон" барои чи дар бораи Манижа ягон чизеро чоп намекуни.
Манижа сарояндаи аз хама бехтарини-бехтарин овози бенихояд форам, дилнишин, дилкаш ва зебо дорад.Вакте,ки суруди "Бехуда хорамро..."гуш мекунам тамоми баданамро ларза зер мекунад. Хам аз матни сухан ва хам аз овози дилкан.
Манижа- мо туро хеч вакт фаромуш намекуен.

Мушохидакор-Москав
Дустони арчманд ба назрам инчо муаллиф касеро васф накардааст як бор дурусттар хонед, инчо гап сари хамномон меравад. Агар сари масъалаи овозхонхо гуем хар як кадомаш сабку услуби худро дорад ва наметавонем якеро ба дигаре мукоиса кунем. Агар сари масълаи Шабнами С. оем имруз хох кабул кунед ё не вале дар хоричи кишвар номи у вирди забонхост, таваччух кунед дар консертхояш хам (гарчанде нархи гарон дорад) хаводорони таронахояш зиёд мушохида мешавад. Мардум мешиносандаш. Рост аст ки таври либоспушии у хоси точикон нест, аммо у хунарманди муосир аст. Як бор хунармандони Эронро бубинед, либоспушию пешниходи клипхояшонро, аз Шабнам бадтар либос мепушанд... Шояд ба касе ин хуш намояд, вале хохем ё нахохем мардум ба у зиёд таваччух доранд. Мо бояд аз андешахои манфи дида хуб мешуд мусбаташро фикр кунем, хунармандонро (албатта на хамааш арзандаи инанд) дастгирии маънави кунем, Манижа дар санъати точик мавкеи хосса дошт, лек имруз бо сабабхои гуногун дар сахнаи хунар нест, ин хости худи уст касе ба ин монеа буда наметонад. Агар баргардад хело хуб, аз ин хама шод. Бояд мо вокеъбинона назар кунем на .....
Аз руи мушохидахоям Махбуби Ганчали дар тахияи матлабхо дар мавзуи шоу бизнеси точик мутахассис аст, пас мавзухои тахиянамудааш низ хадафрасанд. Баъзе матлабхояш дар олами мусики тахлили хуб дорад, агар чунин тахлилхои мусики дар тв-хо хам мешуд албатта боиси дастгири мешуд. Чаноби М. Ганчали "ТАК НАДО ДЕРЖАТЬ" !!!

Амир
Бемаънитарин маводи Озодагон! Аз ин навиштанхо Махбубаи Г. чй мехохад ба фикрам худаш хам намедонад. Хай ну и что ки онхо хамноманд, яке машхурасту дигаре на, яке дар кучо асту дигаре дар кучо?????

Салом хамватанони мехрубон. Ман бисере аз хамин сарояндахои точикро мутолиа кардаму аз кору бору зиндагиву эчодиетшона пайгири кардам ман дар бораи сарояндахои занхоро дар назар дорам бовар кунед мо халки точик дар замони шурави чанд нафаре ки овозхони зан доштем хамуно хакики овозхонан кадоме дар замони истиклолият овозхон шидиян ягонтои инхо овозхони хакики самими нестанд хамаш барои тез сохиби хонаю мошину сару либос шудан ба ин сахнаи точик рох пайдо кардагиянд имрузхо бовар кунед дунеда одами бекор ки на санату на санаткора мефахмидаги хело бисеранд барои хамон хамин санаткорхои бе мани бе сифат бисер шудааст ин овозхонхои бе овоз фикр мекунанд ки хело мардум аз овозхонии инхо рохат мекунанд баракс хело норохат мешаванд вале аз бекориву вакт гузарони дига чора нест ва ягон даре нест ки ба дарди мардум ба овози мардум гуш диханд боз ба хамин овозхонхои бе овоза гуш карда сурудхои дуздидаи аз дигар сарояндахора ба мардум пешкаш карда шарм надошта у тарафаш артискада.!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Сентябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)